ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИК
Ҳазорон сол тоҷик тоҷдорӣ кард,
Миёни номдорон номдорӣ кард.
Забону давлаташ буд, тоҷу тахташ буд,
Миёни марзбумаш пойтахташ буд.
Даме аз даст рафта пойтахти ӯ,
Ба номи дигарон шуд тоҷу тахти ӯ.
Забонашро чу тоҷи сар нигаҳ медошт,
Сарашро дар забонаш ӯ панаҳ медошт.
Забонашро надоду дод ҷонашро,
Нигаҳ медошт бо ҷонаш забонашро.
Бидод ӯ пора-пора хоки худ аз даст,
Забонаш чун равонаш аз бало вораст.
Забони ӯ равон бо Сиру Ому буд,
Равони ӯ, вале, андар сари мӯ буд.
Агарчанде ба тоҷик буд маҳол ин ҳол,
Расид имрӯз ӯ бар рӯзи Истиқлол,
Муборак, тоҷик, Истиқлолу озодӣ,
Муборак бар ту бод ин хонаободӣ!
Азим ИБРОҲИМ
