Шаҳритус Орзуҳо ҷомаи амал мепӯшанд
Шаҳритус
Орзуҳо ҷомаи амал мепӯшанд
Заҳматкашони ноҳияи Шаҳритус дар нуҳ моҳи соли равон ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якдилона кӯшиш ба харҷ дода, нақшаҳои тарҳрезишударо ҳадафмандона амалӣ намуданд.
– Даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми ноҳияи Шаҳритус давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлоли Тоҷикистон, пешрафт ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад. Дар байни аҳолӣ мунтазам корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ҷиҳати дурусту комил дарк сохтани арзишҳои ваҳдати миллӣ, истиқлоли давлатӣ, мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ, таҳкими сулҳу субот, ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ ба роҳ монда шудаанд, – иброз дошт андешаҳояшро зимни суҳбат ба хабарнигорони рӯзнома раиси ноҳия Тағой Абдуллозода. Раис афзуд, ки натиҷаи суҳбату вохӯриҳо буд, ки ҷавонони бонангу номус ва ватандӯст ихтиёран ба хизмати Ватан-Модар сафарбар шуданд ва нақшаи даъвати тирамоҳӣ пеш аз муҳлат сад фоиз иҷро гардид. Инчунин, корҳои созандагӣ бо наздик омадани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ авҷи тоза гирифтаанд. Маҳз ҳамин музаффариятҳои замони истиқлоли давлатӣ имкон фароҳам оварданд, ки ноҳияи Шаҳритус ба дараҷаи шинохтанашаванда рушд кунад.
Иҷрои барзиёди буҷет шаҳодати некуаҳволии мардум аст
Мусаллам аст, ки афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, варзишиву сайёҳӣ, беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорон аз даромадҳои молиявӣ вобастаанд, – тазаккур дод раиси ноҳия. – Аз ин рӯ, мо кӯшиш мекунем, ки ба хазина ҳарчи зиёдтар маблағ ворид гардад. Имсол нақшаи қисми даромади буҷет ба андозаи 103,6 дарсад иҷро шуда, ба буҷет ба ҷойи 64 миллиону 239 ҳазору 319 сомонӣ, беш аз 66,5 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша ду миллиону 350 ҳазор сомонӣ бештар мебошад.
Иҷрои барномаи рушд
ба охир мерасад
Яке аз санадҳои муҳиме, ки боиси даст ёфтан ба ободкориҳои бештар гардид, татбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Шаҳритус барои солҳои 2021-2025 мебошад. Барнома аз 94 лоиҳа иборат буда, харҷи 151,5 миллион сомониро дар бар гирифтааст. Барои иҷрои он аз тамоми сарчашмаҳои дохилӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва барномаҳои Созмони Милали Муттаҳид истифода мешавад. То ин муддат дар соҳаҳои кишоварзӣ даҳ лоиҳа, саноат шаш, сохтмон даҳ, маориф чордаҳ, тандурустӣ дувоздаҳ, фарҳанг, сайёҳӣ ва варзиш ҳаждаҳ, хоҷагии манзилию коммуналӣ чор, таъминот бо оби ошомиданӣ ду, барқтаъминкунӣ даҳ, нақлиёт ва хоҷагии роҳ панҷ, ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ се лоиҳа амалӣ гардидааст. Имсол иҷрои Барнома ба охир мерасад. Аз 94 лоиҳаи дар он пешбинигардида, 74-тоаш бо сарфи беш аз 141,3 миллион сомонӣ амалӣ гардид.
359 иншоот ба ифтихори
ҷашни миллӣ
Оид ба ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ ва омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мудири бахши сохтмон ва меъмории МИМҲД ноҳияи Шаҳритус Фаридун Сафарбекзода чунин гуфт:
– Тибқи нақшаи чорабиниҳои МИМҲД ноҳия бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бояд 359 иншооти самтҳои гуногун ва садҳо манзилҳои истиқоматӣ бунёд ва навсозӣ шаванд, ки 34-тоаш корхонаву коргоҳҳои саноатӣ мебошанд. Аз иншооти нақшавӣ бештарашон ба соҳаҳои саноат, маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, фарҳанг, варзиш, ҳунарҳои мардумӣ, маркази хизматрасонӣ ва савдо мутааллиқанд. Ҳамчунин, бунёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, таъмиру мумфарш намудани роҳҳо, кашидани хатти оби ошомиданӣ, иншооти соҳаи сайёҳӣ, фермаҳои мурғпарварию чорводорӣ ва дигар иншооти таъиноти хизматрасонӣ дар назар аст.
Фаридун Сафарбекзода иброз дошт, ки ҳоло ободсозии роҳу маҳалҳо дар деҳоти ноҳия ба мусобиқаи ҳамагонӣ табдил ёфтааст. Айни ҳол агар ба ҳар ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия равед, мардумро саргарми кор дармеёбед: ҳама пайи ободонианд, зеро медонанд, ки ободии Ватан аз ободии кӯчаву рустои хеш сар мешавад. Ҳамин аст, ки корҳои ободонӣ дар марказ ва деҳот дар авҷанд, бахусус роҳҳои деҳаҳо, мумфарш гардида истодаанд.
Тавре мебинем, дар як муддати кӯтоҳ бузургтарин корҳои бунёдкориву созандагӣ дар ноҳия ҷараёни тоза гирифта, симои меъмории ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия хеле дигаргун гардиданд. То имрӯз 259 иншооти таъиноти гуногун (72 дарсад) ба истифода дода шуд, ки дар онҳо беш аз 800 нафар соҳиби ҷойи кор гардид. Сохтмони иншооти боқимонда тибқи нақша бомаром ҷараён дорад.
