Тасдиқи Протоколи Шартнома дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатӣ
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон Протоколи табодули санад дар бораи тасдиқи Шартномаи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатиро ба имзо расонданд.
Таъкид шуд, ки ин иқдом натиҷаи муколамаи созанда, эътимоди тарафайн ва ҷонибдории умумии давлатҳо ба таҳкими сулҳу субот ва ҳамраъйӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст.
Ҳамоиши идона ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ
24-уми ноябр дар шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона баргузор гардид.
Дар он зиёда аз 20 ҳазор нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо, варзишгарон ва донишҷӯён иштирок намуданд. Чунин чорабиниҳо дар шаҳрҳои Хоруғ, Бохтар, Хуҷанд, дигар шаҳру навоҳӣ ва ташкилоту муассисаҳо низ доир гаштанд.
Форуми сеюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак доир гашт
24-уми ноябр дар шаҳри Душанбе, бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии кӯдакон, Форуми сеюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак баргузор гардид, ки дар он муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ иштирок намуд.
Зикр шуд, ки эҳтиром, риоя, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи кӯдак яке аз воситаҳои муҳими таъмини генофонди миллӣ, бехатарии давлат ва рушди ҷомеа буда, дар маркази таваҷҷуҳ ва сиёсати инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Иттилоъ дода шуд, ки Тоҷикистон яке аз давлатҳои ҷавон ба ҳисоб рафта, имрӯз беш аз 41,4 фоизи сокинони мамлакатро кӯдакону наврасон ташкил медиҳад.
Конференсия доир ба нақши зеҳни сунъӣ дар технологияи иттилоотӣ ва рақамӣ
Дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар доираи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020 – 2040), дар мавзуи «Зеҳни сунъӣ – таҳкимбахши фарҳанги истифодаи технологияи иттилоотӣ ва рақамӣ» конференсия баргузор гардид.
Мавзуъҳои «Зеҳни сунъӣ – муҳаррики инқилоби рақамӣ ва инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Истифодаи самараноки зеҳни сунъӣ – яке аз воситаҳои рушди тафаккури эҷодии хонандагон», «Тақвияти фарҳанги истифодаи зеҳни сунъӣ дар байни хонандагон», «Истифодаи платформаҳо – барномаҳои зеҳни сунъӣ дар раванди таълим» ва «Таъсири зеҳни сунъӣ – омили баланд бардоштани савияи дониши хонандагон» муҳокима шуданд.
Баррасии ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Чин
Дар мулоқоти роҳбари Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» бо ду гурӯҳи сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин имконоти мавҷудаи сармоягузорӣ, инфрасохтори рушдёбанда ва маҷмуи дастгирию имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати Тоҷикистон ба сармоягузорони хориҷӣ муҳокима гардид.
Дар вохӯрӣ самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, технологияҳои муосир ва сайёҳӣ, баррасӣ ва ба сармоягузорон имконияти воқеии иқтисодии мамлакат муфассал шарҳ дода шуд.
Оғози сохтмони Боғи фарҳангу фароғати "Дуои модар"
Дар баробари бунёди хонаҳои баландошёна ва корхонаҳои саноатӣ ба ифтихори таҷлили сазовор аз Ҷашни муқаддаси миллӣ –
35-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар маҳаллаи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ сохтмони Боғи фарҳангу фароғати "Дуои модар" оғоз ёфт.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот бо лоиҳаи бунёди боғ шинос шуд. Тавре иттилоъ дода мешавад, корҳои сохтмонӣ моҳи августи соли 2026 ба анҷом хоҳанд расид.
Кӯлоб: ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ зиёд гардид
Дар нуҳ моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Кӯлоб 382 миллиону 679,5 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26 миллиону 409,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Айни замон, кишоварзони шаҳр аз тамоми техникаи мавҷуда истифода бурда, ба маъракаи шудгору кишти тирамоҳӣ вусъат бахшидаанд. Онҳо мақсад доранд, ки рӯзҳои наздик нақшаи кишти тирамоҳиро ба анҷом расонанд.
