Ҷоизаи сулҳ ва таҳкими фазои амниятӣ дар Осиёи Марказӣ

24 декабр 2025, Чоршанбе
12

Ҷоизаи сулҳ

ва таҳкими фазои амниятӣ дар Осиёи Марказӣ

21-уми декабр ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба роҳбарони давлатҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар толори Консерваторияи давлатии Санкт-Петербург Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой супурда шуд. Ин хабар тавассути расонаҳои бонуфузи мисрӣ дар фазои иттилоотии ҷаҳон, бахусус кишварҳои араб бозтоб гардид.

“Ал-Ахбор-ул-явм” яке аз рӯзномаҳои мустақили мисрӣ, бо унвони “Кремл: Ба президентҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ҷоизаи сулҳи Толстой тақдим карда шуд” гузорише рӯйи чоп овард, ки дар он маросими сарфарозгардонии роҳбарони кишварҳо ба тафсил инъикос ёфтааст. Рӯзнома бо такя ба иттилои сухангӯйи Кремл Дмитрий Песков менависад, ки 21-уми декабр Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой дар Санкт-Петербурги Русия ба Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба роҳбарони давлатҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон супурда шуд.

Дар идомаи матлаб омадааст: "Имрӯз рӯзи хеле муҳим аст. Ба президентҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ҷоизаи сулҳи Толстой дода мешавад."

Дар матлаб ҷоизаи мазкур "бениҳоят муҳим" тавсиф шуда, зикр мешавад, ки он ба хотири таъмини фазои сулҳу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба онҳо супурда шудааст.

Шодмон АБДУРАҲИМ,

“Ҷумҳурият”