ТОҶИКИСТОН. САЙЁҲИИ ФАРҲАНГӢ ВА ДАВРАИ НАВИ РУШД

15 декабр 2025, Душанбе
7


Тоҷикистон бо таъриху фарҳанги ғанӣ ва ёдгориҳои беназири гузаштагон ҳарчи бештар таваҷҷуҳи ҷаҳонгардонро ҷалб менамояд. Чунончи, танҳо дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ беш аз 90 ҳазор сайёҳ аз ҷойҳои таърихӣ ва фарҳангии кишвар дидан кардааст, ки ин нишонаи афзоиши маъруфияти Тоҷикистон ҳамчун як макони сайёҳии фарҳангӣ аст. Ин танҳо як рақами холӣ нест, балки самараи таваҷҷуҳу тадбирҳои Ҳукумати мамлакат дар самти ҳифзу гиромидошти ёдгориҳои таърихӣ ва муаррифии шоистаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ мебошад.


Қобили зикр аст, ки солҳои охир дар баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба ҳалли масъалаҳои соҳаи фарҳанг, барои муаррифии мероси бостонии халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ як қатор иқдомоти назаррас амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, соли 2023-юм 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки боиси эътибори бештар пайдо намудани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ гардид.
Бо мақсади вусъат бахшидани корҳои тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, инчунин, рушди сайёҳӣ дар ин самт сохтори алоҳида – Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Мувофиқи маълумоти Агентӣ, дар кишвар зиёда аз 3416 ёдгориҳои таърхию фарҳангӣ сабт гардидаанд. Дар давраи соҳибистиқлолӣ беш аз 120 ёдгории таърихию фарҳангӣ ва монументалии дараҷаи миллӣ ва байналмилалӣ тармиму барқарор шуданд.
Бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифз, эҳё ва гиромидошти фарҳанги миллӣ ҳамаҷиҳата мусоидат менамояд. Маҳз дар давраи ҷаҳонишавии таъриху фарҳангҳо таъсиси ниҳоди соҳавӣ – Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз иқдомҳои саривақтӣ ва пайгиронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи таъриху фарҳанги миллӣ ба шумор меравад.
Ба шарофати ҳамаи ин талошҳо, аллакай, ба ҷаҳониён исбот шудааст, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои муҳими Шоҳроҳи қадимаи бузурги абрешим дар минтақа буда, ёдгориҳои мероси моддӣ ва ғайримоддии нотакрори халқи тоҷик дар ин ҷода мавқеи устувор доранд.
Дар маҷмуъ, сайёҳии фарҳангӣ дар Тоҷикистон иқтидори назаррас дошта, метавонад ба самти муҳими рушди иқтисодиёти мамлакат табдил ёбад. Ба шарофати табиати нодир, мероси гаронбаҳои таърихӣ, шумораи зиёди ёдгориҳои беназир ва таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба ҳифзу муаррифии онҳо, кишвар сол ба сол сайёҳони бештарро ҷалб менамояд.
Ин ҳама ба таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар минтақа мусоидат карда, на танҳо барои рушди минбаъдаи кишвар, балки баҳри таҳкими дӯстӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ имкониятҳои нав мекушояд.


Шаҳноз ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 15.12.2025 №: 237