МУЛОҚОТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ДОИРАИ САФАРИ РАСМӢ БА ҶОПОН

22 декабр 2025, Душанбе
10

МУЛОҚОТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ДОИРАИ САФАРИ РАСМӢ БА ҶОПОН

 

19-уми декабр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токио бо президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (ҶАЙКА) Акиҳико Танака мулоқот намуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид сохтанд, ки ҷониби Тоҷикистон сатҳи ҳамкорӣ бо Ҷопонро дар чаҳорчӯби ҶАЙКА баланд арзёбӣ мекунад.

Ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои муҳими иқтисоди миллии кишвари мо, аз ҷумла ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои саноат, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, обтаъминкунӣ, маориф ва тандурустӣ, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Аз имзои ду созишномаи нави грантӣ оид ба лоиҳаҳои сохтмони як зеристгоҳ ва муосирсозии таҷҳизоти сканерии борҳо дар дидбонгоҳи гумрукӣ истиқбол шуд.

Ҷалби сармояи мустақими ҷопонӣ, аз ҷумла қарзҳои имтиёзноки иенӣ, аз мавзуоти дигари суҳбат буд.

Ҷонибҳо рушди “энергетикаи сабз”-ро аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ номиданд.

Барои тавсеаи бахшҳои Барномаи JDS дар соҳаҳои тиб, нанотехнология, технологияҳои иттилоотӣ, техникаи авиатсионӣ, амнияти иттилоотӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъсиси Маркази инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистону Ҷопон дар кишвари мо изҳори ҳавасмандӣ шуд.

Санаи нашр: 22.12.2025 №: 241-242