ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШОМИ ШАНБЕ

ШОМИ ШАНБЕ

03 феврал 2023, Ҷумъа
308
0
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.


ЧАЙНВОРДИ “ПИРЯХҲО”
1. Дар болои қаторкӯҳҳои Язгулому Ванҷ нуҳуфтааст. 2. Захираи калони намаки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон.           3. Обанбори сунъӣ дар мамлакат. 4. Тамғаи мошини борбардор дар Россия. 5. Пирях дар вилояти Суғд. 
6. Шаршараи калон дар Амрико. 
7. Азимяхи шинокунанда дар об. 
8. Калонтарин ҷазираи рӯи Замин. 
9. Обе, ки аз шиддати хунукӣ шаклашро иваз кардааст. 10. Ҳайвони ваҳшӣ. 11. Асари саёҳатии Носири Хусрав. 12. Иншооти гидротехникӣ, новаи обгузар. 13. Мошини сабукрави сақфаш ҷамъшаванда. 14. Кӯли аз ҳама чуқур дар Амрикои Ҷанубӣ. 
15. Хӯроки чорво. 16. Пиряхи калон дар Осиё. 17. Яке аз чаҳор унсури табиат. 18. Хунуктарин ҷой дар Тоҷикистон. 19. Ноҳия дар Хатлон. 20. Шаҳр дар Канада. 21. Уқёнус. 22. Кӯл дар Амрико. 23. Роҳи зеризаминӣ. 24. Соҳаи илме, ки ҳаётро меомӯзад. 25. Асбоби рӯзгор. 26. Оби менералӣ. 27. Гул. 28. Оби тозаи ошомиданӣ дар Тоҷикистон. 29. Хешованд. 30. Заврақи белдор. 31. Баландтарин қуллаи ҷаҳон. 
32. Қаҳрамони Тоҷикистон. 33. Фан. 
 
Тартибдиҳанда Нуралишо СУЛАЙМОНШОЕВ,
Аълочии матбуоти Тоҷикистон
 
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
 
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
 
 
 
КАШФИЁТ
ТРАКТОРЕ, КИ БО ПОРУ КОР МЕКУНАД
Мутахассисони соҳаи «энергияи сабз» дар Британияи Кабир кори аҷибе карданд. Онҳо ба трактор зарфи криогениеро насб намуданд, ки гази метанро дар ҳарорати – 162 С° дар ҳолати моеъ  нигоҳ медорад. Худи метан бошад, аз поруи ҳайвонот (гов) ба даст оварда мешавад. Иқтидори чунин трактор баробари 270 қувваи асп буда, чун мошини дизелӣ фаъолият менамояд.   
Ба трактор дар саҳро низ, «сӯзишворӣ» рехтан мумкин аст. Истеҳсолгарон дар мубориза бо партовҳои карбонӣ ёрӣ расондани ихтирои худро таъкид намуда, дар истеҳсолот ба таври васеъ ҷорӣ шуданашро мунтазиранд.
 
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
 
 
 
ҶАЗИРАИ ГУРБАҲО
Аошима номи ҷазираи хурдест дар ҷануби Ҷопон, ки шумораи гурбаҳои он аз аҳолияш зиёдтар аст. Шумораи аҳолӣ дар ин ҷо 100 нафар ва шумораи гурбаҳояш 400 мебошад. 
Сабаби инро олимон чунин шарҳ додаанд: «Одамони ба ҷазира кӯч баста гурбаҳоро барои мубориза бо мушҳо меоварданд ва рафта - рафта шумораи он афзуд. Аз ин рӯ, он "Ҷазираи гурбаҳо" ном гирифт. 
Сайёҳон маҳз барои он ба ин ҷазира меоянд, ки аз гурбаҳо «табобат» гиранд, зеро гурбаҳо нуқтаи дардманди тани одамро ҳис мекунанду дардро ба худ мегиранд. Ин як сеанси психотерапевтӣ аст.  
 
