ПАРДОХТҲО. НАЗАРИ ИХТИСОСӢ
Пардохтҳои ғайринақдӣ воситаи муосири ҳисоббаробаркуниҳои молу хизматрасониҳо буда, ҷаҳони мутаммадин имрӯз аз тамоми имкониятҳои он бархӯрдор мебошад. Тоҷикистон ҳамчун кишвари дунявӣ шаҳрвандони худро бо имкониятҳои истифодаи пардохтҳои ғайринақдӣ таъмин менамояд. Дар ҳамин ҳол, аксари дорандагони кортҳои бонкӣ дар кишвари мо барои гирифтани маош ё нафақа дар назди банкоматҳо навбат меистанд. Мушкил дар чист?
ҲИСОББАРОБАРКУНИҲОИ ҒАЙРИНАҚДӢ ЧАНД ФОИЗРО ТАШКИЛ МЕДИҲАНД?
Рушди ҳадди ниҳоии иқтисодиёти ғайринақдӣ яке аз вазифаҳои муҳими давлати муосир ба ҳисоб меравад, зеро пардохтҳои ғайринақдӣ муомилоти молиявиро шаффоф гардонда, дар мубориза бо иқтисодиёти пинҳонӣ мусоидат менамояд. Бо ҳамин мақсад ва ҷиҳати пешрафти бахши молиявӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба мақомоти марбута бори дигар гузариш ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдиро таъкид дошта, зарур шумурданд, ки аз 1 июли соли ҷорӣ пардохти ҳамаи андозҳо ва боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии давлатӣ пурра ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда шаванд. Дар ин хусус қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз 30 ноябри соли 2018, таҳти № 565 ба тасвиб расидааст. Инчунин, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ IFC Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 таҳия шуда, аз моҳи сентябри соли 2022 татбиқи он шуруъ гардид. Мувофиқи он, дастрасии бештар ба хизматрасониҳои молиявӣ, сатҳи хуби зиндагӣ, имкониятҳои беҳтари тиҷорат ва сармоягузорӣ фароҳам гашта, манфиатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии мардум ҳимоя мешаванд.
Зимнан, корти пардохтии бонкӣ дар кишвар васеъ паҳншуда мебошад. Ҳадди ақал маоши кормандони буҷетӣ ва нафақа чанд сол боз танҳо ба кортҳои бонкӣ ҳисобӣ мешавад. Бино ба маълумоти Бонки миллӣ, шумораи умумии дорандагони кортҳои пардохтӣ то 31 октябри соли 2022 ба 4821,2 нафар расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 50,1 фоиз зиёд мебошад. Ҳамзамон, дигар воситаҳои пардохтҳои электронӣ ба монанди бонкинги мобилӣ, ҳамёни электронӣ, QR рамз ва ғайраҳо ба шаҳрвандон даст-рас мебошанд. Ин дар ҳолест, ки таносуби амалиётҳои ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ ва ғайринақдӣ дар кишвар тақрибан 90 бар 10 дарсадро ташкил медиҳад.
ЧАНД ОМИЛИ ПЕШГИРИКУНАНДА
Омилҳои кам истифода шудани воситаҳои муосири электронии пардохт дар байни аҳолии кишвар, пеш аз ҳама, ба нарасидани инфрасохтори зарурӣ, махсусан дар деҳот, рабт дода мешавад, ки тибқи омори расмӣ, 70 дарсади аҳолии мамлакат дар деҳот ба сар мебаранд. Илова бар ин, аксари дорандагони кортҳои бонкӣ бинобар муфлис шудан ва барҳам хӯрдани якчанд бонк дар кишвар, бовариашон ба низоми бонкӣ коҳиш ёфт. Аз омилҳои дигари пешгирикунандаи рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар ҷумҳурӣ кам будани донишҳои молиявии шаҳрвандон мебошад. Дар баробари ин, нархи гарони интернет, чандон сифати хуб надоштани он ва ниҳоят пурра пешниҳод нагаштани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ аз ҷониби тоҷирон боиси навбат поидани шаҳрвандон дар назди банкоматҳо пас аз ҳисобӣ шудани маошашон мегардад. Кормандони бонкҳо собит менамоянд, ки бисёриҳо кортҳои бонкиро як ҷузъи интиқоли пули нақд ҳисобида, ҳатто гумон намекунанд, ки он метавонад барои пардохти молу хизматрасониҳо истифода шавад.
БАРТАРИЯТҲОИ РУШДИ ҲИСОББАРОБАРКУНИҲОИ ҒАЙРИНАҚДӢ
Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар муомилоти пулии кишвар дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ як қатор чораҳоро меандешад. Дар натиҷа, алҳол пардохти ҳаққи истифодаи қувваи барқ, об, хизматрасониҳои коммуналӣ, нақлиёти ҷамъиятӣ, бозрасии давлатии автомобилӣ, маблағҳои андоз ва дигар хизматрасониҳои давлатӣ тавассути воситаҳои электронии пардохт ва ба таври ғайринақдӣ имконпазир мебошад.
Оммавӣ гаштани истифодаи воситаҳои электронии пардохт ҳангоми хириди молу маҳсулот ва истифодаи хизматрасониҳо ба вусъат ёфтани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар муомилоти пулии кишвар мусоидат намуда, як қатор бартариятҳоро фароҳам меорад.
Гузариш аз пули нақд ба пардохтҳои электронӣ дар самти идоракунии беҳтар, ҷамъоварии андоз, мубориза бо иқтисоди пинҳонӣ ва афзоиши ММД манфиатҳои калон меорад. Мушоҳидаҳо ва таҳлилҳои иқтисодии ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, ки рушди иқтисодӣ дар кишварҳое суръат мегирад, ки пул тавассути пардохтҳои электронӣ гардиш мекунад ва он нақши муҳим дорад.
ТАҲАВВУЛОТИ ПАРДОХТҲО
Бо гузашти тақрибан 70 сол пас аз баровардани кортҳои пластикӣ, бино ба маълумоти Mastercard, 85 дарсади харид дар ҷаҳон ҳоло ҳам бо пули нақд сурат мегирад. Вале дар баъзе кишварҳо ҳиссаи пардохтҳои нақдӣ, аллакай, ба сифр баробар шудааст. Масалан, дар Шветсия, ки соли 1661 аввалин шуда дар ҷаҳон пулҳои коғазиро ба муомилот бароварда буд, тибқи гузориши солонаи пардохтҳо дар ҷаҳон (World Payments Report), соли 2011 дар ин кишвар танҳо 3 фоизи ҳисоббаробаркуниҳо бо пули нақд анҷом дода мешуд ва дар соли 2015 ин нишондиҳанда ҳамагӣ 2 фоизро ташкил дод. Ҳолати шабеҳ дар Дания ва Исландия ҳукмрон мебошад ва ин тамоюл афзоиш дошта, на танҳо Аврупову Амрико, балки Ҳиндустону Чин ҳам, ба самти радкунии пурраи пули нақд ҳаракат доранд. Коҳиши суръати гардиши пули нақд маънои онро дорад, ки пардохти ғайринақдӣ байни истеъмолкунандагон маъмултар мешавад. Дар ояндаи наздик хурдтарин муомилоти пардохтӣ электронӣ хоҳад шуд. Ба ин иқтисодиёти рақамӣ, ки хароҷот ва вақти истеъмолкунандагонро хеле сарфа мекунад, мусоидат менамояд.
Шаҳноз ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»