МД “МАҶМААИ ТАНДУРУСТИИ ДӮСТИИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН”. ХИЗМАТИ БОСИФАТ БА МАРДУМ ШИОРИ КОРМАНДОН АСТ

12 декабр 2025, Ҷумъа
4

Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон”, воқеъ дар ноҳияи Қубодиён, самари дӯстии мардумони тоҷику ӯзбек таҳти роҳбарии президентҳои хирадманд Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев мебошад, ки ҳоло барои ҳазорҳо нафар хизматрасонии босифат анҷом медиҳад. Маҷмаа дорои 250 кат буда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин аст ва кормандони чашмикордон дар он фаъолияти босамар доранд.
Муҳаммад Билолов, директори Муассисаи мазкур, бо қаноатмандӣ изҳор дошт, ки дар ин ҷо барои кормандон шароити хуби кор фароҳам оварда шудаасту сол ба сол малакаю таҷрибаи онҳо ҳам мукаммал мегардад. Чунончи номбурда изҳор дошт:
“Фаъолияти бемористон бо як ду ноҳия маҳдуд нашуда, қариб аз тамоми навоҳии вилоят дар ин ҷо ба табобат фаро гирифта мешаванд. Муассиса аз қисмати маъмурият, 18 шуъбаи ташхисию табобатӣ, ду бахш ва ду ҳуҷраи ёрирасон иборат буда, дар он 483 нафар аз рӯйи ихтисосҳои гуногуни соҳаи тиб машғули кор аст. Ҳамчунин, имсол боз 18 табиби ботаҷриба ба кор қабул гардид. Дар ин муддат наздики 13,5 ҳазор нафар дар беморхонаи мазкур ба табобат фаро гирифта шуд.
Соли равон дар Муассиса ҷарроҳиҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ гузаронда шуданд, ки боз як гоме дар самти пешрафти тибби кишвар маҳсуб меёбад. Аз ҷумла, табибони беморхонаи номбурда ҷарроҳиҳои эндолигированияи варидҳои сурхрӯда ҳангоми хунравӣ дар беморони серози ҷигар, ампутатсияи болои маҳбалии бачадон бо усули лапарасконӣ дар беморони миомаи бачадон, кисэтомияи лапарасконӣ дар беморони кистаи калонҳаҷми гурда, кушодану рафъи баромади куҳнашудаи бозу, ҷобаҷокунии пӯшидаи шикасти қулфак (спитсҳои Илизаров), гаймаротомияи эндоскопӣ, ринопластика, чуррабурии тармимӣ бо усули ТАРР ва эндопротезкунии умумии косу ронро сарбаландона бо сифати хуб анҷон доданд.
Ҳамчунин, дар Муассиса озмоишгоҳҳои таҳлилҳои биохимия ва умумии хун, пешоб, фазла, ВНМО, RW, антиген, гурӯҳи хун, каогулограмма, гепатити В – ИФА, гепатити С – ИФА, спермограмма, торч инфексия, СOVID–19 гузаронда мешаванд”.
Боиси хушнудию шукргузорист, ки таъмини чунин шароити муосири табобат барои сокинон боз ҳам боиси беҳбуди рӯзгорашон мегардад. Онҳо дар ҷойи зисти худ бо харҷи маблағ кам ва сарфаи вақт табобат мегиранд. Ин дастрасӣ ба хизматрасонии муосири тиббӣ, пешгирӣ ва аз байн бурдани бемориҳои гуногун, аз ҷумла касалиҳои сироятӣ, фавти модару кӯдак, дар шароити муосир ва бо риояи қоидаҳои гигиению санитарӣ расондани кумакҳои аввалияи тиббӣ мебошад.
Муҳаммад Билолов ба ин бовар аст, ки ҳар як корманди беморхонаи мазкур баробари истифода аз имкониятҳои васеи табобатӣ боз масъулияти бештар эҳсос карда, барои анҷоми босифати амалиётҳо камар мебандад. Дар ин макони шифобахшӣ, ки дорои қариб ҳама шароити мусоиди корист, беҳтарин табибон ба кор ҷалб мешаванд, то ба эътибору обрӯйи маркази саломатии бузурги муштарак шоиста бошанд.


Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 12.12.2025 №: 236