«БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН». “ҶУМҲУРИЯТ” ҒОЛИБИ ОЗМУН ДАР НОМИНАТСИЯИ “БЕҲТАРИН ИНЪИКОС ДАР ВАО”

15 декабр 2025, Душанбе
9

Бори дуюм аст, ки Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар баробари соҳибкорони ватанӣ дар Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» дар номинатсияи “Беҳтарин инъикос дар васоити ахбори омма” соҳиби ҷоиза мегардад, ки боиси ифтихор аст. Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони ин Озмуни бошукӯҳ 11-уми декабри соли равон дар меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенси”-и шаҳри Душанбе, баргузор шуд.


Дар маросими ҷоизасупорӣ муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода таъкид дошт: “Баъди таъсисёбии Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир дар кишвар дар самти пешбурди фаъолияти содиротӣ як қатор тадбирҳои судманд, бахусус баргузории форумҳо, мизҳои мудаввар, ташкили намоишгоҳҳо, таҳияи барномаҳои соҳавӣ ба назар мерасад. Ташкил ва баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон” аз ҷумлаи чунин чорабиниҳо ба ҳисоб меравад. Ҳадафи чунин озмунҳо, пеш аз ҳама, дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ буда, ҷиҳати рушди истеҳсолоти маҳсулоти ватанӣ ва муаррифиву содироти онҳо замина мегузорад...”.
Тавре таъкид шуд, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз якуми ноябри соли 2024 ба Низомномаи Агентӣ тағйиру иловаҳо ворид шуд, ки тибқи он ба Агентии содирот ваколати ҳамасола пешниҳод намудани содироткунандаҳои боэътимод ва ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» ҷиҳати сарфароз гардондан бо мукофотҳои давлатӣ вогузор гардид. Дар робита ба ин, аз тарафи Агентии содирот ғолибони Озмуни мазкур дар соли сипаришуда, тибқи тартиби муқарраргардида, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуданд ва соли ҷорӣ бори аввал дар таърихи фаъолияти Агентии содирот бо дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари корхонаи истеҳсоли қандакҳои мевагии “Тути Помир” дар арафаи Ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатӣ бо медали Хизмати шоиста сарфароз гардид.
Директори Агентии содирот Баҳриддин Сироҷиддинзода иброз дошт, ки бо дарназардошти шиддат гирифтани таҳримҳои иқтисодӣ байни кишварҳои абарқудрат, маҳдудкунии содироти номгӯйи муайяни маҳсулоти ниёзи аввалия аз тарафи баъзе кишварҳо, таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири омилҳои берунӣ, ки боиси шикасти занҷираи логистикаи мавҷуда ҳангоми табодули молу маҳсулот шудааст, барои таъмини иҷрои стратегияву барномаҳои соҳавӣ дар соҳаи содирот мушкилиҳо пеш овардаанд. Сарфи назар аз ин, шоҳиди он ҳастем, ки бо мақсади ҳалли мушкилот ва бартараф намудани монеаҳои ҷойдошта аз тарафи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои дарёфти роҳҳои алтернативии логистикаи нақлиётӣ, аз ҷумла баромадан ба бандарҳои баҳрӣ, ифтитоҳи марказҳои тақсимоти яклухт бо мақсади пешбурд ва мавқеъгирии маҳсулоти ба содирот нигарондаи ватанӣ дар хориҷи кишвар ва ба ҳамин васила афзудани ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ, дода мешавад.

Дар ин росто, аз соҳибкорону содироткунандаҳои боэътимоди ватанӣ даъват ба амал оварда шуд, ки ба сифати молу маҳсулоти содиротшаванда, иҷрои саривақтӣ ва пурраи уҳдадориҳои шартномавӣ диққати махсус диҳанд, зеро аз риояи ин омилҳои муҳими тиҷорати хориҷӣ на танҳо эътибор ва эътимоднокии ҳар як содироткунандаи ватанӣ, балки нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ вобастагии мустақим дорад.


Дар қисмати дуюми чорабинӣ аз рӯи натиҷагирии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» ҶДММ “Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии тоҷик” дар номинатсияи “Саноатӣ” сазовори ҷойи аввал ва соҳиби диплому ҷоиза шуд. Дар ин баробар, корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, ки дар ин давра фаъолияти назаррас доштанд, бо туҳфаҳои муносиби таъсисдодаи масъулон қадр гардиданд. 
Ёдовар бояд шавем, ки барои Озмун 82 субъекти соҳавӣ дархост пешниҳод карда буданд ва аз онҳо дар номинаҳои гуногун 41 субъект пирӯз омад.
Озмун чун анъана ҳар сол баргузор шуда, тибқи низомнома корхонаҳои истеҳсолӣ метавонанд иштирок намоянд. Барномаи мукаммали фарҳангӣ анҷомбахши ин чорабинӣ буд.


Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 15.12.2025 №: 237