СУҒД. РУШДУ ПЕШРАФТ АЗ ТАТБИҚИ ХОСТАҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСТ

25 ноябр 2025, Сешанбе
53


Бардоштҳои мардум аз сафари Сарвари давлат
Сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии кишвар ҳамеша паёми иқдомҳои нав, бунёдкориҳои созанда ва ба истифода додани иншооти муҳимро дар пай дорад.
Баъди анҷоми сафари кории навбатӣ ба вилояти Суғд хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо чанде аз сокинони вилоят ҳамсуҳбат ва аз назару таассуроти онҳо дар бораи иқдомҳои пешгирифтаи Сарвари давлат пурсон шуд, ки фишурдаи онро манзури хонандагон месозем.
Фирӯза Шерматова, раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом:
– Сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд бароям ҳамчун як фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамеша рӯйдоди муҳиму фараҳбахш аст. Ҳар мулоқот, суҳбатҳои самимӣ бо аҳолӣ, ифтитоҳи иншоот дар сафарҳои кории Пешвои муаззами мо собит месозад, ки ҳар қадами роҳбарияти давлат ба сӯйи рушд, ободонӣ ва беҳбудии зиндагии мардум равона шудааст.
Дар миёни ин ҳама корҳои созандагӣ, ба истифода дода шудани биноҳои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру навоҳии вилоят боз ҳам хушҳолкунанда аст. Аз ҷумла, дар сафари навбатӣ бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба истифода дода шуд. Ин иқдом нишон медиҳад, ки Пешвои миллат ба фаъолияти сиёсии ҳизб, ба тарбияи сиёсӣ ва маърифати шаҳрвандӣ таваҷҷуҳи хосса доранд.
Ман бо ифтихор мегӯям, ки чунин биноҳои замонавӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд имконият медиҳанд, ки фаъолияти ҳизбӣ боз ҳам муназзамтар, муассиртар ва мутобиқ ба талаботи рӯз ба роҳ монда шавад. Бинои нав маркази ҳамоиши ҷавонон, тарғиби беҳтари маданит дар ҷомеа, баргузории мулоқоту нишастҳо ва ташкили чорабиниҳои тарғиботиву маърифатист. Ин дастгириҳо мо, фаъолони ҲХДТ-ро, водор месозад, ки масъулиятшиносиву ташаббусҳои худро бештар намуда, дар иҷрои барномаҳои давлатӣ ва ҳизбӣ саҳми арзанда гузорем.


Қайюм Шарифов, муассиси Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Мафтуна» дар шаҳри Истаравшан:
– Ҳар сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии кишвар бо худ ободкориҳо, созандагиҳои нав ва иқдомҳои наҷиб меорад. Дар доираи сафари навбатии Сарвари давлат ба вилояти Суғд ва ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Истаравшан 28 иншооти таъиноти гуногун бо беш аз 250 ҷойи нави кор мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Ман, ҳамчун табиб ва ҳамсару духтарам, ки омӯзгор ҳастанд, ҳамеша бо эҳтиром ва таваҷҷуҳ паёмҳои Пешвои миллатро мутолаа менамоем. Дар Паёми Президенти мамлакат моҳи декабри соли 2024 махсус таъкид гардида буд, ки дар ҳар маҳале, ки зиёда аз 100 оила зиндагӣ мекунад, бунёди як муассисаи томактабӣ зарур мебошад. Ин пешниҳоди ватандӯстона ва ғамхоронаи Пешвои миллат моро водор сохт, ки саҳми амалӣ дар рушди маориф гузошта, дар деҳаи худ як кӯдакистони муосир бунёд намоем.
Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Мафтуна», ки дар деҳаи Якатоли деҳоти Сабристон таъсис ёфтааст, аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 150 кӯдак пешбинӣ шудааст. Бо ба фаъолият оғоз кардани ин Муассиса 18 нафар сокини деҳа бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид. Омӯзиш дар кӯдакистон бо ду забон – тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст ва нақша дорем, ки дар оянда таълим бо забони англисӣ низ ҷорӣ гардад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо садоқат ва меҳри бемисли худ нисбат ба давлату миллат барои ҳар як шаҳрванд сарчашмаи ибрат мебошанд. Ҳидояту дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат моро ба созандагӣ, ватандӯстӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафти ҷомеа раҳнамун месозанд.


Фароғат Назарова, омӯзгори МТМУ №14-и ноҳияи Ҷаббор Расулов:
– Ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд барои кормандони соҳаи маориф рӯйдоди муҳим ва илҳомбахш гардид. Зимни сафари корӣ ба вилоят дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба таври фосилавӣ шаш иншооти истеҳсолӣ ва хизматрасониро ба истифода доданд. Ин иқдомҳо ба рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳия такони ҷиддӣ мебахшанд. Аз миёни иншооти ба истифода супурдашуда, бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷаббор Расулов мавқеи махсус дорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи ин бино таъкид карданд, ки рушди соҳаи маориф яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат мебошад.
Ба истифода додани ин бино, инчунин, дигар иншооти нав, боз як далели ғамхории пайвастаи роҳбарияти давлат ба сатҳи маориф ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ мебошад. Бунёди чунин иншоот имкониятҳои таълимиро васеъ месозанд ва барои устувор гардидани дастовардҳои Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ замина фароҳам меоранд. Мо, омӯзгорон, сафарҳои Пешвои миллатро ба ҳар гӯшаву канори кишвар ҳамчун иқдоми бузурги созандагӣ ва ғамхорӣ дар роҳи рушди неруи зеҳнии миллат қабул мекунем. Ин ташаббусҳои Роҳбари давлат дар пешрафти маориф ва тарбияи насли босаводи кишвар нақши муҳим хоҳанд бозид.


Сафарализода Шоҳин Бобоназарӣ, муассиси ҶДММ «Шоҳин Зарафшон» дар шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов:
– Сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ҷаббор Расулов ба мо, ҷавонон илҳому неруи тоза бахшид. Боиси ифтихору сарфарозии ҳар як ҷавони ватанпараст аст, ки Сарвари давлат пайваста аз ташаббусҳои созандаи ҷавонон истиқбол намуда, онҳоро барои саҳмгузорӣ дар рушди мамлакат ҳидоят ва дастгирӣ мекунанд.
Ман, ҳамчун яке аз ҷавонони фаъол, барои иҷрои ҳадафҳои созанда мақсад дорам, ки дар рушди саноати ватанӣ саҳми муносиб гузорам. Бо ин ният, коргоҳи пойафзол ва истеҳсоли маводи шустушӯйи ҶДММ «Шоҳин Зарафшон»-ро дар шаҳраки Меҳробод таъсис додем.
Мо, ҳайати роҳбарият ва кормандони коргоҳ, ният дорем, ки то Ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд филиалҳои навро ташкил намоем. Ин иқдом имкон медиҳад, ки даҳҳо занони хонашин бо ҷойи кори доимӣ ва маоши муносиб таъмин гардида, сатҳи зиндагии оилаҳояшон беҳтар шавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба ташаббусҳои ватандӯстонаи ҷавонон арҷгузорӣ намуда, бунёди чунин иншооти саноатиро қадами устувор дар роҳи рушди кишвар ва таҳкими некуаҳволии сокинон арзёбӣ мекунанд.


Сурайё ҲАКИМОВА,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 25.11.2025 №: 225-226