НИШОНИ БАҚОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

24 ноябр 2025, Душанбе
26


Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.
Эмомалӣ РАҲМОН


Парчамдории миллати мо таърихи қадима дорад. Аз ибтидои тамаддуни башарӣ гузаштагони мо соҳиби рамзу нишони худ буданд. Ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим парчам рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу ифтихор ва нангу номуси миллати мо буд. Бозёфтҳои таърихӣ, ҳафриёту навиштаҷот ва деворнигораҳои гуногун, ки то замони мо ба мерос расидаанд, далели ҳамин гуфтаҳост.
Дар таърих ва фарҳанги миллати тоҷик мутафаккирону адибони зиёде доир ба пайдоиши парчам ишора кардаанд, ки муҳимтарини онҳо Абулқосим Фирдавсӣ мебошад. Ин мутафаккири барҷастаи тоҷик пайдоиши парчамро ба муборизаи Коваи оҳангар алайҳи зулму истибдод ва таъмини адолату зиндагии осоишта мансуб медонад. Дар «Шоҳнома»-и безаволаш, ки яке аз асарҳои ватандӯстию мардонагист, Фирдавсӣ доир ба муборизаи Коваи оҳангар ва қаҳрамониву ватандӯстии ӯ маълумоти муфассал додааст. Яъне, Коваи оҳангар пешдомани чармини худро дирафш карда, мардуми ситамдидаро барои мубориза даъват намуд ва халқ низ зери он дирафш ҷамъ омаданд. Кова шӯришгаронро ба назди Фаридун, ки вориси қонунии сулолаи Пешдодиён буд, овард ва Фаридун дирафшро бо 4 ситораи тилло, сангҳои қиматбаҳо, лентаҳои сурху зард ва бунафш оро дода, номашро Дирафши ковиёнӣ гузошт. Аз ҳамон замон сар карда, парчам ҳамчун рамзи давлатдорӣ миёни аҷдодони мо қабул гардид.
Дар даврони Иттиҳоди Шуравӣ, дар баробари Парчами шуравӣ, Парчами Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон низ парафшон буд. Баъди барҳам хӯрдани ин Иттиҳод ҳар як ҷумҳурии аъзои онро мебоист, ки парчами ягонаи худро қабул кунанд. Ҳамин буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тоза соҳиби истиқлоли давлатӣ гардида буд, дар Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 парчами ягонаи худро қабул кард. Он яке аз рамзҳои муҳими давлатдории муосири мо, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои миллати тоҷик гардид.
Дарвоқеъ, Парчами давлатӣ барои мо нишони бақои давлату миллат, беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи хештаншиносӣ ва ифтихор аз арзишҳои таърихию фарҳангии гузаштаи миллатамон мебошад. Аз ин рӯ, ҳар фарди равшанзамири ин диёри биҳиштосоро зарур аст, ки нисбат ба рамзҳои давлатӣ, бахусус, Парчами давлатӣ, эҳтироми зиёд дошта бошанд.


Дилшод САИДЗОДА, судяи суди вилояти Хатлон

Санаи нашр: 24.11.2025 №: 224