ОСИЁИ МАРКАЗӢ + ҶОПОН Гузориш аз ҳамоиши сатҳи баланд

22 декабр 2025, Душанбе
25

ОСИЁИ МАРКАЗӢ + ҶОПОН

Гузориш аз ҳамоиши сатҳи баланд

20-уми декабр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токио дар ҳамоиши муколамаи Осиёи Марказӣ + Ҷопон иштирок карда, сухан ронданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, ба Ҳукумати Ҷопон барои дастгирӣ аз татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои иқтисод, зерсохтор, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, экология, тандурустӣ, маориф ва беҳдошт миннатдории самимӣ изҳор намуданд.

Бо дарназардошти аҳамияти калидии “иқтисоди сабз” барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷалби сармоя ва технологияи Ҷопон барои татбиқи стратегияҳои кишварҳои минтақа дар соҳаи “энергетикаи сабз”, аз ҷумла аз худ намудани иқтидори гидроэнергетикӣ ва ба бахши воқеии иқтисоди Тоҷикистон, истиқбол намуданд.

Гуфта шуд, ки дар ин самт дар кишвари мо сиёсати гузариш ба “саноати сабз”, ҳамчунин, мавриди истифода қарор додани технологияҳои инноватсионӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тоза дар бахшҳои калидии истеҳсолот ба таври фаъол пеш бурда мешавад.

Таъкид гардид, ки дар шароити воқеиятҳои нави иқтисодӣ, робитаҳои саноатӣ ва ҳамкории байниҳамдигарии сохторҳои соҳибкорӣ, бешубҳа, бояд ба рушди минбаъда ва таъмини суботи иқтисодии давлатҳои мо нигаронда шаванд.

Саҳми Ҷопон дар татбиқи тарҳҳои хурду миёна дар кишвари мо баланд арзёбӣ шуда, иштироки Ҷопон дар амалисозии тарҳҳои калонҳаҷм дар Тоҷикистон, ки дорои аҳамияти миллӣ ва минтақавӣ мебошад, зарур шумурда шуд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои гидроэнергетика, саноати коркарди маъданҳои кӯҳӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ, химия ва дорусозӣ, мошинсозӣ ва металлургияро аз бахшҳои афзалиятнок ҳисобиданд.

Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо назардошти захираҳои зиёди табиӣ, омодагии Тоҷикистонро барои ҳамкории васеъ бо шарикони ҷопонии худ дар кори истихроҷ ва коркарди онҳо иброз доштанд.

Ба масъалаи тағйирёбии иқлим, обхезӣ, хушксолӣ, туфонҳои чангу ғубор, сел ва тахриби экосистемаҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

“Мо хуб дарк менамоем, ки ҳифзи захираҳои об ҳамчун манбаи ҳаёт, амнияти озуқаворӣ, энергетика ва рушди устувор то кадом андоза муҳим аст”, – иброз доштанд Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар зимн, гуфта шуд, ки кишвари мо дар пешбурди дипломатияи об пешсаф мебошад.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамаи кишварҳои манфиатдор даъват карданд, то моҳи майи соли 2026 дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланди дар доираи “Раванди оби Душанбе” фаъолона ширкат варзанд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки мо барои ҳамкорӣ дар бахшҳои ҳифзи гуногунии биологӣ, коркарди партовҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйироти иқлим манфиатдорем.

Зикр гардид, ки Тоҷикистон ба технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи хос дорад, зеро онҳо барои анҷоми таҳқиқоти илмӣ, назорати муҳити зист ва беҳбуди сифати мудирияти захираҳо уфуқҳои нав боз мекунанд.

Дар робита ба ташаббуси кишвари мо оид ба қабули қатъномаи махсуси СММ зери унвони “Нақши зеҳни сунъӣ дар эҷоди имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ”, мусоидату дастгирии Ҷопон ва дигар кишварҳои шарик мувофиқи матлаб дониста шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон, ҳамчун кишвари маҳсур дар хушкӣ, ба рушди логистика ва пайвастагии нақлиётӣ аҳамияти хоса медиҳад. Ҳамчунин, гуфта шуд, ки такмили зерсохтори роҳҳои мошингард ва оҳан, густариши робитаҳои ҳавоӣ ва ҷорӣ намудани лоиҳаҳои рақамии логистикӣ – ин ҳама барои рушди тиҷорат, сармоягузорӣ ва иқтисодиёт дар минтақа фурсатҳои нав фароҳам меоварад.

Пешниҳод гардид, ки барои рушди ҳамлу нақли транзитии борҳо бунёди марказҳои логистикӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии шимол ва ҷануби кишвар ҳам марказҳои логистикӣ сохта шаванд ва ҳам маҷмааҳои агрологистикӣ бунёд гарданд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷопонро шарики боэътимоди Тоҷикистон дар таълиму тарбияи кадрҳо тавассути барномаҳои ҶАЙКА (JICA) ва бурсияҳои Ҷей-Ди-Эс (JDS) номиданд.

Барои густариши ҳамкории босамар бо Ҷопон, як қатор самтҳо муайян ва пешниҳод шуданд, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи касбии мутахассисон, таълиму тарбияи кадрҳои техникӣ дар бахшҳои саноат ва ҷорӣ намудани “технологияҳои сабз”, таъсиси озмоишгоҳҳои илмӣтаҳқиқотӣ оид ба гидроэнергетика, кишоварзии устувор ва идораи таҳдидҳои табиӣ.

Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки тамоми пешниҳодҳои дар ҳамоиш ироашуда, талоши дастҷамъонаи моро барои сулҳ, субот, эҳтироми якдигар ва рушди устувор инъикос менамоянд.

Санаи нашр: 22.12.2024 №: 241-242