Таҳияи Дилноза ҲУКМАТУЛЛОЕВА
 
 
 
 
АЗ ҲАР ГӮША ЯК ХӮША
 
АЗ ФАКТҲОИ АҶИБИ КАЙҲОНӢ ТО СОАТИ КОММЕНДАНТӢ БАРОИ ГУРБА
 
1. Солҳои 1640-1700 Офтоб доғ надошт. Ин боис гашт, ки дар рӯи Замин дарёҳое ях кунанд, ки ҳаргиз ба чунин ҳолат дучор нашуда буданд. 
2. Як рӯзи сайёраи Зуҳра баробари 243 рӯзи Замин бошад ҳам, 1 соли он ҳамагӣ 225 рӯзи заминист.
3. Муштарӣ дорои калонтарин радиф мебошад, ки номаш Ганимеде аст. Андозаи онро аз сайёраҳои Уторид ва Плутон бузургтар муайян кардаанд.
5. Забони фаронсавӣ дар Англия 600 сол ҳамчун забони расмӣ истифода шуд.
6. Шоҳин парандаест, ки қобилияти дидани ҷисми ҳаҷмаш 10-сантиметраро аз баландии 1,5 км дорад.
7. Зоғча 40 сол, зоғи сиёҳ то 150 сол умр мебинанд.
8. Дар шаҳри Мелбурни Австралия аз соати 20 барои гурбаҳо соати коммендантӣ амал мекунад.
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
 
АЗ САҲИФАҲОИ ТАЪРИХ 
ОИНИ ҶАВОНМАРДӢ
 
Шоҳони Сомонӣ дар ҷанг ва амалиёти ҳарбӣ низ, ҷавонмардиро шарти асосӣ медонистанд. Ин аст, ки нӯги тирро аз тилло месохтанд. Чаро? Ба ин пурсиш устод Абдураҳмони Рӯдакӣ чунин посух медиҳад:
Шоҳе, ки ба рӯзи разм аз родӣ,
Заррин ниҳад ӯ ба тир дар пайкон.
То куштаи ӯ аз он кафан созад,
То хастаи ӯ аз он кунад дармон!
 
Яъне, душман агар аз тири тарафи муқобил кушта шавад, тилло аз пайкон бадар орад ва барои гӯру чӯб ва агар захм бардорад, аз он тилло худро табобат кунад.
 
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР
 
 
 
 
НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
"ЧЕМПИОН"
Аз суҳбати ду рафиқ:
- Дина як нафар дар рӯзи равшан маро ғорат кард. Аввал кисаҳоямро холӣ карду баъд палтоямро ҳам кашида гирифт.
- Чӣ хел? Охир ту аз бокс медали тиллои чемпионӣ дорӣ - ку?!.
- Хайрият медаламро надид.
 
Таҳияи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
 
ИСКАНДАР  ВА ДУНЁ
 
Искандари Мақдунӣ пас аз фатҳи ҷаҳон дар он рӯзгор ҳангоми бозгашт ба ватанаш ба дарде гирифтор шуд. Аз табибон пурсид, ки оё ба ӯ шифо бахшида метавонанд. Онҳо аҷзи худро баён доштанд ва афзуданд, ки саранҷом пас аз муддати кӯтоҳ ҷон хоҳад дод.
Гуфт: «Ин қадар ҳам наметавонед шифоям бубахшед, то ба Ватан баргардаму дунёро пеши пои модарам бигузорам?»
Гуфтанд: «Наметавонем ва ҳатман марг дар ин лаҳзаҳо ба суроғат хоҳад омад».
Гуфт: «Пас, ман дунёро ба чӣ хотир, барои кӣ фатҳ кардам?!.»
Табибон аммо нагуфтанд, ки дунё аз ту нест, то дар пеши пои касе онро бигузорӣ, агарчи модарат бошад. 
 
Китобати И. ҲАМИДЗОДА
 
 
 
 
ЗУКОМИ ХУК
 
- Рафиқ духтур, лутфан мегуфтед, ки ман гирифтори кадом навъи зуком шудаам: мурғ ё хук?
- Албатта,  хук.
- Чӣ гуна инро бо як дидан муайян ва хулоса кардед?
- Агар хук намебудед, дар соати чори шаб бо ҳарорати 36, 5 С ёрии таъҷилиро даъват намекардед.
 
