РАМЗГУЗОРИИ ЭЛЕКТРОНӢ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мешавад Дар доираи иҷрои барномаҳо ва стратегияҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рақамикунонии бахшҳои иқтисоди миллӣ ва мутобиқгардонии расмиёти гумрукӣ ба меъёрҳои байналмила

24 декабр 2025, Чоршанбе
12

РАМЗГУЗОРИИ ЭЛЕКТРОНӢ

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мешавад

Дар доираи иҷрои барномаҳо ва стратегияҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рақамикунонии бахшҳои иқтисоди миллӣ ва мутобиқгардонии расмиёти гумрукӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ мерасонад, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми июни соли 2023, №263, дар кишвар раванди ҷорӣ намудани низоми рамзгузории электронии гурӯҳҳои муайяни молҳо марҳала ба марҳала амалӣ шуда истодааст.

Ин иқдом ба мақсади баланд бардоштани сатҳи шаффофияти гардиши мол, таҳкими назорат ва мутобиқ намудани равандҳои гумрукӣ ба талаботи замони муосир равона гардидааст.

Аз 1-уми июли соли 2024 рамзгузории электронии тамокуи коркардшуда, маҳсулоти дорои никотин, сигорҳои электронӣ, ҳама намуди спирт ва машрубот, инчунин, нӯшокиҳои энергетикӣ оғоз гардид. Ин иқдом бо мақсади шаффофсозии гардиши молҳо, пешгирии муомилоти ғайрирасмӣ ва баланд бардоштани назорати давлатӣ равона шудааст.

Бо мақсади иҷрои пурраи қарори мазкур дар Хадамоти гумрук гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ тасдиқ шудааст. Гурӯҳи корӣ мунтазам бо намояндагони ҶДММ “Технология Групп”, ки ҳамчун оператори расмии пайгирнамоии муомилоти мол муайян шудааст, ҳамкорӣ менамояд.

Дар ҷараёни ин ҳамкорӣ масъалаҳои ҳамгироии низоми иттилоотии мақомоти гумрук бо низоми рамзгузории электронӣ, тартиби дарёфти QR-рамзҳо аз ҷониби воридкунандагон, додугирифти маълумоти зарурӣ ва дигар ҷузъиёти техникии раванди пайгирнамоии молҳо мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Ба воҳидҳои сохтории гумрук супориш дода шудааст, ки ҳангоми барасмиятдарории гумрукии молҳои ҳатмӣ рамзгузоришаванда, рамзи электронии Datamatrix ҳатман дар сутуни 31-и декларатсияи гумрукии бор дарҷ карда шавад.

Ҳамчунин, бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кормандон, омӯзишҳои махсус оид ба истифодаи низоми рамзгузории электронӣ гузаронда шуда, дарсҳои маҷозӣ бо истифодаи видеомавод ва рӯнамо аз ҷониби мутахассисони оператор – ҶДММ “Технология Групп” сурат гирифтанд.

Бо назардошти он ки аз 1-уми январи соли 2025 рамзгузории электронии воситаҳои доруӣ ва молҳои тиббӣ ҷорӣ гардид, ба раёсатҳои минтақавии гумрукӣ ва воридкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда шуда, воридкунандагон вазифадор шуданд, ки пеш аз оғози марҳалаи нав бо оператор шартнома баста, рамзҳои электрониро дарёфт намоянд.

Айни замон низоми иттилоотии мақомоти гумрук бо низоми мақомоти андоз пурра ҳамгиро шудааст. Маълумоти марбут ба барасмиятдарории гумрукии молҳои рамзгузоришаванда ба таври ҳамарӯза ба мақомоти андоз пешниҳод мегардад, ки ин имкони назорати самаранок ва пешгирии қонунвайронкуниҳоро фароҳам меорад.

Бо мақсади мусоидат ба дастрасии QR-рамзҳо, ширкатҳои ватанӣ, аз ҷумла ҶДММ “Нури Муқаддас” хизматрасонии чопи рамзҳоро ба роҳ мондааст. Иқтидори техникии ширкат имкон медиҳад, ки дар як шабонарӯз аз 10 ҳазор то 2 миллион рамз чоп ва ба мизоҷон пешниҳод гардад.

Хадамоти гумрук таъкид менамояд, ки татбиқи қарори мазкур ҷараёни муҳим дар самти шаффофияти муомилоти молҳо ва баланд бардоштани масъулияти иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ мебошад. Корҳо дар ин самт минбаъд низ бо ҷалби тамоми захираҳо ва ҳамкории байниидоравӣ идома хоҳанд ёфт.

Илова бар ин, ҷорӣ намудани системаи рамзгузории электронии молҳои нӯшокӣ ва доруворӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии рақамикунонӣ ба шумор рафта, барои таъмини иқтисодиёт аз шаклҳои гуногуни қочоқ, гардиши ғайриқонунии маҳсулот ва кам кардани хавфҳои марбут ба саломатии аҳолӣ нақши калидӣ мебозад. Истифодаи рамзҳои электронии мутамарказ имконият медиҳад, ки ҳар як бастаи маҳсулот аз лаҳзаи истеҳсол ё воридот то нуқтаи ниҳоии фурӯш назорат карда шавад.

Ин механизм дар баробари баланд бардоштани шаффофияти фаъолияти соҳибкорон, ба такмили низоми баҳисобгирии гумрук ва андоз, пешгирии гардиши молҳои ғайристандартӣ ва тақвияти амнияти иқтисодӣ мусоидат менамояд. Бо татбиқи пурраи система интизор меравад, ки сатҳи масъулияти истеҳсолкунандагон ва воридкунандагон бештар гардад ва истеъмолкунандагон имкони санҷиши мустақими ҳаққонияти маҳсулотро тавассути смартфон дарёфт намоянд.

Ҳамзамон, роҳандозии чунин система барои мутобиқ намудани инфрасохтори бозор ба меъёрҳо ва стандартҳои байналмилалӣ мусоидат намуда, заминаи мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ ва рушди рақобатнокии истеҳсолоти ватанӣ фароҳам меорад.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,

“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 24.12.2025 №: 245-246