ПРОФЕССОР. ПОРАЕ АЗ ЗИНДАГИНОМАИ УСТОД АБДУМАНОН АБДУЛЛОЕВ

15 декабр 2025, Душанбе
8


Дар пайроҳаи душвору заҳматталаби илм қудратмандтарин нафароне қадам мегузоранд, ки аз душвориҳо наҳаросида, ранҷу меҳнати илмро нек таҳаммул мекунанд ва бо осори илмиашон баҳри илмро ғанӣ ва тарафҳои торики ноаёни онро чароғон месозанд.
Дар ин ҷода бо хушнудӣ месазад авроқи рангину пурмуҳтавои яке аз донишмандони шинохтаву бонуфузи соҳаи илми биологияи муосир, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илми биология, профессор, мудири озмоишгоҳи биохимияи фотосинтези Институти ботаника, физиология ва генетикаи рустании АМИТ устод Абдуллоев Абдуманонро саҳифагардонӣ кунем.
Қобили зикр аст, ки Абдуллоев Абдуманон пас аз хатми факултаи химияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи рустании АМИТ ба фаъолият шуруъ намуд. Ӯ дар ин даргоҳ солҳои гуногун лаборанти калон, ходими хурди илмӣ, иҷрокунандаи вазифаи мудири озмоишгоҳ, ходими калони илмӣ кор карда, аз соли 1985 инҷониб мудири озмоишгоҳи биохимияи фотосинтези Институтро бо сарбаландӣ ба уҳда дорад.
Бояд таъкид кард, ки самти асосии корҳои илмӣ-тадқиқотии Абдуманон Абдуллоев, асосан, тадқиқоти фотосинтетикии рустаниҳо, ферментҳои аҳамияти калидӣ-асосӣ дошта, метаболизми фотосинтетикии карбон ва роҳҳои танзим кардани он вобаста ба равандҳои адаптатсионии С3-рустаниҳо ба омилҳои мухталифи экологӣ ва дар ҷамъбасти он боз ҳам афзунтар гардондани маҳсулнокии зироатҳои кишоварзӣ мебошад.
Корҳои пурсамараи устод Абдуманон Абдуллоев аз тарафи аҳли илм қадр шуда, мавсуф соли 2007 бо унвони профессор дар соҳаи илми «Физиология ва биохимияи рустаниҳо» мушарраф гардид ва соли 2008 ба узвияти узви вобастаи АИ ҶТ интихоб шуд. Аз ҷониби ӯ зиёда аз 360 корҳои илмӣ ба табъ расидаанд, ки аксари онҳо дар маҷаллаҳои бонуфузи «Физиологияи рустанӣ», «Паёми донишгоҳи Санкт-Петербург» (Россия), «Физиология ва биохимияи рустаниҳои маданӣ» (Украина) дастраси аҳли илм гардидаанд. Натиҷаи тадқиқотҳои илмии Абдуманон Абдуллоев дар бисёр Конгрессҳои байналмилалӣ, съездҳо ва конференсҳо, ки дар Русия, ИМА, Чин, Ӯзбекистон, Туркманистон, Беларус, Украина, Италия, Белгия, Покистон, Испания, Малайзия эътироф гаштаанд.
Саҳми Абдуманон Абдуллоев дар тарбияи кадрҳо дар соҳаи илми физиология, биохимия ва ферменталогия хеле калон аст. Айни замон ӯ роҳбарии илмии 5 унвонҷӯйро ба уҳда дошта, таҳти роҳбарии мавсуф 14 унвонҷӯ рисолаҳои номзадӣ ва як нафар рисолаи доктори илми биологияро дифоъ кардааст.
Ҳамин тавр, Абдуманон Абдуллоев тули умри пурфайзу бобаракати худ дар рушду нумӯи илми ферментология, биохимия ва физиологияи рустанӣ саҳми бориз гузоштааст. Устоди забардаст барои хизматҳои шоён дар равнақу ривоҷи илми биологияи тоҷик бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали Хизмати шоиста сарфароз гардидаанд.


А. МИРЗОРАҲИМЗОДА, ноиби президенти АМИТ,
Б. ҶУМЪАЕВ, узви вобастаи АМИТ

Санаи нашр: 15.12.2025 №: 237