ШОМИ ШАНБЕ

01 декабр 2025, Душанбе
20


ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.


КРОССВОРДИ “ПАРЧАМ”
1. Воҳиди пули миллии Тоҷикистон. 2. Аломат, асар, ёдгор. 3. Тирамоҳ. 4. Онро парчамбардори миллат меноманд. 5. Сардафтари адабиёти форсу тоҷик. 6. Сардори давлат. 7. Ҳаммаънои Ватан. 8. Азиз, арҷманд, муҳтарам. 9. Ливо, байрақ. 10. Моҳи 11-уми солшумории мелодӣ.


Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-82
Масъули рубрика Ш. ШОКИР


Ҷавоб ба филворди “Оскар 2”:
1. Ҳепбёрн. 2. Китон. 3. Ҳэвилленд. 4. Бэнкрофт. 5. Данауэй. 6. Стрейзанд 7. Буллок 8. Миннелли 9. Сарандон. 10. Стоун. 11. Ширер. 12. Дресслер. 13. Ли. 14. Бергман. 15. Ҳолидей. 16. Вудворд. 17. Нил. 18. Стрип. 19. Бейтс. 20. Райнер.
21. Суэнк.
Таҳияи Умаралӣ САФАРАЛӢ


ҲУҶҶАТИ ЛАҒВИ ҒУЛОМӢ БА МАБЛАҒИ 12 МИЛЛИОН ДОЛЛАР ФУРӮХТА ШУД
Тибқи иттилои сомонаи Report, миллиарддор Кеннет Гриффин дар музоядаи Сотбис (Sotheby’s) нусхаи дастнависи ислоҳи 13-ум ба Конститутсияи ИМА-ро, ки аз ҷониби Авраам Линколн, Президенти 16-уми Амрико, имзо шудааст, ба маблағи 12 миллион доллар харид. Илова бар ин, ӯ Эъломия дар бораи озодшавии ғуломонро, ки Линколн соли 1864 ба имзо расондааст, бо маблағи 4,4 миллион доллар ба даст овард.
Тавре дар изҳороти худ миллиарддор таъкид кард, ин ҳуҷҷатҳоро барои он харидааст, ки онҳо дар роҳи аз байн бурдани ғуломдорӣ ва баробар будани одамон, сарфи назар аз нажоду қавму миллат, нақши муассир гузоштаанд.


Аз русӣ тарҷимаи С. АШУРОВ


МОДАР БУДАН, ЯЪНЕ АЗ ХУД ГУЗАШТАН...
Моҳи октябри соли 2018 дар иёлати Квинсленди Австралия тӯфони шадиде ба амал омад, ки бонуи 23-сола Фиона Симпсон бо духтарчаи чормоҳа ва бибии 78-солааш шоҳроҳи Дангиларро убур мекард. Вақте жолаҳои андозаашон тақрибан баробари тӯбчаи теннис чанд ҷойи мошинро шикастанд, ӯ дарҳол чун ҷавшан бо ҷисми худ болои кӯдакро пӯшонд. Дар натиҷа, миёну дасту рӯяш ҷароҳат бардоштанд, аммо тифл аз марг наҷот ёфт.
Ҳамон шаб ба идораи ёрии фавқулода 330 занг омад, жола мошинҳоро шикаставу хонаву заминҳои кишти мардумро вайрону валангор карда буд.
Аммо дар ин миён саргузашти Фиона вирди забонҳо гашт. Ҳатто ӯро барои шуҷоат бо мукофот қадр карданд. Вале бонуи австралиягӣ оромона гуфт: "Ман он кореро анҷом додам, ки ҳар як модар мекунад".


Тарҷумаи Меҳрангез ҚОДИРОВА


КАДУИ РЕКОРДӢ
Тавре сомонаи agroreview.com менигорад, Британияи Кабир аз минтақаҳое ба ҳисоб меравад, ки дар он парвариши зироатҳои бузургҳаҷми кишоварзӣ мусоид аст.
Чанде пеш ба бародарон Йен ва Патон Стюартҳо аз Ҳемпшир муяссар шуд, ки калонтарин кадуи ҷаҳонро парвариш кунанд. Қобили зикр аст, ки он бо ду нишондоди рекордӣ: ҳам чун вазнинтарин каду (1278,8 кг) ва ҳам чун калонтарин каду аз рӯйи қутр (649,8 см) ба «Китоби рекордҳои Гиннесс» ворид шуд.