Китобати А. РАҲИМ
 
 
 
 
ҲАМВАТАНОНИ МУВАФФАҚИ МО
ВЕБСОЗ ВА  БАРНОМАНАВИС
Олия Раҳматова донишҷӯи соли чоруми Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон мебошад. Дар баробари ин, аллакай чун вебсоз, маъруф шуд. Яке аз ҳадафҳои бузургаш таҳияи 7 маҳсулоти технологияи информатсионии худӣ дар сатҳи ҷаҳонист. Коркарди яке аз онҳо оғоз шудааст. Ҳоло дар ширкати «Алиф академия» ба 38 нафар вебсозиро меомӯзонад.
Ӯ забони англисӣ ва олмониро хуб медонаду бо вебсозони хориҷӣ ҳамкорӣ дорад. Дар ҳамоишҳои маҷозӣ (онлайнӣ), ки бо ҷалби вебсозони кишварҳои гуногун доир мешаванд, фаъолона ширкат меварзад. Чанде пеш дар ҳамоиши «Google Developer Group in Central Asia» ба ҳайси вебсоз суханронӣ намуд. 
Олия айни ҳол дар ширкати «Ҳумо» таҷриба меомӯзад. Шиораш ин аст: «Инсони тавоно худаш барояш имконотро фароҳам месозад». 
 
Таҳияи Оламбегими НЕКҚАДАМ
 
 
 
 
БО УМЕДИ ТАМОШОИ ФИЛМ ШУДУ АЗ ОЛАМ ДАРГУЗАШТ
Марде дар шаҳри Педдапурами Ҳиндустон вақти тамошои филми «Аватар: Роҳи об» аз хуруҷи дил фавтид.
Бародари марҳум ҳамроҳаш буд ва ба бемористон расондаш, ки ҷон бохт.
Таҳқиқ карданд, ки ба сабаби мураккабии сюжет ва сарнавишти печидаи қаҳрамонони филм чунон асабӣ шуд, ки дилаш дигар онро таҳаммул карда натавонист.
 
Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ
 
 
 
 
БАЙТҲО
Мункир натавон гашт, агар дам занам аз ишқ,
Ин нашъа ба ман нест, агар бо дигаре ҳаст.
 
* * *
Нест дар хушку тари бешаи ман кӯтоҳӣ,
Чӯби ҳар нахл, ки минбар нашавад, дор кунам.
 
* * *
Боғбон зӯри каломам озмуд,
Мисрае кориду шамшере дуруд.
 
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ
 
 
 
МУАММОИ ЗИНДАГӢ  ВА МАРГ
Кӣ гуфтааст, ки мо дар ин дунё як бор зиндагӣ мекунему як бор мемирем? Не, дар мавриди зиндагӣ ҳаргиз ин тавр нест. Мо ҳар рӯз таваллуд мешавем, барои зиндагӣ кардан, аммо танҳо як бор дар ин дунё мемирем. 
Пас, ба қадри ҳар рӯзи зиндагиамон бояд бирасем.
 
Китобати Зебунисо ҲАМИДЗОДА
 
 
 
 
МУСОҲИБАИ  РОНАЛДУ   БО ЖУРНАЛИСТ
 
- Чаро шумо ҳамеша модаратонро дар сафар бо худ мебаред!?
- Ба ҳар мартабае, ки расидам, бо заҳмати модарам буд. Ӯ як бор ҳам монда буд. Шабу рӯз кор мекард, ҳатто розӣ мешуд, то ки бароям пойафзол бихарад ва ман аввалин бозиамро барпо намоям. Пас чӣ гуна ҳамроҳам набарам?
 
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
 
 
СЕ ПАНД
 
Сухани нек зебост ва зеботар аз он маънои он аст, зеботар аз маънояш амал ба он аст ва зеботар аз амал подоши он аст ва зеботар аз подош ризояти касе аст, ки барои ӯ анҷомаш додаӣ.
 
