ЭЪТИРОФИ МИЛЛАТ
Беш аз 200 давлати ҷаҳонро маҳз тавассути парчамашон эътироф мекунанд, зеро ин рамзи муқаддас муаррифии ҷумҳуриҳои мустақил, аз ҷумла миллати тоҷик ва давлатдории он дар арсаи олам мебошад.
Пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ 9-уми сентябри соли 1991 ва баъд аз панҷ моҳ ҳамчун кишвари мустақил узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид гардидан Тоҷикистон Парчами давлатии худро надошт. Яъне, узвият ба СММ дар ҳоле сурат гирифт, ки Парчами нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқи худро наёфта буд.
Вақте маросими ботантанаи узвият ба СММ 2-юми марти соли 1992 бо бардоштани парчами кишварҳои Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдавия, Сан-Марино, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон дар бинои Созмон оғоз шуд, барои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон бо далели қабул нашудани парчами нав, парчами ҶШС Қазоқистон, ҶШС Қирғизистон, ҶШС Тоҷикистон ва ҶШС Туркманистон бардошта шуд.
Ниҳоят, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 қабул ва он яке аз рамзҳои муҳими давлатдории муосири мо, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои миллати тоҷик гардид. Ба таъбири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ, яъне замоне ки мардуми мо ба эъмори давлати навини худ шуруъ намуданд, Парчами давлати тозаистиқлоламон барои шинохти асолати миллӣ, эҳёи суннатҳои давлатдорӣ ва сарҷамъу муттаҳид кардани кулли сокинони мамлакат нақши бағоят арзишманд бозид.
Воқеан, Парчами давлатӣ барои мо нишонаи бақои давлату миллат, беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи хештаншиносӣ ва ифтихор аз арзишҳои таърихию фарҳангии гузаштаи халқамон мебошад.
Ваҳҳобиддин БОБИЕВ,
директори МТМУ №12-и шаҳри Ваҳдат
ба номи Боймурод Алиев
