ДИРАФШИ ПРЕЗИДЕНТ. ЁДГОРИ ПОДШОҲОНИ ПЕШИН БО ҶИЛОИ НАВ

12 декабр 2025, Ҷумъа
6


Ливои Президент рамзи расмии Президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Намо ва рангҳои истифодашудаи ин Ливо низ мисли Парчами давлатӣ аз маъниву фалсафаи вижаи давлатдории мо ва ҳаводиси таърихӣ иборат мебошад. Бино ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, рамзҳои Президентро Ливо ва Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳанд.
Ливои Президент матои хоси росткунҷаест, ки аз се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта иборат аст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ яку ним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Даври он ба андозаи 50 мм, бо ресмони зарҳалӣ дастдӯзӣ шуда, бо шилшилаҳо оро ёфтааст. Таносуби бару дарозии Ливо 1 бар 2 метр аст.
Дар маркази Ливо тасвири «Дирафши Ковиён» (ба ҷойи тоҷ дар Парчами давлатӣ) инъикос ёфта, он рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлатдории миллист. Дар қисми болоии «Дирафши Ковиён» найза ҳамчун рамзи ирода ва қудрати ҳифзи Ватан тасвир ёфтааст.
Бахши чаҳоргонаи «Дирафши Ковиён» чаҳор гӯшаи гетӣ буда, рамзи равобити некӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳо ва халқҳои ҷаҳон мебошад.
Дар дохили «Дирафши Ковиён» чаҳор шохаи марғула ҳамчун рамзи ҳамеша дар ҳаракат будани вақту замон, гардиши Замин ва дигар аносири коинот дар атрофи Хуршед инъикос ёфта, баёнгари бахт, ваҳдат, саодат ва пешрафти кишвар аст. Як навъ рамзи он аст, ки кирдори заминиён бо низоми кайҳонӣ дар иртибот мебошад.
Дар маркази «Дирафши Ковиён» тасвири шери болдор ҳамчун рамзи қудрат, нерумандӣ ва шукӯҳи давлат дар рӯйи осмони кабуд омада.
Дар болои тасвири шери болдор тоҷ ва ҳафт ситораро бо андозаи хурдтар тасвир кардаанд, ки ишора ба тоҷдории миллати мост.
Дар бахши болоии чӯбдасти Ливо лавҳаи заррин васл мегардад, ки дар он насаб, ном ва номи падари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зикри муҳлати салоҳияти конститутсионии ӯ ҳаккокӣ мешавад. Нӯги чӯбдасти Ливо шакли гунбади зарринро дорад.
Ҷойи нигоҳдошти нусхаи асли Ливои Президент дафтари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи он пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе мебошад.
Нусхаи Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, қароргоҳи зисти доимии Президент, дигар қароргоҳҳо ҳангоми ҳузури Президент ва воситаҳои нақлиёти Президенти Тоҷикистон афрохта мешавад. Ливои Президент якҷо бо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як сатҳ афрохта мешавад.
Ливои президентиро дар кишварҳои хориҷӣ штандарти президент меноманд. Калимаи «штандарт» аз вожаи нидерландӣ гирифта шуда, маънои парчами сарвари давлат, император, подшоҳ, президентро дорад, ки дар ҷойи истиқомат ва қароргоҳаш меафрозанд. Онро дар асрҳои миёна барои таъкид ба бузургӣ ва қудрати шоҳон нигоҳ медоштанд. Штандартҳо аз матоъҳои гаронарзиш сохта шуда, бо зару нуқра ва сангҳои қиматбаҳо оро меёфтанд.
Дирафши Ковиён аввалин Парчами шоҳони Каёнӣ, Ҳахоманишӣ, Ашконӣ ва Сосонӣ буд, ки аз як сулолаи шоҳӣ ба дигаре мерасид ва дар ҳуҷуми арабҳо ба дасти онон афтод ва нобуд шуд. Мавҷудияти дирафш то ба соли 632-и мелодӣ комилан собитшуда мебошад. Аз китоби “Таърихи Табарӣ” бармеояд, ки шоҳ Фаридун дирафшро дар хазинаи давлат ҳамчун фоли нек нигоҳ медошт ва дар ҳар набард онро бо худ мебурд, то пирӯзӣ ёбад.
Ин аст, ки имрӯз ба хотири посдории он ҳама қаҳрамониву фидокориҳои аҷдоди миллати тоҷик дирафши Коваи оҳангарро ҳамчун рамзи пирӯзӣ ва сулҳу озодӣ эътироф намуда, онро дар маркази Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвир кардаанд.


Б. БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 12.12.2025 №: 236