МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ВЛАДИМИР ПУТИН

01 декабр 2025, Душанбе
27


Дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар шаҳри Бишкек Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ гардид. Бо қаноатмандӣ гуфта шуд, ки ҳамкории Тоҷикистону Россия дар заминаи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ мунтазам рушд меёбад.
Таваҷҷуҳи зиёд ба таҳкими ҳамкорӣ дар муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, мисли терроризму экстремизм ва ҷиноятҳои фаромарзии вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ, зоҳир гашт.
Зарурати густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва робитаҳои миёни минтақаҳои ду кишвар низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Аҳамияти тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, фарҳанг ва дигар бахшҳои башарӣ таъкид гардид. Ҳамчунин, доир ба мавзуъҳои алоҳидаи рӯзномаи минтақавию байналмилалӣ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

Санаи нашр: 28.11.2025 №: 228