ФУТБОЛ

10 декабр 2025, Чоршанбе
12


ФФТ дараҷаи тиллоии Хартияи футболи оммавии КФО-ро ба даст овард
Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ба сатҳи тиллоии Хартияи футболи оммавии Конфедератсияи футболи Осиё (AFC Grassroots Charter – Gold Level Membership), ки баландтарин эътирофи дастовардҳои ассотсиатсияҳои миллӣ дар рушди футболи оммавӣ мебошад, сазовор дониста шуд.
Сертификати тиллоӣ ба федератсияҳое дода мешавад, ки талошҳои устувор, бузург ва самаранокро барои беҳтар кардани дастрасӣ ба футбол ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати иштироки доираи васеи аҳолӣ ба футбол нишон медиҳанд.
Ба иттилои ФФТ, аъзои Комиссияи КФО оид ба футболи оммавӣ зимни сафар ба Душанбе баҳогузории ҳамаҷонибаи фаъолияти ФФТ ва Лигаи футболи кӯдакон ва наврасони Тоҷикистонро анҷом доданд. Ҳайат бо барномаҳо ва лоиҳаҳо, ки ба тарғиби футбол дар байни кӯдакон, ҷавонон ва занон нигаронда шудаанд, инчунин ташаббусҳое, ки минтақаҳои гуногуни кишварро фаро мегиранд, ошно шуданд.
Пас аз боздид намояндагони КФО таъкид намуданд, ки фаъолияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Лигаи футболи кӯдакон ва наврасон дар рушди футболи оммавӣ саҳми назаррас мегузорад ва ба стандартҳои байналмилалии КФО ҷавобгӯ мебошад.


ШОҲМОТ
Ду медали Илҳомӣ дар Чемпионати Осиё
Устоди байналмилалӣ Ҷамолиддин Илҳомӣ дар Чемпионати Осиё байни наврасон ва ҷавонон, ки дар Бангкоки Тайланд доир гашт, ду медали биринҷӣ ба даст овард.
Дар мусобиқа қавитарин шоҳмотбозони ҷавони қора ширкат карданд. Ҷамолиддин дар равияҳои рапид ва блитс ҷойи сеюмро гирифт.
Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон гуфтааст, ки муваффақияти устоди байналмилалӣ натиҷаи омодагии мунтазам, кори пайвастаи мураббиён ва дастгирии оилааш аст. Муваффақияти ӯ барои шатранҷбозони ҷавони кишвар намуна хоҳад буд.


ФУТЗАЛ
Ду марҳалаи лигаи футзали кишвар анҷом ёфт
Ду марҳалаи Чемпионати футзали Тоҷикистон анҷом ёфт. Дар чемпионати имсола 8 даста ширкат дошт.
Бар асоси натиҷаҳои 14 давр, ҷуфтҳои чорякфинал муайян шуданд. “Сипар” ва “Истиқлол”, ки дар ду ҷойи аввали ҷадвали мусобиқа қарор гирифтанд, мустақим ба нимфинал роҳ ёфтанд ва интизори ғолибони бозиҳои чорякфиналӣ мешаванд. Дар чорякфинал “Соро Компания” (ҷойи 3-юм пас аз ду давр) бо КМВА (ҷойи 6-ум), “Амонатбонк” (ҷойи 4-ум) бо “Сомон” (ҷойи 5-ум) бозӣ мекунанд. Ғолибони ин ҷуфтҳо ба нимфинал роҳ меёбанд ва барои унвони чемпионӣ талош мекунанд.


Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 10.12.2025 №: 235