ДУШАНБЕ. ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ДАР СОҲАИ САНОАТИ МАЪДАНҲОИ КӮҲӢ-МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН
![]()
Дар Форуми дуюми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, ки 9-уми декабри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ҳайатҳои беш аз 20 ширкати пешбари соҳаи маъдани кӯҳӣ аз Тоҷикистон ва зиёда аз 200 сармоягузори хориҷӣ, истеҳсолкунандаҳои таҷҳизот, коршиносони байналмилалӣ ва намояндагони муассисаҳои молиявӣ иштирок менамоянд.
Иштироки онҳо дар Форум омили муҳим барои табодули таҷриба, нишон додани таҷрибаи пешқадам ва густариши ҳамкории байналмилалӣ хоҳад буд. Форум таҳти сарпарастии Ҳукумати мамлакат аз тарафи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии мақомоти дахлдори давлатӣ ва ширкатҳои пешбари саноатӣ ташкил мешавад.
Мақсад аз баргузории Форум муаррифии иқтидори захираҳои маъдании Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, намоиши доираи васеи захираҳои мавҷуда, аз ҷумла металлҳои ранга, маъданҳои муҳим ва муайян кардани лоиҳаҳо ва имкониятҳои умедбахши сармоягузорӣ мебошад. Дар Форум таваҷҷуҳи махсус ба татбиқи стандартҳои муосири байналмилалии гузоришдиҳии геологӣ, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ, рақамикунонии равандҳо ва такмили механизмҳои иҷозатномадиҳии соҳа равона мегардад.
Зикр шуд, ки дар доираи Форум ҷаласаҳои пленарӣ, панелҳои мубоҳисавӣ, маърузаҳои коршиносон, вохӯриҳои B2B ва машваратҳо оид ба таъсиси корхонаҳои муштарак баргузор мешаванд. Чорабинии мазкур ба муколамаи мустақим байни намояндагони тиҷорат, сармоягузорон, мақомоти давлатӣ мусоидат намуда, корҳои омодагӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузориро дар соҳаи маъдан суръат мебахшад.
Гуфта шуд, ки чунин чорабиниҳо барои табодули афкор ва таҷрибаи касбии коршиносони соҳа, баррасии дурнамои инкишофи бозори маъдани кӯҳӣ ва металлургии мамлакат, навигариҳои соҳаи техникаю технологияи истихроҷ ва коркарди маъданҳои фоиданок заминаи муассир фароҳам меоранд.
Дар ин бора зимни вохӯрие, ки дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав бо намояндагони воситаҳои ахбори омма вобаста ба омодагӣ ба ин чорабинӣ доир гардид, маълумот доданд.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 09.12.2025 №: 234