ДАВЛАТМАНД ХОЛОВ

12 декабр 2025, Ҷумъа
5


Ӯ касбаш меъмор буд, аммо ба дунболи ҳунар рафт ва дар эъмори “кохи муҳташами Фалак” нақши меҳварӣ гузошт. Ӯ, бешак, фалаксароиро равнақ бахшид, мактаби шоиста созмон дод, шогирдони зиёдеро ба камол расонд ва дар ташаккулу рушди фалаксароӣ хидмати бемисл карда, худро ҳамчун фалаксаро дар ҷаҳон машҳур намуд.
Давлатманд Холов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, дорандаи ордени Шараф, дараҷаи 1, ордени Дӯстӣ, 26-уми октябри соли 1950 дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба дунё омадааст.
Ӯ ба мусиқиву сарояндагӣ аз хурдӣ завқ дошт. Аз падару бародар ва омӯзгорони мактаби деҳа, то бузургони санъати маҳаллӣ таълими мусиқӣ гирифта, бо мурури замон, вориди ин дунёи ҳунари воло мешавад.
Аввалин бор дар 13-солагӣ марсия сароида, аз маҳорати худододии худ дарак медиҳад. Пас аз он, ӯро ба чорабиниҳои фарҳангии ноҳия даъват менамуданд. Баъдан, ӯ аз мактаби устодони шеъру мусиқӣ: Сайдалӣ Вализода, Қурбоналӣ Раҷаб, Ҳақназар Кабуд, ки дар минтақа ҳам шеър менавиштанду ҳам овозхонӣ менамуданд, сабақ мегирад ва ба пайраҳаи эҷодиву ҳунарии устод Одина Ҳошим ва дигар ҳофизони фалаксаро ворид шуда, нозукиҳои касби мусиқиро омӯхта, қобилияти эҷодии худро такмил мебахшад.
Академик Абдуҷаббор Раҳмонзода мегӯяд: «Хунёгари бузург Давлатманд Холов, бешак, идомадиҳандаи мактаби фалаксароёни тоҷик, бахусус мактаби Одина Ҳошимов, буд. Вай ин санъатро ба таври мукаммал аз ҷиҳати назарӣ ва амалӣ омӯхта, дар ин ҷода пайраҳаи бузурги худро пайдо намуда, ба дараҷаи устодӣ расида буд. Фалаки Давлатманд пур аз дарду ҳасрат, ғаму шодӣ, ишқу ормон ва сӯзу гудоз буд ва аз қаъри дил мисли чашмаи нуқрафом фаввора мезад ва атрофро ба ларза медаровард»...
Давлатманд Холов баъди хатми риштаи меъморӣ ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил мешавад. Баробари таҳсил ӯ бо оҳангсозони машҳур Фаттоҳ Одинаев, Хайрулло Абдуллоев, Миратулло Атоев ва дигарон шинос шуда, аз онҳо назокату таровати мусиқиро меомӯзад. Мактаби бузурги фалаксароӣ ба Давлатманди ҷавон имкон дод, ки бо дилбохтагӣ, меҳру муҳаббати бепоён ба майдони санъат ворид шавад ва дар муддати кӯтоҳ ҳаводорони зиёд пайдо намояд.
Файзалӣ Ҳасан, Ҳофизи халқии Тоҷикистон, мегӯяд: «Давлатманд Холов сар то по ҳунар буд ва барои муаррифии санъати тоҷик зиёд талош кард ва ба мақсадаш ҳам расид. Ӯ барои ҷаҳонӣ шудани Фалак саҳми бузург гузошт ва дигар Фалак бо номи Давлатманд Холов пайванди ногусастанӣ дорад ва таърих инро фаромӯш нахоҳад кард».
Соли 2021 дар шаҳри Париж аз тарафи ЮНЕСКО «Фалак» шомили мероси фарҳангии ғайримодии башарӣ шуд, ки ба ин поя расидани ин риштаро ҷузъе аз талошҳои Давлатманд Холов медонанд.
Давлатманд Холов бо ишқи Фалак зиндагӣ менамуд, нафас мекашид ва илҳом гирифта, оҳанг эҷод мекард. Ӯ ошиқи ашъори Мавлоно буд. Нуқтаи авҷи ҳунарии Давлатманд Холов мавлавихонии ӯ буд. Ӯ ғайр аз ғазалҳои Мавлоно, инчунин, аз ашъори дигар шоирони классик беш аз сад суруд сароидааст. Аз шоирони муосир бештар ба ашъори устод Лоиқ оҳанг бастааст. Ғазалҳои «Дур машав», «Шоҳ паноҳам бидеҳ», «Шоҳнома Ватан аст», «Куртаи ту ранг-ранг», «Афсус», «Соқиё» ва ғайра аз маъруфтарин фалакҳои ин овозхон аст.
Хулоса, Давлатманд Холов дар санъати мусиқии тоҷик бо эҷодиёташ абадан ҷой гирифта, шоҳасарҳои барҷастаи мусиқӣ ба мерос гузошт, ки фардоиён аз он истифода менамоянд.
Моҳи феврали соли 2024 Давлатманд Холов дар синни 74-солагӣ бар асари бемории шадид аз олам чашм пӯшид.


Таҳияи Фирӯзи АЛИШЕР, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 12.12.2025 №: 236