«ЗАНОН, СУЛҲ ВА АМНИЯТ»

27 ноябр 2025, Панҷшанбе
7


Муколамаи навбатии занони Осиёи Марказӣ доир гашт
Дар шаҳри Душанбе, дар доираи Муколомаи занони Осиёи Марказӣ, таҳти унвони «Занон, сулҳ ва амният» форум доир гардид. Дар он муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Бунафша Файзиддинзода, аъзои Муколамаи занони Осиёи Марказӣ иштирок намуданд.
Иштирокдорон ба нақши занони сулҳофар, саҳми онҳо дар таҳким, пойдории суботи иҷтимоӣ ва амният дар минтақа таваҷҷуҳи махсус дода, масъалаҳои таҳкими сулҳ ва амният дар Осиёи Марказиро тавассути роҳбарии занон, ҳамкории муштараки занони сулҳофар ва ҷавонон оид ба ваҳдати наслҳо, сулҳу устуворӣ ва амният, ташаббусҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи маориф, омӯзиши касбӣ ва тавсеаи имконияти иқтисодии занони паноҳҷӯро баррасӣ намуданд.
Ҳамин тариқ, раёсати Муколамаи занони Осиёи Марказӣ дар соли 2026 ба Ӯзбекистон гузашт.


Машварати сиёсӣ байни Тоҷикистону Эрон
Дар шаҳри Душанбе машварати сиёсии навбатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷӣ баргузор гардид.
Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба, раванди татбиқи мувофиқаҳои қаблан бадастомада дар сатҳи олӣ, масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштараки минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ карданд.


4 лоиҳаи Тоҷикистон аз ҷониби Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи мерос дастгирӣ ёфт
Шурои муассиси Иттиҳоди байналмилалӣ оид ба ҳифзи мерос (ALIPH) 4 лоиҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 4 лоиҳаи минтақавӣ оид ба ҳифзи мерос дар Осиёи Марказиро бо маблағи 465 000 доллари ИМА тасдиқ намуд.
Тавре Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар додааст, Иттиҳоди байналмилалӣ оид ба ҳифзи мерос соли 2017 ташкил шуда, давоми шаш сол тақрибан 550 лоиҳаро дар зиёда аз 54 кишвари ҷаҳон ба маблағи 116 миллион доллари ИМА дастгирӣ намудааст.


Конференсияи байналмилалӣ ба ифтихори 570-солагии Камолиддини Беҳзод
Дар шаҳри Душанбе бахшида ба 570-солагии мусаввири барҷастаи тоҷик Камолиддини Беҳзод Конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони «Таъсири байнифарҳангӣ дар санъати миниатюра ва нақши Камолиддини Беҳзод» баргузор шуд.
Дар он олимону муҳаққиқон аз Ӯзбекистон, Қазоқистон, Русия ва Фаронса иштирок карда, усулҳои бадеӣ ва рамзҳо дар миниатюра, таъсири Беҳзод ба мактабҳои ҳунарии Эрон ва Ҳинд, нақши миниатюраҳо дар интиқоли дониши таърихӣ ва аҳамияти ҳунари Беҳзод дар асри XXI-ро муҳокима намуданд.


Дар Рашт иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд
Бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт бунгоҳи тиббӣ дар деҳоти Ҷафр, роҳҳои байнидеҳавӣ пас аз мумфарш шудан, пули мошингузар ва майдончаи варзиш дар деҳоти Боқӣ Раҳимзода ба истифода дода шуд.
Раиси ноҳияи Рашт Зарина Идизода иқдоми хайрхоҳонаи соҳибкоронро пайравӣ ба ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номид.

Санаи нашр: 26.11.2025 №: 227