24 НОЯБР. РАМЗИ ИФТИХОРУ ШАРАФ
Ҳамасола бо наздикшавии Рӯзи Парчами давлатӣ маро як эҳсосу ҳаяҷони аҷибе фаро мегирад, зеро дар ин рӯзҳо Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1992 дар Қасри Арбоб доир гашта, парчами нави кишвар аз ҷониби вакилони халқ пазируфта шуд. Дар он айём ман ба ҳайси хабарнигори парлумонии Радиои "Тоҷикистон" ҷараёни кори Иҷлосияро инъикос мекардам.
Дар рӯзномаи рӯзи нуҳуми кори Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ яке аз масъалаҳои муҳиму баррасишаванда, ин қабули парчами милливу рамзи давлатӣ маҳсуб меёфт, ки хеле бо шӯру ҳаяҷон ҷараён гирифт. Давлати соҳибистиқлол эълон шудани Тоҷикистон акнун тақозо мекард, ки ҳамчун як субъекти мустақили ҷаҳонӣ соҳиби парчаму рамзи худ бошад. Аз ин хотир, вакилони халқ талош варзиданд бояд парчаму нишони давлатие қабул шавад, ки дар ростои таърихи соҳибистиқлоливу давлатдорӣ боиси шукӯҳу манзалат ифтихору сарфарозӣ бошад. Дар баробари вакилони халқ дар баррасии масъалаи мазкур олимону адибон, муаррихони машҳури кишвар, аз қабили Муҳаммад Осимӣ, Раҳим Масов, Мӯъмин Қаноат ва дигарон фаъолона ширкат варзида, бо овардани мисолҳо аз таърихи давлатдории гузаштаи миллати тамаддунсози тоҷик, аз мақоми арзандаи парчам дар соҳибдавлатии ҳар халқу миллат ва бо садҳо шарҳу эзоҳ дар ниҳояти кор ҳамин Парчами давлатии Тоҷикистонро пазируфтанд.
Инак, се даҳсола зиёд мешавад, ки ин Парчами давлатӣ бо партавфишониву амвоҷу алвонҷзанияш халқи тоҷик, давлати Тоҷикистони озоду обод, демокративу ҳуқуқбунёдро дар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, ҳамоишҳои сатҳи бонуфузи байналмилалӣ, чорабиниҳои варзишии ҷаҳон, симпозиму конфронс ва дигар намояндагии кишвари Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад. Имрӯз, парчам рамзи шодиву ифтихор ва нангу номуси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Бо назардошти доро будан ба чунин аҳамияти сиёсӣ имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон қариб, ки дар ҳама манотиқи кишвар, ҷамоату шаҳрак, шаҳрҳои ҷумҳурӣ партавфишонӣ дошта, аҳолӣ, хоссатан насли наврас, ҷавононро дар руҳияи нангу номуси миллӣ, мояи ифтихор аз давлатдориву шукри соҳибистиқлолӣ тарбия мекунад.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
