МУЛОҚОТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ДОИРАИ САФАРИ РАСМӢ БА ҶОПОН
МУЛОҚОТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ДОИРАИ САФАРИ РАСМӢ БА ҶОПОН
19-уми декабр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токио бо директори иҷроияи Созмони амнияти соҳаҳои металлургия ва энергетикаи Ҷопон (JOGMEC) Ичиро Такаҳара мулоқот намуданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат иброз доштанд, ки мо ҳавасманди ҳамкорӣ бо Созмон барои амалисозии лоиҳаҳо дар бахшҳои энергетика ва истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ мебошем.
Ба истифодаи имкониятҳои кишвари мо дар соҳаи саноат, муосирсозии технологияҳои истихроҷ ва коркарди маъданҳо ва таъсиси корхонаҳои истеҳсолии муштарак таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Роҳандозии ҳамкорӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи энергияи барқароршаванда бо ҷалби сармоя ва технологияҳои нав зарур шумурда шуд. Ҳамчунин, таъкид гашт, ки мо ба иштироки фаъоли ширкатҳои ҷопонӣ дар татбиқи “технологияҳои сабз” дар Тоҷикистон манфиатдор ҳастем.
Аз Созмони амнияти соҳаҳои металлургия ва энергетикаи Ҷопон даъват шуд, ки бо ниҳодҳои давлатӣ, донишгоҳҳо ва муассисаҳои таҳқиқотии Тоҷикистон дар самти омӯзиш ва коркарди сарватҳои зеризаминӣ ҳамкории муштарак ба роҳ монад.
Санаи нашр: 22.12.2025 №: 241-242
