БАРҚ. ОМИЛҲОИ АСОСИИ МАҲДУДИЯТ КАДОМҲОЯНД ВА ЧӢ БОЯД КАРД?!

02 декабр 2025, Сешанбе
22


Неруи барқ зиндагӣ ва рӯзгори моро сабук месозад, он асоси пешрафти ҳама соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт дар тамоми гӯшаҳои олам аст. Неруи барқ дар чорсад соли пайдоиши худ, ба ҷузъи ҷудонашавндаи ҳаёти инсон табдил ёфт. Истеҳсоли он афзуд. Агар соли 1950 дар ҷаҳон ҳамагӣ 950 миллиард кВт - соат неруи барқ истеҳсол шуда буд, соли 2024 он ба 31,2 триллион кВт – соат (танҳо дар Ҷумҳурии Мардумии Чин зиёда аз 10 триллион кВт - соат ) баробар шуд. Бино ба иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавлиди умумии неруи барқ соли гузашта дар кишвар 22 миллиарду 428 миллион кВт - соатро ташкил додааст. Ин нисбат ба соли 2023-юм 567,2 миллион кВт - соат ё худ 3 дарсад зиёд аст. Бо вуҷуди ин, на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми олам талабот ба барқ рӯз ба рӯз афзоиш меёбад. Тақрибан дар тамоми гӯшаи олам истеҳсоли барқ нисбат ба талабот ба он қафо мемонад.
Дар кишвари мо барқ, асосан, аз об истеҳсол мешавад ва миқдори зиёдаш аз оби дарёи Вахш. Дар ин рӯдхона беш аз 80 дарсади барқи низоми энергетикии Тоҷикистон истеҳсол мегардад. Мутаассифона, дар фасли зимистон маҷрои ин дарё кам мешавад ва дар силсилаи неругоҳҳое, ки дар соҳили ин дарё бунёд ёфтаанд, имкони барқи зиёд истеҳсол намудан хеле кам мегардад. Аз Неругоҳи барқи обии “Норак” сар карда, то Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” – дар шаш адад неругоҳҳои мо, тавлиди неруи барқ ба таври назаррас коҳиш меёбад. Барои захираи зимистон мо ягона ҷойи захираи об – обанбори Норакро дорем. Баъзеҳо шояд мепурсанд, ки обанбор лабрези об асту сабаби норасоии барқ чист?
Гап сари он ки, ин обанбори таъиноти яксола буда, барои захираи зимистон аз нуқтаи 857 то 910 метр ҳамагӣ 53 метр имкони ғунҷоиши об вуҷуд дорад. Барои он ки ин захира ба тамоми зимистон басанда бошад, мо бояд аз маҷрои дарё низ, ки ба обанбор мерезад, истифода барем. Агар маҷрои дарёи Вахш дар тобистон ба ҳисоби миёна 2900 то 3000 метри мукааб дар ҳар сонияро ташкил диҳад, ин нишондод дар зимистон то 400-150 метри мукааб дар ҳар сония кам мешавад.
Тавре директори Неругоҳи барқи обии "Норак" Фазлиддин Шоиддинов шарҳ дод, ибтидо аз 6-уми октябри соли 2025 воридоти об ба обанбори Неругоҳи "Норак" аз сабаби набудани боришот кам гардид.
Ба ҳисоби миёна, воридоти об ба обанбор дар моҳҳои октябр-ноябри соли ҷорӣ 282 метри мукааб – сонияро ташкил дод. Ҳол он ки дар ҳамин давраи соли 2024-ум воридоти об ба обанбор 362 мукааб – сония буд. Яъне, ҳар шабонарӯз ба обанбор 80 метри мукааб- сония кам об ворид гардидааст. Ҳаҷми оби кам воридгардида дар умум 393 984000 метри мукааб – сония мебошад, ки бо ин микдор об неругоҳ метавонист 241 920 000 кВт - соат неруи барқ истеҳсол намояд. 26 - уми ноябри соли 2025 воридоти об 208 метри мукааб-сонияро ташкил дод, ки чунин камшавии воридоти об дар 15 соли охир маротибаи аввал мушоҳида мешавад. Воқеан, камшавии воридоти об идома дошта, субҳи 27-уми ноябри соли 2025 он ба 189 метри мукааб – сония баробар гардид.
Директори Неругоҳи барқи обии “Норак” Фазлиддин Шоиддинов ин вазъиятро ба гармии бесобиқаи тобистон ва беборишотӣ рабт медиҳад. Дар вазъияти соли ҷорӣ аз сабаби кам будани захираи барф дар болооби дарёи Вахш ва шохобҳои он – Хингобу Сурхоб маҷрои об, аллакай, кам шудааст ва қариб 4 метр оби обанбор истифода бурда шудааст.
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон бобати таҷдиду азнавсозӣ дар неругоҳҳои амалкунанда, бунёди иқтидорҳои нав корҳои зиёдро ба анҷом расонданд. Тавре дар маҷлиси Ҳукумати ҷумҳурӣ 25-уми ноябри соли 2025 қайд гардид, дар натиҷаи амалӣ намудани Барномаи “Таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки энергияи барқ”, ба даст овардани 2680 МВт иқтидори нави истеҳсолии энергияи барқ аз ҳисоби неругоҳҳои барқи обии нав, 253 МВт иқтидори иловагии истеҳсоли энергияи барқ аз ҳисоби навсозии неругоҳҳои амалкунанда ва барқарор гардидани 440 МВт иқтидорҳои аздастрафта бинобар фарсудагии таҷҳизот дар назар аст.
Ин тадбирҳо хеле муҳим ва саривақтӣ буда, албатта моро ба оянда умеду бовар мебахшанд. Яъне, ба ғайр аз норасоии об, низоми энергетикии кишвар дигар ягон камбудии ҷиддие надорад.
Агар аз об танқисӣ намешуд, – мегӯяд бо боварӣ Фазлиддин Шоиддинов, – як худи Неругоҳи барқи обии "Норак" имкон дорад, ки дар як шабонарӯз то 50 миллион кВт - соат барқ истеҳсол намояд ва якҷо бо неругоҳҳои поёноб кишварро пурра бо барқ таъмин намояд...
Ҳамин тариқ, то ба истифода додани обанбори Неругоҳи барқи обии “Роғун”, ки таъиноти бисёрсола дорад, истеҳсоли барқи мо ба обу ҳаво, ба табиат сахт вобастагӣ дорад. Вале бо кӯшишу дастгириҳои Ҳукумати мамлакат, боварии пурра ҳаст, ки мо дар зулмот намемонем. Бо андак танқисӣ ҳам бошад, барқи мо то баҳор мерасад. Инчунин, имкониятҳои дар зимистон аз кишварҳои ҳамсоя ворид намудани барқ омӯхта шуда истодаанд.
Тавре худи муштариёни барқ имсол хушксолию беборишӣ ва гармии шадидро шоҳид буданд, фақат онҳоро зарур аст, ки ба ҷойи воҳимаю ҳангомаи зиёд вазъиятро дуруст дарк намоянду аз пештара дида ҷиддитар барқро сарфакорона истифода баранд.


Нозир ЁДГОРӢ, шореҳи масъалаҳои энергетика

Санаи нашр: 02.12.2025 №: 230