ГАРМИДИҲӢ. ОМОДАГИҲО БА МАВСИМИ ИМСОЛА ЧӢ ГУНА ҶАРАЁН ДОРАНД?

Таъмин намудани сокинон ва сохторҳои марбута бо энергияи гармӣ яке аз масъалаҳои асосии давраи зимистон маҳсуб ёфта, аз масъулони соҳаҳо таваҷҷуҳи ҷиддиро талаб мекунад. Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе аз 2-юми майи соли ҷорӣ № 252 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Душанбе дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026” дар пойтахти кишвар корҳои зиёде иҷро шуданд. Омодагӣ ба мавсими гармидиҳӣ яке аз бахшҳои муҳими қарори мазкур мебошад.
Бино ба иттилои Шодмон Раҳ-монзода, директори Муассисаи «Шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе», ба ҳолати 26-уми ноябри соли ҷорӣ ба 3283 иншоот (99,48 дарсади нақша) энергияи гармӣ интиқол дода шудааст. Аз ҷумла, дар ноҳияҳои И. Сомонӣ 560 иншоот, Шоҳмансур 630, Сино 1455 ва Фирдавсии пойтахт 619 иншоот бо гармӣ таъмин гаштанд.
Мавриди зикр аст, ки бо ғамхорию дастгирии Ҳукумати мамлакат ва раиси шаҳри Душанбе, пойтахти кишвар беш аз пеш ободу зебо гардида, иншооти зиёди муосири ҷавобгӯ ба талаботи замон қомат афрохта истодаанд. Бо назардошти ин, дар мавсими имсола дар шаҳри Душанбе 100 иншооти нави дигар, аз ҷумла дар ноҳияҳои Фирдавсӣ 79, Сино 31 ва Исмоили Сомонӣ 21 иншоот ба низоми гармидиҳӣ пайваст мешавад. Дар ноҳияи Шоҳмансур дар пайи тахриби биноҳо имсол 31 иншоот кам шудааст. Аз ин ҳисоб соли ҷорӣ дар пойтахти кишвар 62 бинои истиқоматӣ, 31 идораву ташкилот ва 8 мактабу кӯдакистон бори аввал ба гармӣ пайваст мешаванд.
Ба гуфтаи масъулони соҳа, нархҳои хизматрасонии гармидиҳӣ айни ҳол, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2019 №378, аз 1-уми октябри соли 2019 барои муассисаҳои буҷетӣ барои 1 Гкалл 98,67 сомонӣ (бе ААИ), муассисаҳои ғайри буҷетӣ барои 1 Гкал 113,47 сомонӣ (бе ААИ), ба аҳолӣ барои 1 метри мураббаъ 1,18 сомонӣ дар 1 моҳ муқаррар шудааст.
Азбаски бархе аз шаҳрвандон талаботи қонунҳои амалкунандаро дар ин самт хуб намедонанд, дар ин мавсим ба мушкилиҳо мувоҷеҳ мегарданд. Дар робита ба ин масъала, Шодмон Раҳмонзода изҳор дошт, ки мувофиқи қонунҳои амалкунанда сарҳади хизматрасонии муассисаи шабакаи гармидиҳӣ то таҷҳизоти гармитақсимкунии бино (элеватор) муайян шудааст. Тамоми шабакаҳои баъди элеватор ҷойгиршуда (шабакаҳои таҳхонаи бино, лӯлаҳо ва шабакаҳои дохили ҳуҷра) аз ҷониби соҳибмулкони манзил таъмир, барқарор ва нигоҳубин мешаванд. Бо назардошти ин, сокинони биноҳо бояд дар ин раванд масъулият эҳсос намуда, бепарвоӣ ва хунукназарӣ накунанд, зеро дар акси ҳол дар мавсими гармитаъминкунӣ ба кормандони Муассиса ва худи сокинон низ мушкилӣ эҷод мегардад.
Масъулони соҳа, баҳри дар сатҳи баланди ташкилӣ гузарондани мавсими имсола кӯшиш доранд, то ки бо заҳмати худ хонаҳои мардумро гарму чароғон намоянд. Дар Муассиса имрӯзҳо кори хадамоти танзимгарии садамавии шабонарӯзӣ ва аз ҳисоби кормандони роҳбарикунанда низ навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда шудааст. Айни ҳол дар тамоми минтақаҳои шаҳр гурӯҳҳои батанзимдарории реҷаи интиқоли гармӣ фаъолият доранд. Чорабиниҳо оид ба пайваст намудани иншооти дигар ва иҷрои корҳои ба танзим даровардани реҷаи гармидиҳӣ идома доранд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
“Ҷумҳурият”
