Паём Авлавият ба илму маориф сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат аст
Паём
Авлавият ба илму маориф сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат аст
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ин навбат низ чун дигар паёмҳои раҳнамунсози Пешвои муаззами миллат, рушди илму маориф ва камолоти насли ҳушмандро дар меҳвари таваҷҷуҳи ҳамагон қарор дод.
Тавре дар Паём зикр гардид, барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷудо гардидани қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли пеш панҷу ним баробар зиёд мебошад.
Президенти мамлакат зимни ироаи Паём ёдовар шуданд, ки ба хотири ҳарчи зудтар ба фазои ягонаи таҳсилоти байналмилалӣ ворид шудани маорифи кишвар шуруъ аз соли 2004-ум гузарондани муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат ба низоми кредитии таҳсилот оғоз гардида, соли 2014-ум ҳамаи онҳо пурра ба ин низом ворид шуданд. Дар ин робита таъкид шуд, ки акнун гурӯҳи коршиносон бояд бурду бохти ин низомро таҳлилу баррасӣ намоянд ва дар оянда ҳангоми супурдани имтиҳонҳои ҷорӣ ва хатми муассисаҳои олии кишвар омилҳои инсонӣ пурра аз байн бардошта шаванд. Ҳамин тадбирҳои судманд боиси пайдо шудани фазои солиму шаффофияти комил дар ин равандҳои муҳиму тақдирсоз шуда метавонад.
Масъалаи омӯзиш ва таълиму тарбияи насли наврасу ҷавонони кишвар пайваста зери назари Пешвои миллат қарор дошта, дар Паёми навбатӣ таъкид намуданд, ки падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа бояд ба ин масоили ҳаётан муҳим бо камоли масъулият муносибат намоянд, зеро: “Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад”.
Таҷриба инсонӣ собит менамояд, ки тамоми мардумони ватанпарвар ва хирадпеша саъй менамоянд, то фарзандонашон илму дониш ва касбу ҳунар омӯзанд, зеро оқибати бесаводӣ ва нодонӣ гирифтории ҷомеа ба хурофоту ҷаҳолат мебошад. Аз ин рӯ, мо агар хоҳем, ки Ватани азизамон пешрафтаву тараққикарда ва мардумонамон зиндагии осуда дошта бошанд, бояд илм омӯзем ва барои расидан ба ин арзишҳои олии инсонӣ пайваста талош варзем.
Дар маҷмуъ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ифодагари равшани сиёсати давлатсозии Пешвои муаззами миллат мебошад, ки бар пояи суботу амният, рушди иқтисодӣ, адолати иҷтимоӣ ва маърифатгустарӣ бунёд ёфтааст. Ин дастури раҳнамо на танҳо натиҷаҳои бадастомадаро ҷамъбаст мекунад, балки самтҳои амиқи ҳаракат ба сӯйи ояндаи устувору пешрафта ва огоҳу илммеҳварро муайян менамояд.
Муҳаммадшоҳ МИРЗОЗОДА,
муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи
Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияи Тоҷикистон
дар шаҳри Хуҷанд, доктори илмҳои филология
Санаи нашр: 24.12.2025 №: 245-246