АЗ ҚАРЗИ ФАРЗАНДӢ ТО ИФТИХОРИ МИЛЛӢ

27 ноябр 2025, Панҷшанбе
15

Ҳар як кишвар аз қадим нишонаҳои давлатдории худро дошту дорад, ки ин ҳамчун муқаддасот дар сохтори давлатдорӣ ба шумор меравад. Парчам ҳанӯз аз давраҳои бостон ҳамчун рамзи давлатдорӣ муқаррар шуда, мақому манзалати махсусро доро буд. Бо дидани алвонҷхӯрии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замири ҳар фарди ватандӯсту хештаншинос ҳисси ғурури миллӣ бедор мешавад.

Таърих гувоҳ аст, ки мардуми тоҷик аз замонҳои қадим барои ифодаи мавқеъ ва манзалати худ аз парчам истифода бурдааст. Ба ёд оварем асари мондагори Абулқосим Фирдавсӣ – «Шоҳнома»-ро: маҳз Коваи Оҳангар пешдомани чармии худро гирифта, аз он парчам сохт ва барои хотима гузоштан ба беадолатиҳо камар баст. Яъне, орзую омол ва хоҳишҳои башарии худро мардуми мо аз азал тавассути парчам ифода мекард.

Беҳтарин суханони баландмазмун ва воқеиро дар мавриди мақому ҷойгоҳи хоси Парчами давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошта, аз ҷумла чунин таъкид намудаанд: «Парчами имрӯзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории тоҷикон, инчунин, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад».

Парчами давлатӣ симои миллии давлатро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад. Пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами давлатӣ ин пос доштан ва ҳимояи Ватан, хонаводаву фарзандон ва таъриху суннатҳои халқу кишвари худ аст. Парафшон гардидани парчам нишони давлатдорӣ буда, аз устувории пояи ваҳдату иттиҳод ва якдилии сокинон шаҳодат медиҳад. Эҳтироми парчам эҳтиром нисбат ба миллат, таърих ва дигар муқаддасоти кишвар аст. Ҷунбиши руҳнавози парчам дилро ба ваҷд меоварад ва аз тамошои он оташи меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан фурӯзон мегардад. Барафрошта шудани парчам дар ҳар нуқтаи марзу бум далели сарбаландӣ ва шаъну шукӯҳи миллат аст. Парчам рисолати фаромиллӣ низ дорад. Ҳар гоҳе як варзишгар дар мусобиқоти ҷаҳонӣ ғолиб меояд, парчами кишвараш бар фарози осмон бо садо додани Суруди миллӣ бардошта мешавад ва дар дили ҳамватанонаш эҳсоси ғурури миллӣ тақвият меёбад.

Боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди Ватани маҳбубамон мебошад, ки маҳз бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи ноябри соли 2009 ҳамасола 24 - уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ ҷашн гирифта мешавад ва ин маъракаи муҳими сиёсӣ имрӯзҳо ба як ҷашни бошукӯҳи изҳори муҳаббату садоқат ба Ватан ва тантанаи адолату садоқат мубаддал гардидааст. Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ – ин санаи барои ҳамаи тоҷикистониён муқаддас нишони равшани эҳтироми шаҳрвандони огаҳдилу соҳибифтихори Тоҷикистон ба рамзҳои давлатӣ мебошад.

Дар тарбияи худшиносию ватандӯстии мардум, махсусан насли наврасу ҷавон, парчам нақши таъсиргузор дорад. Аз ин рӯ, дар пойтахти ҷумҳурӣ – шаҳри Душанбе манораи бузурги парчам қад афрохт, ки дар ҷаҳон назир надорад ва ба "Китоби рекордҳои Гиннесс" ворид гардидааст.

Мо – насли имрӯз бо шукргузорӣ аз истиқлолияти давлатӣ ва рушду нумӯи рӯзафзуни кишвар, бо ифтихору эҳтиром, имону эътиқоди комил ва муҳаббату садоқати тамом зери парчам якдилу якмаром гашта, барои ояндаи неку созанда ҷаҳду кӯшиши бардавом хоҳем дошт. Басо муҳим аст, ки шаҳрвандони аз нигоҳи сиёсӣ ҳушёру зирак ва аз диди ҳуқуқӣ соҳибмаърифати он намунаи волои худшиносии миллӣ ва ватанпарварию ватандӯстӣ нишон дода, ба Парчами давлатии хеш эҳтироми доимӣ дошта бошанд. Қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мост, ки барои партавфишонии Парчами давлатӣ ҳамчун муаррифгари асосии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ тамоми кӯшишу ғайрати худро сарф намоем. Парчами давлатиро, ки рамзи истиқлолу озодӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандориву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллӣ мебошад, эҳтиром ва қадр намоем. Барои эъмори ҷомеаи аз ҳама ҷиҳат пешрафта, ки нишонаи асосии он дар баробари дигар нишондиҳандаҳо партавафшонии Парчами давлатӣ аст, саҳми худро гузорем.


Насриддин АШУРОВ,

омӯзгори МТМУ № 11-и

ноҳияи Данғара

Санаи нашр: 26.11.2025 №: 227