ЧАРО АЗ БАРҚ ТАНҚИСӢ МЕКАШЕМ? ДАР БОРАИ НАҚШИ ТАБИАТ ВА ФАРОСАТИ МАНУ МО

03 декабр 2025, Чоршанбе
21


Тавре гуфтем, талабот ба барқ дар тамоми дунё, аз ҷумла дар Тоҷикистон, рӯз ба рӯз афзоиш меёбад. Инро бо мисолҳои мушаххас дар кишварамон таҳлил менамоем. То солҳои 90-ум аҳолии Тоҷикистон дар як сол наздики 1 миллиард кВт-соат неруи барқ масраф мекард. Ҳоло бошад, ба ҳисоби миёна дар як сол то 10 фоизи барқи истеҳсолшуда ва дар фаслҳои тирамоҳу зимистон то 30 фоизи барқро аҳолӣ истифода мебарад.
Агар солҳои 90-ум ҳар як муштарӣ аз ҳисоби аҳолӣ дар як шабонарӯз 1,2-3 кВт неруи барқ истифода мебурд, ҳоло дар як шабонарӯз, боз дар шароити маҳдуд будани таъминот, ба ҳисоби миёна 18,75 кВт неруи барқ мегирад. Худатон ҳисоб кунед, ки истифодаи барқ аз тарафи аҳолӣ чанд баробар афзудааст ва, шукри Худо, аҳолии кишвари азизи мо дар муқоиса ба солҳои 90-ум чи қадар зиёд шудааст. Дар ҳисоботи низоми энергетикии кишвар муштариёни неруи барқ аз ҳисоби аҳолӣ ҳанӯз аз даврони Иттиҳоди Шуравӣ ҳамчун “Муштариёни маишӣ” сабт мешаванд, яъне муштариёне, ки неруи барқро барои асбобҳои маишӣ – рӯшноии хона, телевизор, яхдон ва ба ин монанд мақсадҳо сарф мекунанд, вале на барои гарм намудани манзили зист ва тайёр кардани хӯрок. На танҳо дар биноҳои баландошёнаи шаҳрҳо, балки дар деҳот низ, ки имкони печ шинондан ва дар оташдон тайёр кардани хӯрок мавҷуд аст, агар барқ бошад, ҳатман аз он истифода менамоянд. Инро касе манъ карданӣ нест ва манъ ҳам карда наметавонад, вале дар ин овон, ки бо сабаби кам будани об истеҳсоли барқ маҳдуд аст, бояд ҳар муштарӣ сари ин масъала биандешад. Ҳоло дар деҳот ҳам дигар дар хонаҳо қариб, ки печ намешинонанд, кам ҳезум тайёр мекунанд, кам ангишт мехаранд. Ҳама бо умеди барқ! Вазифаи низоми энергетикии Тоҷикистон бо барқ таъмин намудани кишвар аст ва барои ин неругоҳҳои мо пурра омода ва таъмиру таҷдид шудаанд, вале танҳо бо сабаби норасоии об мо ба чунин вазъ гирифторем. Боз такрор мекунам, ки то ба истифода додани обанбори Неругоҳи барқи обии “Роғун”, ки таъиноти бисёрсола дорад, истеҳсоли барқи мо ба обу ҳаво, ба табиат сахт вобастагӣ дорад. Вобаста ба талаботи рӯзафзун бо барқ, ба хотири ободиву рушди кишвар, барои зиндагии шоистаи ҳар як сокини Тоҷикистон бунёди НБО “Роғун” амалест ногузир. Ба ҳамин хотир, Пешвои миллат, ки ҳамеша дар нияти ободии ин диёр ва беҳбуди зиндагии мардум ҳастанд, ба бунёди НБО “Роғун” ҷиддиву самимӣ тасмим гирифтанд.
Ҳанӯз 16 сол муқаддам, 15-уми апрели соли 2009, дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр ёфта буд: “Мо бояд ба маданияти истифодабарӣ ва сарфакории неруи барқу газ ва об эътибори ҷиддӣ диҳем. Дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Аврупо, чунин маданияти энергетикиро дар мактабҳо аз синни хурдсолӣ тарғиб менамоянд”.
Сарфакорона истифода бурдани рӯшноиро дар даврони худ ҳатто Саъдии бузургвор низ таъкид намудааст:
Аблаҳе к-ӯ рӯзи равшан шамъи кофурӣ ниҳад,
Зуд бинӣ, к-аш ба шаб руған набошад дар чароғ.


Шояд, аз таъсири гармшавии глобалии сайёра бошад ё дигар омилҳо, ки имсол табиат барои соҳаи истеҳсоли барқ душвории ҷиддие пеш овардааст. Вале мо, агар аз неруи барқ танқисӣ ҳам дошта бошем, бе барқ намемонем. Маҳдудиятҳое, ки имрӯзҳо бо он рӯ ба рӯ мешавем, ба он хотир аст, ки захираҳои мавҷудаи обӣ-энергетикӣ моро то баҳор расонад. Бояд ҳар муштарӣ дарк намояд, ин душвориҳо ва ногувориҳое, ки аз камии неруи барқ мебинад, аз ноилоҷист. Вазифаи асосӣ ва мақсади ниҳоии низоми энергетикии кишвар таъминот бо неруи барқ аст ва дар ин раванд тамоми чораву тадбирҳоро роҳандозӣ хоҳад намуд.
Бовар дорам, рӯзе мерасад, ки камбуди барқ, мисли камбуди нон, ба афсона табдил хоҳад ёфт ва аз хотираҳо зудуда хоҳад шуд ва ин рӯз дур нест! Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (28.12. 2024) зикр шуда буд: «Аз моҳи майи соли 2027-ум аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар «Роғун» ва силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар кишвар пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад».


Нозир ЁДГОРӢ, шореҳи масъалаҳои энергетика

Санаи нашр: 03.12.2025 №: 231