Таҳияи Далер ИБРОҲИМЗОДА


ҲОТАМИ ТОЙ


Ҳотами Той пеш аз маргаш биное сохта буд, ки ҳафтод дар дошт. Ҳар кас метавонист аз ҳар даре, ки мехост дарояд ва чизе талаб кунад, ӯ медод.
Бародараш хост дар ҳамон ҷой биншинад ва саховатмандии Ҳотамро идома диҳад. Модараш гуфт:
– Ту наметавонӣ ҷойи бародаратро бигирӣ; беҳуда худро ба машаққат меандозӣ.
Ӯ ба сухани модар гӯш надод. Барои исботи сухани худ, модар либоси куҳнае пӯшид ва пинҳонӣ, бидуни он ки писараш бишиносад, наздаш рафт ва чизе талаб кард. Вақте гирифт, аз дари дигар даромад, боз хост.
Бародари Ҳотам бо ғазаб чизе ба ӯ дод.
Ин бор модар аз дари сеюм даромад ва боз талаб кард.
Бародари Ҳотам ба ғазаб омада, дод зада гуфт:
– Ту ду бор гирифтӣ ва боз ҳам мехоҳӣ?! Чӣ гадои беҳаёе ҳастӣ!
Модар чеҳраи худро ошкор намуд ва гуфт:
– Нагуфтам, ки ту шоистаи ин кор нестӣ?
Ман як рӯз ҳафтод бор ба ҳамин шакл назди бародарат омадам ва ӯ ҳеҷ гоҳ маро рад накард.

Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ


ПИКАССО


Номи пурраи рассоми машҳури олам Пабло Пикассо (1881 – 1973), ки аз ҷониби коршиносони ҷаҳон беҳтарин мусаввири 100-солаи ахир эътироф мегардад, Пабло Диего Хосе Франсиско де Паула Хуан Непомусено Мария де лос Ремедиос Сиприано де ла Сантисима Тринидад Мартир Патрисио Руис-и-Пикассо мебошад.
Қобили зикр аст, ки офаридаҳои ӯ айни замон гаронарзиштарин дар дунё ба ҳисоб мераванд. Масалан, соли 2015 дар музояда расми ӯ «Занони Алҷазоир» бо нархи 179 миллион доллари ИМА ба савдо рафт.

Таҳияи Нушофарин АБДУЛЛОЗОДА


АВВАЛИН ВАРЗИШГОҲИ ОСМОНБӮС
Арабистони Саудӣ тарҳи варзишгоҳеро муаррифӣ кард, ки сохтмонаш соли 2027 оғоз мешавад. Он дар ҷаҳон аввалин варзишгоҳе хоҳад шуд, ки дар болои бинои осмонбӯси баландиаш 350 метр бунёд мегардад ва ғунҷоиши 46 ҳазор мухлисро дорад. Варзишгоҳ бо номи Sky Stadium дар қисмати шимолу ғарби Арабистони Саудӣ бунёд ёфта, комилан бо энергияи офтобӣ ва бодӣ таъмин мешавад. Сохтмони он соли 2034 қабл аз оғози чемпионати ҷаҳон оид ба футбол ба анҷом мерасад. Тибқи хабари расонаҳои иттилоотии ин кишвар, дар мамлакат варзишгоҳе сохта мешавад, ки назираш то ҳанӯз дар кураи Замин мавҷуд нест.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА


ПАВЕЛ ДУРОВ
Ӯ дар мактаб компютерҳоро вайрон мекард, аз духтарон шарм медошт ва аз дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ мегурехт, имрӯз бошад, яке аз сарватмандтарин ва муваффақтарин одамони ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Ҳама ӯро мешиносанд. Павел Дуров, асосгузори Telegram, яке аз маъмултарин барномаҳои паёмнависӣ дар ҷаҳон аст. Сарвати ӯ 16 миллиард доллар арзёбӣ мешавад, аммо ӯ соҳиби хона, ҳавопаймои шахсӣ, яхта ё ҳатто амволи ғайриманқул нест. Дар нисбат ба дигар одамони сарватманд, ӯ соат ё либосҳои гаронбаҳоро намоиш намедиҳад, ғайр аз ин, одатҳои бад надорад. Ба ҷойи ин, Павел тарзи ҳаёти хоксоронаро пеш мебарад ва вақти зиёдеро ба саломатии ҷисмонӣ ва руҳии худ сарф мекунад.


Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК


КИТОБ ХОНӢ, ЗУД ПИР НАМЕШАВӢ
Таҳқиқот нишон доданд, ки мутолаа организми инсонро аз пиршавии бармаҳал нигоҳ медорад. Исбот шудааст, ки вақте майнаи сар камфаъол аст, организм тез пир мешавад. Танҳо мутолаа намудан фаъолияти майнаи сарро такон медиҳад.


Таҳияи Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА


LACOSTE


Жан Рене Лакост, теннисбози фаронсавӣ 2-юми июли соли 1904 дар шаҳри Париж ба дунё омадааст. Ӯ ғолиби 10-каратаи мусобиқаи Grand Slam мебошад. Рене Лакост дар баробари теннисбози муваффақ будан, орзуи сохтани бренди тарроҳии худро дошт ва ба ин орзуи худ низ расид. Ӯ асосгузори бренди Lacoste мебошад. Бренд бо нишони тимсоҳ машҳур аст, ки аз лақаби Рене Лакост "Аллигатор" сарчашма гирифтааст. Lacoste айни замон яке аз брендҳои машҳури ҷаҳон буда, либосҳои варзишӣ, пойафзол ва дигар маҳсулоти олӣ истеҳсол мекунад.


Таҳияи Мавлуда ОДИНАЕВА


КАСБИ МУҚАДДАС


Рӯзе хонандагон баъд аз дарс дар бораи ояндаашон баҳс мекарданд. Онҳо мегуфтанд:
– Табиб мешавам, то беморонро шифо диҳам.
– Муҳандис мешавам, то хонаҳои баланд созам.
– Соҳибкор мешавам, то молу сарват дошта бошам.
Муаллим, ки ин ҳамаро мешунид, табассум кард ва шамъеро рӯшан намуда гуфт:
– Шамъ худ месӯзад, аммо ба дигарон равшанӣ мебахшад. Касби омӯзгорӣ низ чунин аст. Мо шабу рӯз меҳнат мекунем, то дар роҳи шумо нур бошад. Табиб, муҳандис ва соҳибкор ҳамаи онҳо, пеш аз ҳама, шогирди муаллим ҳастанд. Агар омӯзгор шамъи роҳи шумо намешуд, шояд, ба мақсад намерасидед.
Онҳо ба шамъ нигаристанд ва дарк намуданд, ки меҳнати устод аз ҳама баландтару муқаддастар аст.


Таҳияи З. РАҶАБ


ИДҲОИ ҒАЙРИОДӢ ДАР САРТОСАРИ ҶАҲОН
Ҳар як миллат идҳои худро дорад ва барои сокинони дигар кишварҳои ҷаҳон ин идҳо, шояд ҷолиб, вале баъзан аҷиб ба назар мерасанд. Хонандаи рӯзнома! Мо тасмим гирифтем, ки зери ин рубрика ҳар ҳафта ҷолибтарин ҷашнҳои кишварҳои дунёро ба шумо муаррифӣ кунем.
ЧИН
Яке аз тулонитарин чашнвора дар ҷаҳон ҷашнвораи яху барф дар Чин аст. Он аз 5-уми январ то 5-уми феврал давом мекунад. Ин ҷашнвора на танҳо сайёҳони сершумор, балки ҳунармандони кишварҳои дигарро низ ҷалб менамояд. Ҳунармандоне, ки дар ин ҷашнвора ширкат меварзанд, дар эҷоди муҷассамаҳо аз ях ва барф рақобат мекунанд. Баробари торик шудани ҳаво, ин муҷассамаҳо манзараи афсонавиеро мемонанд, ки кас аз диданаш лаззати нотакрор мебарад.


Таҳияи Носирҷон А.


НАВМЕД НАБОЯД ШУД
6 ҳикояи аҷиби наҷот аз қаъри уқёнус
3. РОЛАНДО ОМОНГОС
56 РӮЗ ДАР БАҲРИ КУШОД


Моҳигири 21-сола аз Филиппин тақрибан давоми ду моҳ даруни қайиқ, миёни уқёнус бо гуруснагӣ, ташнагӣ ва ноумедӣ мубориза мебурд.
Январи соли 2017 тӯфони шадид қайиқи хурдакаки Роландо ва амакаш Рениэлро аз киштии дигар моҳигирон дуртар бурд. Баъди панҷ рӯз сӯзишвориашон тамом шуд ва муҳаррикро ба об партофтанд, чунки ба қайиқашон вазнинӣ мекард. Пас аз як моҳ бошад, амакаш аз гипотермия ба ҳалокат расид.
Роландо оби борон ва мосе (мох), ки даруни қайиқашон мерӯид, истеъмол намуда, барои аз гармии сахт раҳо ёфтан зуд-зуд вориди об мешуд. Баъди 56 рӯз ҷавонро маллоҳони ҷопонӣ 3000 километр дуртар аз Филиппин пайдо карданд.


