ДИЛГАРМ ШУДЕМ!

08 декабр 2025, Душанбе
2

НОМАИ СИПОС БА ТАБИБОНИ ОМОСШИНОС
Мо шоҳидем, ки дар даҳсолаи охир тибби тоҷик хеле пеш рафт. Аз ҷумла, дар соҳаи саратоншиносӣ (онкология) низ пешравӣ мушоҳида мешавад. Бавижа, 18-уми ноябри соли равон ҳангоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ифтитоҳ шудани бинои нави шашошёнаи Маркази саратоншиносии вилоят бо ҳама шароит далели гуфтаҳои моянд.
Тани одамӣ гарм асту бедард нест. Ин аст, ки мо ҳам қариб се моҳ боз корафтодаи Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастем.
Падарамон гирифтори омос дар шушу пойҳо шуданд. Дар ин муддат ду бор дар Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ, воқеъ дар “Шаҳраки шифобахш”-и пойтахт бистарӣ гардида, табобати саривақтӣ ва муассир гирифтанд. Аз рӯзи аввал табиби зираку хушмуомила Диловар Ғаниев моро пешвоз гирифта, бародарвор хидмат карданд. Қариб пеши ҳама омосшиносону мутахассисони номвари шаҳри Душанбе рафтем, то хулосаи дақиқ ба даст ояд ва табобати падар дуруст гузарад.
Ростӣ, аз муносибати нек ва ғамхориҳои кормандони ин муассиса, директори Марказ, номзади илмҳои тиб Акбар Муродзода Исматулло, табибони номошно профессор, доктори илмҳои тиб Ҷумъабой Сангинов, номзади илмҳои тиб Диловар Ғаниев, номзади илмҳои тиб Ҷовид Ҷамшедов, духтури табобатӣ Беҳрӯз Шарифов хеле хушнудем. Бесабаб намегуфтаанд: “Табобат аз сухани хуш сар мешавад”. Бештари пизишкони номбаршуда ҳам ҷавонанд ва ҳам дар хориҷи кишвар таҳсил намуда, аз такмили ихтисос гузаштаанд. Бо матбуот ва дигар воситаҳои ахбор пайваста ҳамкорӣ доранд. Ҳанӯз моҳи сентябри соли ҷорӣ мақолаи директори Марказ “Давлатдорӣ. Ҳифзи иҷтимоӣ ҳифзи миллат аст” дар рӯзномаи мо чоп шуд, ки гуфтаҳои моро тасдиқ менамояд (16.9.2025 № 178).
Онҳо на танҳо донандагони соҳаи хеш, ҷарроҳони шоиста, балки пеш аз ҳама, одамони хубанд, дард ва вазъияти беморон ва пайвандони ӯро дуруст дарк мекунанд. Медонанд, ки барои ин гурӯҳи беморон, пеш аз ҳама, муносибати хуш, муоширати нарм ва ёрии равонӣ зарур аст.
Инчунин, ба таври ройгон расондани доруву дармонҳои махсуси зидди омос дили моро ба саломатии падар ва ояндаи тибби тоҷик гарм намуд. Падар ҳам баъди гирифтани кимиёдармонӣ ва кам шудани дард дар пойҳо оҳ кашидаву гуфтанд: “Хайрият, ки ҳамин духтурон ҳастанд, вагарна кӣ медонад, ки пойҳои варамидаи мо чӣ мешуданд?”.
Мо аҳли хонавода ба табибони ботаҷрибаи ин Марказ сипосгузорӣ арз намуда, ҳамзамон, аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш мекардем, ки мардон баъди 45-солагӣ ва занҳо баъди 40-солагӣ, новобаста аз вазъи тандурустӣ, аз ташхиси ҳатмии ҳаматарафа гузаранд, то пайдоиши нахустрешаҳои омосҳои гуногун пешгирӣ шавад.

Бузургмеҳр САЛИМОВ,
ноҳияи Деваштич

Санаи нашр: 08.12 №: 233