ШАҲРИ ИСТИҚЛОЛ. САЙЁҲИИ КӮҲИСТОН РӮ БА ПЕШРАФТ ДОРАД
Шаҳри Истиқлол, ки дар доманакӯҳҳои зебои мавзеи Қурама ҷойгир аст, бо манзараҳои дилфиреб ва табиати нотакрор диққати сайёҳони дохилӣ ва беруниро ҷалб менамояд. Ин минтақа аз лиҳози ҷуғрофӣ ва иқлим дорои имкониятҳои васеи рушди сайёҳии кӯҳнавардӣ, табобатӣ, фарҳангӣ ва экологӣ мебошад.
Дар партави сиёсати дурбинонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рушди соҳаи сайёҳиро яке аз самтҳои муҳими иқтисоди миллӣ арзёбӣ менамоянд, солҳои охир дар шаҳри Истиқлол низ дар ин самт иқдомҳои натиҷабахш пеш гирифта шуданд.
Яке аз чунин иқдомҳои арзишманд бунёд ва ба истифода супурдани Осорхонаи шаҳри Истиқлол бо иштироки Пешвои миллат мебошад, ки ин муассиса ба маркази ҷалби меҳмонону сайёҳон табдил ёфтааст.
Дар ин замина Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр як қатор чораҳои муҳимеро барои рушди соҳаи сайёҳӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, инчунин, тозагию зебоии муҳити зист роҳандозӣ намуд. Аз ҷумла, бо ҷалби сохторҳои дахлдор ва аҳолӣ вазъи корҳои созандагӣ, тозаву озодагӣ, кабудизоркунӣ, ташкили растаҳои ҳунармандӣ ва гӯшаҳои сайёҳӣ зери назорати доимӣ қарор доранд.
Ҳамчунин, дар доираи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Истиқлол барои солҳои 2025-2030, бунёди инфрасохтори муосири сайёҳӣ, аз ҷумла меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, нуқтаҳои хизматрасонии шафати роҳҳо ва марказҳои ҳунармандӣ дар назар дошта шудааст.
Муовини раиси шаҳр Муҳаммад Ниёззода гуфт, ки мақомоти шаҳр ба рушди сайёҳии дохилӣ таваҷҷуҳи махсус дорад, то сокинони кишвар аз имкониятҳои табиӣ ва фарҳангии шаҳри Истиқлол баҳраманд гарданд. Ин иқдом ба рушди соҳа ва ба афзоиши шуғлу даромади аҳолӣ мусоидат мекунад.
– Айни ҳол барои як қатор шаҳрвандон қитъаҳои замин ҷудо карда шудаанд, ки дар онҳо сохтмони меҳмонхонаҳои замонавӣ ва иншооти дигари сайёҳӣ идома дорад, – изҳор дошт Муҳаммад Ниёззода.
Аз аввали соли 2025 ба шаҳри Истиқлол 863 сайёҳ ташриф овардааст, ки аз ин шумора 112 нафараш сайёҳи хориҷӣ мебошад. Мусаллам аст, ки рушди устувори сайёҳӣ дар шаҳри Истиқлол ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсири мусбат мерасонад.
Шаҳри Истиқлол бо иқдомҳои созандаи Роҳбарияти давлат ва ҳукумати маҳаллӣ дар ояндаи наздик метавонад ба яке аз нуқтаҳои муҳими сайёҳии кишвар табдил ёбад.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
