ЮНЕСКО ТАШАББУСИ НАВБАТИИ ТОҶИКИСТОНРО ҶОНИБДОРӢ КАРД
Паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади раҳнамунсоз ва таҷассумгари орзуву ормонҳои мардуми шарифи кишвар ба сӯйи фардои неку дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд, зеро меҳвари ҳар як Паёми Президенти кишварро рушди бемайлони кулли соҳаҳои ҳаётан муҳими мамлакат, хусусан зиндагии босаодату шоистаи халқи Тоҷикистон ташкил медиҳад.
Дар баробари баррасии масоили дохилӣ, дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии То-ҷикистон ташаббусҳои байналмилалӣ садо медиҳанд. Чунончи, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз 28-уми декабри соли 2024 чунин таъкид намуданд: «Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО, ба хотири гиромидошту арҷгузорӣ ба нобиғаҳои миллат, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ, талошҳои пайваста ба харҷ медиҳад. Моро зарур аст, ки ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати худ ва муаррифии боз ҳам бештари онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем».
Дар ин робита, вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг муваззаф шуданд, ки маводи заруриро вобаста ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир омода ва ба ЮНЕСКО пешниҳод намоянд.
Ҳамин тавр, 6-уми ноябри соли ҷорӣ, дар Рӯзи таҷлил аз 31-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар иҷлосияи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО қатънома зери номи «Устувонаи Куруш: Эъломияи нахустини ҳуқуқи башар ва гуногунрангии фарҳангӣ» (43 С/52) қабул гардид.
Қатънома аҳамияти баланди таърихӣ ва маънавии «Устувонаи Куруш»-ро ҳамчун яке аз аввалин санадҳои инсондӯстона, ки арзишҳои озодии виҷдон, эҳтиром ба гуногунрангии фарҳангӣ ва ҳамзистии осоиштаро тарғибу ташвиқ менамояд, таъкид мекунад.
Қабул шудани ин санади байналмилалӣ ба таҳкими арзишҳои умумиинсонӣ, густариши ҳамдигарфаҳмӣ дар байни тамаддунҳо ва мусоидат ба рушди муколамаи фарҳангҳо дар доираи ЮНЕСКО нақши назаррас хоҳад гузошт.
Бояд ёдовар шуд, ки Қатъномаи мазкур муштарак буда, бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон пешниҳод гардида, аз ҷониби кишварҳои узви ЮНЕСКО ҷонибдорӣ ва бо иттифоқи оро қабул шуд.
Қобили зикри хос аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол тули беш аз ду даҳсола аст, ки бо ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии худ дар арсаи байналмилалӣ шинохта шуда, эътибору нуфуз ва эҳтиромаш баланд гардидааст, зеро ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои обу иқлим, фарҳанг ва масоили дигар, дар умум барои ҳифзи башарият, бахусус ҳифз ва муаррифии арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати тоҷик равона шудаанд.
Ҳамин тавр, қабул гардидани қатъномаи «Устувонаи Куруш: Эъломияи нахустини ҳуқуқи башар ва гуногунрангии фарҳангӣ» аз ҷониби ЮНЕСКО, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, нуфузу эътибори Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари дорои таърихи ғанӣ ва соҳибфарҳангу соҳибтамаддун боз ҳам афзун менамояд.
Фирӯз САЙНОЗИМЗОДА, сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
