ҶАҲОН

10 декабр 2025, Чоршанбе
7


19-20-уми декабр дар Токио саммити Осиёи Марказӣ ва Ҷопон баргузор мешавад


CentralAsia (KZ). Ҳукумати Ҷопон барои баргузории саммити сарварони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар формати «C5+1» рӯзҳои 19-20-уми декабр дар Токио омодагӣ мегирад. Дар ин бора Таро Асо, ноиби президенти Ҳизби ҳокими либералӣ-демократӣ, дар ҷаласаи лигаи парлумонии LDP, ки барои рушди ҳамкориҳои Ҷопон ва кишварҳои минтақа талош мекунад, эълон дошт. "Дар шаш моҳи ахир Русия, Чин, ИМА ва дигар мамлакатҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ вохӯриҳо баргузор намуданд. Аз нигоҳи дипломатӣ муҳим аст, ки Ҷопон низ бомуваффақият чунин нишастро анҷом диҳад", – гуфт Асо. Ҳамчунин, имкони баргузории мулоқотҳои дуҷониба миёни Сарвазири Ҷопон Санаэ Такаити бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ мешавад.


Кумитаи миллии зиддитеррористӣ аз ҷилавгирии 273 ҳамлаи террористӣ дар Русия хабар дод


INTERFAX.RU. Кумитаи миллии зиддитеррористӣ хабар дод, ки аз аввали сол дар Русия наздик ба 400 ҷинояти террористӣ, аз ҷумла 273 ҳамлаи террористӣ, ҷилавгирӣ гардидааст. Ҳамчунин, бо нақши созандаи «Росфинмониторинг» соли ҷорӣ муомилоти молӣ ва суратҳисоби беш аз 5500 нафаре, ки дар ҷиноятҳои террористӣ даст доранд, ба маблағи 490 миллион рубл пешгирӣ ва баста шуданд. «Рос-комнадзор», мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ниҳодҳои назоратӣ бо мақсади ҳифзи фазои иттилоотӣ аз таблиғоти терроризм, неонатсизм ва дигар ақидаҳои радикалӣ беш аз 37 000 маводи марбут ба терроризмро аз интернет ҳазф карданд", – афзуд Кумитаи мазкур.


Лукашенко: «Белоруссия хоҳони ҷанг нест, аммо барои пешгирӣ кардани он тайёрӣ хоҳад дид»


EurAsiaDaily. Александр Лукашенко дар ҷаласаи Шурои амнияти кишвараш 9-уми декабр изҳор дошт, ки Белоруссия хоҳони ҷанг нест, аммо барои пешгирӣ кардани он тайёрӣ хоҳад дид. Роҳбари Белоруссия ёдовар шуд, ки Полша, Олмон ва дигар кишварҳо, ҳатто кишварҳои хурде, ки мо бо онҳо ҳаммарз ҳастем, на танҳо буҷети низомии худро зиёд мекунанд, балки мекӯшанд артиши худро тақрибан ду баробар бештар намоянд. "Агар касе кореро анҷом диҳад, пас, ба он ниёз дорад. Ва ин кишварҳо барои он чизе, ки "бархӯрди Русия ва Белоруссия" меноманд, маблағҳои ҳангуфтро харҷ наменамоянд", – таъкид кард Лукашенко. Дар робита ба ин, ӯ гуфт: «Мо ҷангро намехоҳем ва касеро душман ё рақиби худ намешуморем. Бо вуҷуди ин, ба ҷанг омодагӣ мебинем, то он рух надиҳад. Мо инро ошкоро ва қотеона баён медорем. Манфиатҳои мо хеле содаанд ва онҳо аз марзҳои мо берун намераванд. Ҳама чиз дар дохили давлати худи мост".


Стубб: «Сулҳ дар Украина, беш аз пеш, наздик аст»


EurAsiaDaily. Ба гузориши хабаргузории Bloomberg, Президенти Финляндия Александр Стубб дар як чорабинӣ дар Ҳелсинки гуфт, ки сулҳ дар Украина, беш аз пеш, наздик аст. Нашрия аз суханони ӯ иқтибос меорад: "Мо ба созиш хеле наздик ҳастем". Ба гуфтаи Стубб, музокирот дар бораи Украина ба имзои се санади ҷудогона дахл хоҳад кард, аз ҷумла созишномаи тахминиву қолабие ҷиҳати барасии сохтори ояндаи амнияти Аврупо. Бо вуҷуди ин, Стубб изҳор медорад, ки ҳоло раванди мувофиқаи шартҳои қобили қабул идома дорад. Рӯзи душанбе Стубб дар пайи музокироти Владимир Зеленский ва роҳбарони Аврупо дар Лондон пешрафтро дар ҳалли низои Украина эълон кард, ҳамчунин, гуфт, ки барои ин вақти бештар лозим аст.


Масъули гӯша: Сайфулло АШУРОВ

Санаи нашр: 10.12.2025 №: 235