ҶУДО Чемпионҳои Тоҷикистон дар Душанбе муайян шуданд

24 декабр 2025, Чоршанбе
20

ҶУДО

Чемпионҳои Тоҷикистон дар Душанбе муайян шуданд

20-21-уми декабр дар Маҷмааи варзишии ДМТ Чемпионати Тоҷикистон оид ба ҷудо миёни калонсолон баргузор шуд.

Тавре дар маросими ифтитоҳ зикр шуд, ҳадаф аз доир кардани Чемпионати мазкур рушди минбаъдаи ҷудо дар ҷумҳурӣ, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон, дарёфти истеъдодҳои нав ва интихоби беҳтарин паҳлавонон барои шомил шудан ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар мебошад. Зӯрозмоиҳо миёни мардон, тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар 7 вазн сурат гирифт.

Ҳамин тариқ, дар вазни -60 кг Меҳрзод Сӯфиев аз Суғд ғолиб шуд. Ӯ дар финал Муҳаммадсолеҳ Қувватови душанбегиро шикаст дод. Дар вазни -66 кг, ки бе иштироки паҳлавонони маъруфи кишвар Эмомалӣ Нуралӣ ва Обид Ҷебов гузашт, Искандар Маҳмадхоҷазода аз Рашт дар финал Сарвар Абдушукуровро (Душанбе) мағлуб намуда, унвони чемпиониро ба даст овард. Вазни -73 кг низ бе ҳузури варзишгарони маъруфи кишвар доир гашта, Абдуллои Ориф аз дастаи Хатлон-2 ғолиб шуд. Ҳарифи ӯ дар финал Масъуди Аҳмадзод буд. Абубакр Боқиев аз дастаи Душанбе ҳамдастааш Бахтиёр Бозоровро мағлуб карда, ғолиби вазни -81 кг гашт. Дар вазни -90 кг бошад, Умар Расулов аз дастаи ШНТМ чемпион шуд. Ӯ дар финал Музаммир Каримзодаи душанбегиро мағлуб кард. Унвони чемпионӣ дар ду вазни дигар насиби Парвиз Абдураҳмонов аз Душанбе (-100 кг) ва Дадахон Қурбоналиев аз ШНТМ (+100 кг) гашт.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 24.12.2025 №: 245-246