* * *
Агар хирадмандон набудӣ, мардум ба сурати ҳайвон мезистанд.
* * *
Ҳеҷ ҳаҷҷу ҷиҳод ва марзбони сахттар аз нигаҳ доштани забон нест.
 
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ
 
 
 
МАРК ТВЕН
ФОҶИАИ ОИЛАВӢ
Шахсе аз шаҳри Филаделфия худкушӣ кард. Пеш аз марг ӯ чунин нома боқӣ гузошт: «Ман ба як бевазан хонадор шудам. Ӯ духтари қадрас дошт. Падарам ба духтари ӯгайи ман ошиқ шуд ва ӯро ба занӣ гирифт. 
Ҳамин тариқ, падарам ба ман домод шуду духтари ӯгаям, ки зани падарам аст, бароям модар гардид. Зани ман писар зоид, ки ба падарам додарарӯс мешаваду ба ман тағо, чунки ба модари ӯгаям бародар ҳисоб меёбад. Зани падарам низ писар зоид, ки ба ман бародар мешаваду айни замон ҳамчун писари духтарам, набераи ман ба ҳисоб меравад.
Пас, зани ман, ки ба модари ӯгаям модар аст, модаркалони ман ба шумор меравад ва ман ба зани худ дар як вақт ҳам шавҳар мешаваму ҳам набера. Чун шӯйи модаркалони ҳар як шахс бобои ӯ ҳисоб меёбад, пас ман бобои худам будаам».
Таҳияи Аъзам МӮСОЕВ
 
 
 
 
ҒОЛИБИ ДУ ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
 
Муаттара Маликова, хонандаи Мактаби мусиқии бачагонаи № 3, ба номи А. С. Ленскийи шаҳри Душанбе, дар Озмуни байналмилалии «Дунёи маҳорат» («Мир талантов»), ки дар Олмон баргузор шуд, ба таври маҷозӣ ширакат варзида, соҳиби Гран-при гардид. Дар Озмун хонандаи дигари ин муассиса Гулнора Низомова низ иштирок карда, сазовори ҷойи якум гашт.  
Муаттара чанде пеш дар Озмуни байналмилалии дигаре, ки дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия баргузор гардид, сазовори ҷойи якум гашта буд.
 
Таҳияи Зикруллоҳи РАҶАБ
 
 
 
НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
ҚУДРАТИ ДОНИШ
 
Аз суҳбати бемор бо табиб:
- Духтурҷон, тибқи хулосаи шумо ман бояд 10 сол пеш мемурдам. Чӣ тавре мебинед зиндаву саломатам, инро чӣ хел шарҳ медиҳед?
- Медонед, дӯстам вақте инсон барои зинда мондан хира шуда пофишорӣ мекунад, дониши мо қудрати куштани ӯро надорад. 
 
Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
«РОБИНЗОН»-И ЗАМОНИ НАВ
Бо маблағи 13 ҳазор доллар Бренд Грим порчае аз ҷазираи Сейшелро  харид ва ба он ҷо кӯч баст. Грими 40-сола пешаи рӯзноманигориро раҳо карда, хост «Робинзон»-и воқеии замони мо шавад.
Барои худ ҳамсафареро бо номи Рене Пафортен ёфту ҳар ду давоми 39 сол 16 ҳазор дарахт шинонда, 5 километр пайроҳа сохтанд.  Рене соли 2007 дар ин ҷазира вафот кард ва Бренд дар 81 – солагӣ танҳо монд. Вай ба ҷазира 2000 намуди паранда ва 100 намуд сангпуштҳои азимҷуссаро барои нигоҳубин овард. Ӯ, инчунин як гӯшаи замини бекорхобидаро ба «биҳишти ҳақиқӣ», табдил дод. Чанд сол пеш шоҳзодаи Арабистони Саудӣ ба ӯ барои харидани ин ҷазира 50 миллион доллар пешниҳод намуд, аммо ӯ рад кард. Соли 2008 ҷазираро Парки миллӣ эълон намуданд. 
 
Таҳияи Нигина РАҲМОН
Санаи нашр: 2023-02-01 №: 28
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив