ВАҚТЕ КИ ПАРЧАМИ МО ДАР ХОРИҶИ КИШВАР ПАРАФШОН АСТ

24 ноябр 2025, Душанбе
30


Вуҷуди парчам дар баробари Нишони давлативу Суруди миллӣ яке аз муҳимтарин нишонаҳои ватандорист, ки давлату миллатро дар саросари олам муаррифӣ мекунанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳои хеш ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ хеле бамаврид таъкид доштаанд: “Парчами миллӣ, ки ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангсолори мо мебошад, ормону орзу ва мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос кардааст”.


Шукри истиқлолу озодӣ мекунем, ки Парчами давлатии мо дар қатори дигар кишварҳои олам ба унвони рамзи эътирофи давлати тоҷикон аз сӯйи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар назди бинои Созмони Милали Муттаҳид парфишонӣ намуда, ифтихори мо сокинони шарафмандашро боз ҳам боло мебарад. Соли савум аст, ки дар шаҳри Манчестери кишвари Британияи Кабир таҳсил мекунам. Ҳамасола бо ибтикори Сафорати кишвари азизамон дар ин мамлакат чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, фарҳангӣ, маърифатӣ баргузор мегарданд ва моро ба шаҳри Лондон даъват мекунанд, то бо сарфарозӣ ва ифтихори баланди миллӣ дар ин маҷлису маҳфилҳои муаррифгари давлат ва миллат ширкат варзем. Пеш аз ҳама, парфишонии Парчами давлатӣ дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ба мо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ ато менамояд, зеро дар ин мамлакати бузурги ҷаҳонӣ парфишонии Парчами давлатӣ баробари муаррифии давлати соҳибистиқлол ифтихори ватандории ҷавононеро, ки он ҷо таҳсил менамоянд, афзун мегардонад. Маҳз, дар чунин кишварҳои олам ҷило додани Парчами давлатӣ ба таъбири Пешвои миллат баёнгари он аст, ки “воқеан, дар ҷаҳони муосир соҳиби Парчами миллӣ будан яке аз рамзҳои асоситарини истиқлолу озодӣ ва давлатдории мустақил мебошад”.
Мо, ҷавонони тоҷик дар ҳар чорабиние, ки бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвари пешрафтаи ҷаҳон баргузор мегардад, кӯшиш мекунем, ки дар навбати аввал ин рамзи муқаддаси давлатиро ҳамроҳи худ дошта бошем. Либосҳои миллии тоҷикиро ба бар намуда, парчами ифтихор аз ватандориро баланд бардорем. Вақте соли аввали таҳсил ба ин кишвар сафар намудам, дар ҷараёни таҳсил пайваста кӯшиш ба харҷ медодам, то таҳсили хуб дошта бошам, чун ба таъкиди пайвастаи Пешвои муаззами миллат мо, ҷавонон дар баробари донишҷӯ ва шаҳрванди Тоҷикистон будан, намояндаи ин давлат ва ин миллат ҳастему дар як вақт ин миллату ин давлатро муаррифӣ мекунем. Ҳамсабақон ва шаҳрвандони кишвари мазкур дар симои мо тоҷикону Тоҷикистонро мешиносанд. Вақте таҳсилро дар Донишгоҳи Салфорд идома додам, маълум шуд, ки ман аввалин донишҷӯ аз Тоҷикистон будаам, ки дар ин боргоҳи маърифати аврупоӣ таҳсил мекунам. Ин низ масъулияти ватандорӣ ва шаҳрвандии маро дучанд гардонд. Ҳоло Парчами давлатӣ ҳамеша ҳамроҳи ман аст ва дар ҳар маросиму чорабаниҳои Донишгоҳ бо худ мебарам. Тоқиву либоси миллии тоҷикӣ ба сару ба бар мекунам, ки ифтихори тоҷик будани маро меафзояд.
Дар шаҳрҳои дигари Англия, ки донишҷӯёни зиёди тоҷик таҳсил мекунанд, ҳамин муҳаббат ва эҳсоси ватандорӣ мушоҳида мегардад, зеро имрӯз ҷавонони ватандӯсти тоҷик чун пайравони асили Пешвои миллат мекӯшанд, ки фарҳанг ва арзишҳои миллии хешро ҳифз ва тарғиб намоянд.


Анушервон НУРАЛӢ, донишҷӯйи Донишгоҳи Салфорди шаҳри Манчестери Британияи Кабир тавассути Стипендияи байналмилалии президентии “Дурахшандагон”

Санаи нашр: 24.11.2025 №: 224