ПАНҶ. ПАХТАКОРОНИ НОҲИЯ БЕШ АЗ 13 000 ТОННА ПАХТА ХИРМАН ДОРАНД
Дар ин бора ба хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” Рустамшо Ҷаҳонгир, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ дод.
Хирмани аз аввали мавсим оростаи пахтакорони панҷӣ, ки аз пешрафти соҳа мужда дода, онҳоро ба ояндаи дурахшони ин ҷода умедвор месозад.
Бо ин мақсад, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба муборакбодии пахтакорони ноҳияи Панҷ рафта, ба роҳбарони як қатор хоҷагиҳои деҳқонӣ туҳфаҳои хотиравӣ супурда, зимни суханронӣ ҷиҳати иҷрои дурнамои истеҳсолии пахта изҳори сипосу миннадорӣ намуданд.
Соли равон кишоварзони хатлонӣ дар майдони 108 265 гектар пахта кошта, аз аввали мавсим то 18-уми ноябр қариб 258 ҳазор тонна ҳосили “тиллои сафед”-ро ғун доштаанд. Ин нишондод дар муқоиса ба соли сипаришуда 11 0415 тонна бештар мебошад.
– Умуман, мавсими имсола барои кишоварзон бобарор омад. Баъдан, риояи сад дарсади усулҳои парвариши ниҳолҳои пахта, коркарди саривақтиву обмонӣ, озуқадиҳии мутобиқ ба талаботи агротехникӣ ва омили дигари фаровонҳосилӣ– чеканка шароит фароҳам овард, ки ҳосили дилхоҳу фаровон рӯёнда шавад, – иброз доштанд саркори хоҷагии деҳқонии “Наврӯзҷон”-и ноҳияи Шаҳритус Абдусаттор Раҳимов ва иҷоракори замин аз ноҳияи Қубодиён Ҷӯрамурод Бобоқулов.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