Ҳоло ободсозии роҳу маҳалҳо дар деҳоти ноҳия ба мусобиқаи ҳамагонӣ табдил ёфта, навад дарсади иншооти ҷашниро маҳз аҳолӣ ва соҳибкорону шахсони саховатпеша бунёд намудаанд. Фарзи мисол, соҳибкорони меҳандӯст ва бошандаҳои деҳоти Пахтаобод понздаҳ километр ва деҳоти Талбак Садриддинов як километр роҳро мумфарш намуда, рӯзҳои наздик мумфаршнамоии ду километр роҳи деҳоти Айвоҷ низ оғоз мегардад.
Тавре Фариддун Сафарбекзода ба мо иттилоъ дод, дар умум, имсол бо саҳми сокинон тақрибан 24 километр роҳи маҳаллии ноҳия пурра мумфарш шудааст, ки иқдоми хеле бузург ва бесобиқаи ватандӯстона мебошад.
Чашмандозе ба натиҷаи
заҳмати кишоварзон
Соҳаи асосӣ ва пешбарандаи иқтисодиёти ноҳия кишоварзӣ маҳсуб ёфта, сокинони меҳнатқарин дар фаровонии дастархони аҳолии кишвар саҳми шоиста доранд. Аз ин рӯ, ҳамасола ба рушди он таваҷҷуҳ бештар зоҳир мегардад. Дар нуҳ моҳи имсол ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ беш аз як миллиарду 502,5 миллион сомониро ташкил кард (108,7 дарсад), ки дар қиёс ба соли гузашта беш аз 120 миллион сомонӣ бештар мебошад. Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати нимаи дуюми моҳи июни соли равон ба хориҷи кишвар 3898,6 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла 1743,3 тонна сабзавот ва 1855,3 тонна мева ба фурӯш рафт.
Иҷрои барзиёди
дурнамои пахта
Пахтакорони ноҳия ҳидоятҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар хусуси оқилона истифода бурдани замин амалӣ намуда, дар ин роҳ натиҷаҳои баланди истеҳсолӣ ба даст оварданд. Фарзи мисол, имсол пахтакорони ноҳия майдони пахтазорро назар ба соли гузашта зиёд намуда, дар қатори аввалинҳо дар байни ноҳияҳои пахтакори вилояти Хатлон аз иҷрои нақша мужда расонд.
Соли ҷорӣ кишоварзони ноҳия дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 3260 гектар кишти такрорӣ гузаронданд. Баробари ин, дар майдони 60 гектар боғи куҳна барқарор шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 37,3 гектар бештар аст. Дар боғҳои куҳна ниҳолҳои мевадиҳандаи бозоргузар ва ба содирот нигарондашуда шинонда шудаанд.
30 медал дар нуҳ моҳ
Ба варзиш фаро гирифтани ҷавонон яке аз самтҳои асосии фаъолияти бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия буда, ҷиҳати рушди соҳа бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дар ноҳия 47 710 ҷавон истиқомат намуда, дар чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ фаъолона ширкат меварзанд. Шумораи хонандаҳо ва донишҷӯён 30 921 нафар, аз он 58 нафар дар муассисаҳои олии хориҷи кишвар таҳсил дошта, ҷавонони роҳбарикунанда 27 нафар аст, ки ҳафт нафараш бону мебошад. Соли хониши 2024-2025 гирандагони Стипендияи президентӣ ба чил кас расид. Дар ин муддат бо саҳми соҳибкорон сездаҳ майдончаи замонавӣ барои бозии футбол сохта, ба истифода дода шуд.
Имрӯз дар ноҳия мактаби варзишӣ фаъолият дорад, ки дар он аз рӯйи даҳ намуди варзиш ба 626 варзишгар тамрин медиҳанд. Дар нуҳ моҳи сипаригардида, дастпарварони мактаби варзишии ноҳия дар мусобиқаҳои ноҳиявӣ, вилоятиву ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, ёздаҳ медали тилло, шаш нуқра, сездаҳ биринҷӣ ба даст оварданд.
Ташрифи қариб 27 000 сайёҳ
Ноҳия ҳамчун мавзеи сайёҳӣ дар атрофи дарёи Кофарниҳон ҷойгир буда, бозёфтҳои нодиру қадима: «Хоҷа Машҳад», «Хоҷа Дурбод», «Хоҷа Сарбоз», «Қалъаи Мир», «Тилло Ҳалоҷӣ», «Кони намак», «Монастери Русҳо» ва чанд ёдгории беназири ин диёр аз таърихи куҳани Шаҳритус шаҳодат дода, ба ҷалби сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ мусоидат менамояд. Дар давраи мавриди назар 26 875 сайёҳ (4889 хориҷӣ ва 21 986 дохилӣ) аз ноҳия дидан кард, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 23 113 кас зиёд аст. Дар доираи имкониятҳои мавҷуда, дар шафати роҳҳо аз тарафи соҳибкорони ноҳия ҷиҳати бунёди иншоот ва инфрасохтори дахлдор бомаром идома дорад. Дар ноҳия панҷ меҳмонхона фаъолият менамояд.
Ҳарфи боварӣ
Тағой Абдуллозода, раиси ноҳияи Шаҳритус, пас аз зикри музаффариятҳои меҳнатии сокинони ноҳия гуфт:
– Бовар дорам, ки сокинони меҳнатдӯсти ноҳияи Шаҳритус дар пайравӣ аз сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия, бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани Ҷашни муқаддасу воқеан бузурги миллиамон – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкорӣ саҳми босазои худро бештар аз ҳарвақта хоҳанд гузошт.
Кароматулло АТО,
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
“Ҷумҳурият”
Душанбе – Шаҳритус – Душанбе
Санаи нашр: 24.12.2025 №: 245-246