СОР 30: ҲАМОИШИ САРНАВИШТСОЗ ДАР ҲИФЗИ ТАБИАТ ВА АМНИЯТИ ЭКОЛОГӢ

15 декабр 2025, Душанбе
7

Имсол Конфронси 30-юми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (СОР 30) дар шаҳри Белеми давлати Бразилия баргузор гардид, ки дар доираи он чандин дигар чорабиниҳои канорӣ доир шуданд. Ин ҳамоиши бузург, ки дар он намояндагони ҳудуди 200 кишвари ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат доштанд, ҳамчун яке аз рӯйдодҳои муҳими сиёсиву экологӣ дар сатҳи глобалӣ баҳогузорӣ мешавад.
Бори нахуст баргузории СОР дар ҳудуди ҷангалҳои тропикии Амазонка аҳамияти рамзии Конфронсро баланд намуд. Ин минтақа яке аз бузургтарин захираҳои табиӣ ба шумор рафта, дар танзими иқлими сайёра ва нигоҳдории гуногуншаклии биологӣ нақши калидӣ мебозад. Маҳз ҳамин омил боис гардид, ки масъалаи ҳифз ва барқарорсозии ҷангалҳои тропикӣ дар рӯзномаи Конфронс мавқеи марказӣ касб намояд.
СОР 30 ба иҷрои уҳдадориҳои қаблӣ ва гузариш аз изҳороти сиёсӣ ба амалҳои мушаххас равона гашта, масъалаҳои асосии такмили нақшаҳои миллии иқлимро фаро гирифт. Кишварҳо вазифадор шуданд, ки нақшаҳои миллии коҳиши партовҳои газҳои гулхонаиро (NDC) то сатҳе мутобиқ созанд, ки ҳадафи нигоҳ доштани афзоиши ҳарорати сайёра дар ҳудуди 1,5 дараҷа таъмин гардад. Дар робита ба ин, дар ифтитоҳи ҳамоиш роҳбари UNFCCC, ҳамчунин, роҳбарон ва вакилони кишварҳо COP 30-ро ҳамоиши амалӣ номиданд, ки ҳадаф на танҳо суҳбат дар бораи уҳдадориҳо, балки оғози татбиқи онҳост. Президенти кишвари мизбон – Бразилия Луис Инасио Лула да Силва, COP 30-ро «ҳамоиши ҳақиқат» эълон намуд, ки дар он кишварҳои тараққикарда бояд уҳдадориҳои худро иҷро кунанд.
Воқеан, тағйирёбии иқлим сол ба сол боиси афзоиши офатҳои табиӣ гардидааст. Бинобар ин, иштирокдорони ҳамоиш зарурати таҳкими чораҳои мутобиқшавӣ, таъминот бо инфрасохтор ва ҳифзи иҷтимоиро махсус таъкид намуданд. Ҳамчунин, ҷалби маблағҳои иловагӣ барои кишварҳои осебпазир яке аз масъалаҳои асосӣ буд. Таъкид шуд, ки барои дастгирии давлатҳое, ки имкониятҳои иқтисодӣ ва технологии маҳдуд доранд, механизмҳои шаффофи маблағгузорӣ зарур мебошад.
Бо дарназардошти баргузории Конфронс дар Амазонка, инчунин, пешниҳод гардид, ки барои кишварҳои дорои ҷангалҳои тропикӣ барномаҳои махсуси дастгирӣ, аз ҷумла механизмҳои молиявӣ ва лоиҳаҳои ҳифз ва барқарорсозӣ, амалӣ шаванд.
Дар натиҷаи музокирот ҳуҷҷати нави роҳнамо қабул гардид, ки иҷрои уҳдадориҳои Созишномаи Парижро тақвият мебахшад. Ин санад механизмҳои арзёбӣ, навсозии сиёсати миллии иқлим ва тақвияти иқтидорҳои кишварҳоро таҷассум менамояд. Гузашта аз ин, СОР 30 аҳамияти ҳифзи ҷангалҳои тропикиро ҳамчун омили муҳими таъмини амнияти экологӣ таъкид кард.
СОР 30 нишон дод, ки ҷаҳони имрӯз дар марҳалаи нави мубориза бо тағйирёбии иқлим қарор дорад. Таъмини амнияти экологӣ ва рушди устувор дигар танҳо масъалаи миллӣ ё минтақавӣ нест, балки ба иқдоми ҳамгироии ҷаҳонӣ ниёз дорад. Ин ҳамоиш бори дигар собит сохт, ки танҳо дар асоси ҳамкории васеъ, иродаи сиёсӣ ва татбиқи амалҳои мушаххас метавон ба ҳадафҳои ҳифзи муҳити зист ва таъмини амнияти устувор барои наслҳои оянда ноил гардид.


Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 15.12.2025 №: 237