Таҳияи Наргис АТОЕВА


РАФАЭЛ НАДАЛ
Рафаэл Надал, теннисбози испанӣ, собиқ ракеткаи рақами яки ҷаҳон, давоми корномаи варзишии худ дар 92 мусобиқа, аз ҷумла 22 мусобиқаи Grand Slam ва 36 Masters ғолиб омадааст. Ӯ, инчунин, чемпиони Бозиҳои олимпии Пекин – 2008 низ мебошад. Надал ягона теннисбозест, ки 14 маротиба дар чемпионати кушоди Фаронса пирӯз шудааст. Ӯ яке аз чаҳор теннисбоз дар таърих мебошад, ки ҳадди ақал ду маротиба дар ҳар як мусобиқаи Grand Slam ғолиб омадааст. Надал дар таърихи теннис аз рӯйи ба даст овардани ҷоизапулӣ дар ҷойи дуюм қарор дорад.


Аз русӣ тарҷимаи Иброҳими САЙФУЛЛО


ОДАТҲОИ ҶОЛИБ
1. Шаҳрвандони Кения ба нақши зан дар оила дар сатҳи олӣ арҷ мегузоранд. Аз ин рӯ, мард дар моҳи аввали баъди издивоҷ либоси занона ба бар намуда, корҳои хонагии занонро иҷро мекунад, то ба қадри меҳнати зан ва худи ӯ бештар расад.
2. Дар Чин ҳадия кардани гулҳои тару тоза расм нест, барои он ки умри чунин гулҳо кӯтоҳ аст ва рамзи марг ҳисобида мешавад. Ба ҷойи ин, гулҳои сунъӣ, ки рамзи ҷовидониро доранд, ба ҳамдигар ҳадия мекунанд. Инчунин, рустаниҳои зинда, ки ҳаёт ва шукуфоиро ифода менамоянд, қадр карда мешаванд. Гулҳои сафед ё савсанҳои сафед одатан дар маросими дафн дода мешаванд.


Таҳияи Басона А.


"ТӮФОНИ ВОҚЕИИ ОБИ ҶАВ"


Дар доираи Фестивали солонаи оби ҷав дар Уэлси, мусобиқаи велосипедронии ғайриодӣ баргузор мешавад.
Ҳама чиз хуб аст, ба шарте ки иштирокчиён ба дучарха рост савор шаванд ва худро устувор нигоҳ доранд. Гап сари он ки дар нуқтаҳои назоратӣ ҳар як иштирокчӣ бояд миқдори муайяни оби ҷав нӯшад. Ҳадаф бо кайфияти воло расидан ба хатти марра аст. Шонси пирӯзии онҳое, ки таҳаммулпазирии баланди машрубот доранд, бештар аст.


Таҳияи У. САФАРАЛӢ


Оё медонед?


Гург ҳаргиз ҷасад намехӯрад. Тамоми умр бо як ҷуфт ҳаёти худро ба сар мебарад. Мисли дигар ҳайвонҳо бо модар ё хоҳараш ҷуфт намешавад. Агар ҷуфташ фавтад, як умр танҳо мемонад. Насл ё фарзандони худро чун инсон ба хубӣ мешиносад.
Гург ягона ҳайвонест, ки волидонашро дар пиронсолӣ парасторӣ мекунад ва барояшон ғизо меорад. Танҳо гург аст, ки ба инсон ром намешавад.


Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА


ЗАНКАЛОН
Боре Бернард Шоу лангида-лангида аз духтур хоҳиш мекунад, ки пойи дардмандашро як бор бинад.
Духтур мепурсад:
– Чанд рӯз боз бо ин аҳвол мегардед?
– Қариб ду ҳафта.
– Ду ҳафта?! О, чаро як бор муроҷиат накардед? Охир, устухони пойи шумо шикастааст.
– Ростӣ, аз ҳамсарам тарсидам. Сӣ сол боз мабодо ягон ҷоям дард кунаду ба шиква дароям, тамокукаширо парто мегӯяд.


Таҳияи З. ҚУДБИДДИН

Санаи нашр: 28.11.2025 №: 228