ВМКБ. ВОДИИ ҒУНД МЕШУКУФАД
Водии Ғунд дар қисмати болоии ноҳияи Шуғнон, дар шарқи шаҳри Хоруғ ҷой гирифта, беш аз 80 дарсади масоҳати умумӣ ва бештар аз 24 ҳазор аҳолии ноҳияро дар бар мегирад ва бештар бо номи Шуғнони Боло ёд мешавад. Аз 7 ҷамоати деҳоти ноҳия чор ҷамоат дар ҳамин қисмати ноҳия ҷой гирифтааст. Водии Ғунд бо ноҳияи Мурғоб ҳамсарҳад буда, ба дарозии 150 километр тул мекашад.
7 МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ БУНЁД МЕГАРДАД
Тавре Комил Шоисматуллозода, раиси ноҳияи Шуғнон, зикр кард, дар замони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи бештар равона намуда, ҳамасола дар кишварамон бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои маорифпарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд ва азнавсозии муассисаҳои ин соҳаи ниҳоят муҳим зиёд шуд. Ин иқдоми созанда дар баробари дигар минтақаҳои кишвар дар ноҳияи Шуғнон низ авҷи тоза дорад. Танҳо имсол дар деҳоти ин минтақаи баландкӯҳ бунёди 7 муассисаи нави томактабӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамзамон, дар деҳаи Риваки ҳамин ҷамоат, ки зиёда аз 200 хоҷагӣ зиндагӣ дорад, имрӯз сохтмони муассисаи замонавии томактабӣ оғоз мегардад. 6 лоиҳаи биноҳои нави муассисаҳои томактабии дигар ҳам муаррифӣ гардида, гуфта шуд, ки то 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмони ҳамаи иншооти банақшагирифташуда ба анҷом мерасанд. Иншооти мазкур бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ноҳия ва шахсони саховатпеша бунёд мегарданд.
БА КӮЛЕВ ОБИ ОШОМИДАНӢ ОМАД
Дар баробари ин, дар деҳаи Кӯлев хатти оби ошомиданӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Хатти обгузар бо лӯлаҳо ба масофаи 1 600 метр бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамдастӣ бо миссияи Шарқ бо харҷи 324 ҳазор сомонӣ бунёд гардид. Тавре раиси ноҳия зикр кард, аз ин ба баъд ҳамаи хоҷагиҳои деҳа бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин шуданд.
МАРКАЗИ САЛОМАТИИ СЕОШЁНА БУНЁД МЕГАРДАД
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Шуғнон Мирзонабот Алишер Худобердӣ, раиси вилоят, бо тарҳ ва лоиҳаи сохтмони Маркази саломатии деҳаи Навобод шинос гардид.
Бинои марказ сеошёна буда, корҳои сохтмонӣ бо ташрифи меҳмонон оғоз гардид. Тавре Ямин Имомқулов, сардори ҶДММ «Амир Ҳамза», бунёдгари асосии иншоот иттилоъ дод, барои сохтмони марказ аз ҷониби дирексияи иншооти Ҳукуматии мамлакат 10 млн сомонӣ ҷудо гардида, он тибқи нақша моҳи ноябри соли 2027 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Ба сохтмон коргарони маҳаллӣ ҷалб шудаанд.
Раиси вилоят бори дигар ёдовар шуд, ки моҳи августи соли равон дар доираи сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази навбунёди ноҳияи Шуғнон – шаҳраки Ваҳдат низ бинои нави ҳозиразамони беморхона мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Айни замон дар қаламрави вилоят аз Дарвоз то Роштқалъа сохтмони беморхонаҳои замонавӣ идома дорад. Пас аз чанде дар Ҷамоати деҳоти Навобод бо маблағгузории Ҳукумат сохтмони бинои нави Маркази саломатӣ оғоз меёбад.
Раҳмони ГУЛЗОР, «Ҷумҳурият»
