ҲУМОИ БАХТИ МИЛЛАТ ДАР КАФИ ПЕШВОСТ

24 ноябр 2025, Душанбе
30

Эй Ҳумои бахти мо, иқболи мо,
Мурғи зарринболи истиқлоли мо.
Зарфишону фарраманду парфишон,
Бар сари мо шаҳпару шаҳболи мо.


Ихтиёру иқтидору ифтихор,
Устувои устувору пойдор.
Шаҳпари ту парчами озодагон,
Сурху сабз асту сафеду бахтёр.


Зеби дунё, зеби гардун будаӣ,
Тоҷи Ҷамшеду Фаредун будаӣ.
Фарру шаъну шавкати Сомониён,
Ҷони мо, бе чанду бе чун будаӣ.


Тоҷу тахти Ориёни бостон,
Тахту бахти давлати Сомониён.
Омадӣ то Ориёнои ҷавон,
Марҳабо, сад марҳабо, то ҷовидон.


Обу дону донаи ту ваҳдат аст,
Парваришат ормони миллат аст.
Ҷони ширин дода ҳифзат мекунем,
Ин шиори марди соҳибҳиммат аст.


Ошёнат ёфтӣ, эй хушгуҳар,
Дар кафи дасти Таҳамтан Роҳбар.
Пешкору пешвои кишварам,
Ҷонфишони бахти авлоди башар.


Ҷон ба каф ӯ вориди пайкор шуд,
Дар баҳои ҷон музаффарёр шуд.
Бо силоҳи ишқи сӯзони Ватан,
Қаҳрамони сулҳи нотакрор шуд.


Пешво гуфто: саодат ваҳдат аст,
Ин саодат шаҳсутуни миллат аст.
Пояи пӯлоди истиқлолият,
Ваҳдат асту ваҳдат асту ваҳдат аст.


Шаҳсавор омад ба майдон Пешво,
Дар кафи дасташ Ҳумои бахти мо.
Мурғи истиқлоли мо, иқболи мо,
Ҷовидон бодо, Ҳумову Пешво.


Назри ЯЗДОНӢ,
Шоири халқии Тоҷикистон

Санаи нашр: 24.11.2025 №: 224