ФУТБОЛ
“Истиқлол” – чемпиони Тоҷикистон-2025
Тими “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии мавқуфмондаи даври 19-уми Лигаи олӣ 8-уми декабр бо дастаи “Вахш”-и Бохтар мусовӣ (1:1) бозӣ карда, бори чордаҳум унвони чемпиони Тоҷикистонро ба даст овард. Дастаи Душанбе дар ду бозии дигари мавқуфмонда бар тимҳои “Ҳосилот”-и Фархор (9:0) ва “Ҳулбук”-и Восеъ (5:1) ғолиб омада буд.
Қаблан “Истиқлол” дар солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018, 2019, 2020, 2021, 2022, 2023 ва 2024 чемпиони Тоҷикистон гардидааст.
Ҳамин тариқ, дар мавсими 2025 “Истиқлол” аз 21 бозӣ 47 хол ба даст оварда, новобаста ба натиҷаи як бозии боқимонда бо “Истаравшан”, ҷойи аввалро гирифт. “Вахш”, ки 45 хол дорад, зинаи дуюмро ба даст овард. Ҷойи сеюм бо 37 хол насиби дастаи Клуби марказии варзиши артиш (КМВА) шуд.
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ, ки бо 13 хол дар зинаи 11-ум ҷойгир шуд, бо дастаи «Сардор»-и Турсунзода – барандаи медали нуқраи лигаи якум, барои боқӣ мондан дар Лигаи олӣ бозиҳои гузаришӣ анҷом медиҳад.
«Панҷшер», ки бо 12 хол дар ҷадвали мусобиқаи имсола ҷойи охирро ишғол кард, Лигаи олиро тарк менамояд. Ба ҷойи “Панҷшер” соли оянда дар Лигаи олӣ тими “Парвоз”-и Фурудгоҳи Хуҷанд, ки дар лигаи якум ғолиб шуд, иштирок хоҳад кард.
Дастаи «Рахш»-и ноҳияи Восеъ – ғолиби лигаи дуюм
Қисмати ниҳоии лигаи дуюми Тоҷикистон-2025 дар шаҳри Душанбе ба анҷом расид.
Дар ин қисмат 8 даста – ғолибони минтақаҳо ширкат карданд: “Рахш” (Восеъ), “Ҷиликӯл” (Дӯстӣ) аз Хатлон, “Помир” аз ВМКБ, “Меҳргон” (Нуробод) аз минтақаи Рашт, “Гулистон” (Гулистон), “Спитамен” (Спитамен) аз Суғд, “Шоҳмансур”, “Локомотив” аз Душанбе.
Дастаи «Рахш»-и ноҳияи Восеъ дар финал тими «Шоҳмансур»-и Душанберо шикаст дод. Вақти асосии бозӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 ба анҷом расид. Баъдан «Рахш» дар силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 8:7 пирӯз шуд.
Дар бозӣ барои ҷойи сеюм «Ҷиликӯл» дастаи «Гулистон»-ро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод.
Пас аз натиҷаи марҳалаи ниҳоии Чемпионати Тоҷикистон-2025 миёни дастаҳои лигаи дуюм «Рахш» (Восеъ), «Шоҳмансур» (Душанбе) ва «Ҷиликӯл» (Дӯстӣ) ба раванди иҷозатномадиҳии лигаи якум роҳ дода шуданд. Пас аз анҷоми бомуваффақияти тартиби ҳатмии иҷозатномадиҳӣ, онҳо ҳаққи иштирок дар Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи якумро дар мавсими 2026 пайдо мекунанд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 09.12.2025 №: 234