БОКС
Нуқра ва биринҷии муштзанҳои кишвар дар Чемпионати ҷаҳон
Тими мунтахаби бокси Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳонии бокс байни мардон, ки таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) аз 24-уми ноябр то 13-уми декабр дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуд, ду медал (як нуқра ва як биринҷӣ) ба даст оварданд.
Хусравхон Раҳимов, ки дар таърихи бокси тоҷик аввалин шуда ба финал роҳ ёфт, бо медали нуқра ва 150 000 доллар сарфароз гардид. Хусравхон дар вазни 57 кг дар финал аз Оразбек Асилқулови қазоқ шикаст хӯрд. Ӯ дар чор муҳорибаи қабл аз финал бар намояндагони Лесото, Муғулистон, Африқои Ҷанубӣ ва Ӯзбекистон пирӯз гашт.
Намояндаи дигари Тоҷикистон Акмал Убайдов дар вазни 60 кг медали биринҷӣ гирифт. Акмал, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм рақибаш аз Англияро дар раунди сеюм бо нокаут мағлуб намуда, дар ҳаштякфинал бар намояндаи Македония ғолиб омад. Дар чорякфинал Серик Темиржанови қазоқро бо ҳисоби 5:0 шикаст дод, вале дар марҳалаи нимфинал аз муштзани русиягӣ Всеволод Шумков мағлуб шуд ва соҳиби медали биринҷӣ, инчунин ҷоизаи молӣ дар ҳаҷми 75 000 доллар гардид.
Дар Чемпионати ҷаҳонии IBA, намояндагони 118 кишвар ширкат доштанд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 13 нафар муаррифӣ карданд.
ФУТЗАЛ
«Сипар» – ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2025
Дастаи «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд бо роҳбарии Сергей Коридзеи украинӣ дар Ҷоми Тоҷикистон-2025 ғолиб гашт.
Дар финал, ки 10-уми декабр дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андоз баргузор шуд, бошгоҳи «Сипар» дастаи «Соро компания»-и Душанберо бо ҳисоби 3:2 шикаст дод. Голҳои «Сипар»-ро Леонардо Корреа Леме, Виера Де Са Фелипе ва Агналдо Эдуардо заданд.
Виера Де Са Фелипе аз «Сипар» беҳтарин бозигари бозии ниҳоӣ дониста шуд.
ФУТБОЛ
Дастаи «Сардор»-и шаҳри Турсунзода ба Лигаи олӣ роҳ ёфт
Барандаи медали нуқраи лигаи якуми Тоҷикистон-2025 – бошгоҳи “Сардор”-и шаҳри Турсунзода дар бозиҳои гузаришӣ дастаи «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъро мағлуб карда, дар мавсими оянда ҳуқуқи баромад дар Лигаи олии Тоҷикистонро ба даст овард.
Ғолибият дар бозиҳои гузаришӣ барои “Сардор” натиҷаи таърихӣ гардид. Бошгоҳи Турсунзода, ки соли 2022 таъсис ёфтааст, бори аввал дар Лигаи олии Тоҷикистон баромад хоҳад кард.
Ҳамин тариқ, «Сардор» дувоздаҳум дастае шуд, ки дар Чемпионати Тоҷикистон-2026 байни дастаҳои Лигаи олӣ иштирок хоҳад кард. Ҳамчунин «Парвоз», ки ғолиби лигаи якум-2025 гардидааст, ба Лигаи олӣ роҳ ёфт.
Бо натиҷагирии мавсими-2025 «Ҳулбук» (Восеъ) ва «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) Лигаи олиро тарк намуданд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
