ИСТИҚЛОЛИ ЭНЕРГЕТИКӢ Ояндаи ин Ватани маҳбуб дурахшон аст!

25 декабр 2025, Панҷшанбе
9

ИСТИҚЛОЛИ ЭНЕРГЕТИКӢ

Ояндаи ин Ватани маҳбуб дурахшон аст!

Дар Паёми соли гузаштаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” (28.12. 2024) таъкид шуда буд: «Аз моҳи майи соли 2027-ум аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар «Роғун» ва силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар кишвар пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад».

Дар Паёми имсола хушхабари лағви бебарқиро таҳким бахшида, Роҳбари давлат таъкид намуданд: "Ҳукумати мамлакат, тамоми роҳбарону масъулин ва сохтмончиёни ин иншооти бузург (Неругоҳи барқи обии "Роғун") вазифадоранд, ки сохтмони Неругоҳро бо масъулияти баланд ва босифат вусъат бахшида, иҷрои супориши додашударо ҷиҳати дар моҳи сентябри соли 2027 ба кор даровардани агрегати сеюми Неругоҳ, яъне расидан ба истиқлоли энергетикиро таъмин намоянд".

Тавре дар Паёми навбатӣ зикр гардид, дар 10 соли гузашта соҳаи энергетикаи кишвар ба маблағи беш аз 60 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ шудааст, ки дар натиҷа иқтидорҳои истеҳсолии неруи барқ дар ҳаҷми 1017 мегаватт афзоиш ёфтанд. Танҳо аз ҳисоби таҷдиду навсозии неругоҳҳои амалкунанда иқтидори истеҳсолӣ 200 мегаватт афзуд.

Тавре дар Паём таҳлил шуд, дар даҳ соли охир ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар кишвар 7 миллиард киловатт-соат ё 40 фоиз зиёд гардида, аз 17,2 миллиард киловатт-соати соли 2015 ба 24,2 миллиард киловатт-соат дар соли 2025 расонда шуд. Бо сабаби афзоиши аҳолӣ (аз 8,5 миллион нафари соли 2015, ки ҳоло ба 10,7 миллион нафар расидааст), бунёди 1 миллиону 300 ҳазор хонаи истиқоматии нав, дар 7 соли охир ба истифода додани беш аз 2600 корхонаи нави саноатӣ ва дигар омилҳои беҳбуди зиндагӣ талабот ба неруи барқ рӯз ба рӯз меафзояд.

Дар кишвари мо, ки аз барқи истеҳсоли худӣ истифода мебарем, ин норасоии барқ алҳол андаке зиёдтар аз 1 миллиард киловатт-соатро ташкил медиҳад. Чанд сол муқаддам ин норасоӣ қариб 4 миллиард киловатт-соат буд.

Татбиқи сиёсати энергетикии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус дар бобати истифодаи сарфакоронаи барқ ва пардохти ҳаққи истифодаи он, барои кам намудани норасоии барқ такони ҷиддӣ бахшид. Дар Паём ин ба таври зайл шарҳ дода шудааст: “Дар солҳои гузашта, яъне то ҷорӣ намудани технологияҳои муосири ҳисоб ва пардохти неруи барқ – низоми рақамии биллингӣ дар ҳисоботи шабакаҳои барқ 30-40 фоизи аҳолӣ ҳаққи истифодаи неруи барқро пардохт намекард. Баъд аз ҷорӣ шудани низоми нави биллингӣ 100 фоизи аҳолӣ ҳамчун пурра пардохткунандаи ҳаққи истифодаи неруи барқ ба ҳисоб гирифта мешавад. Ин рақамҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки қаблан таҳти таъсири омилҳои инсонӣ ё суиистифода аз мансаб аз тарафи баъзе кормандони соҳа пардохтҳо пурра ба ҳисоб гирифта намешуданд ва талафоти беасоси неруи барқ ба таври сунъӣ ба зиммаи аҳолӣ ва дигар гурӯҳҳои истифодабарандагони неруи барқ гузаронда мешуд...”

Талафоти неруи барқ дар шаҳри Душанбе дар 11 моҳи соли ҷорӣ аз 20 ба 13 фоиз кам шуд. Дар ин давра талафоти неруи барқ дар тамоми кишвар 3 миллиард киловатт-соатро ташкил карда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 500 миллион киловатт-соат кам гардидааст.

Низоми энергетикии Тоҷикистон чун механизми боэътимод фаъолият дорад. Дуруст аст, ки соли ҷорӣ табиат мушкилоти ҷиддие пеш овард; бо сабаби норасоии об истеҳсоли барқ андак коҳиш ёфтааст ва ин, албатта, барои муштариён ногуворӣ меорад. Аммо рӯшноии воқеие аз охири нақб, аллакай, намоён аст. Расидан ба истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлати мост ва сиёсати нурафзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моро ба ин марҳалаи сафобахши зиндагӣ наздик менамояд.

Дуруст аст, ки дар мо талабот ба барқ нисбат ба истеҳсоли он ҳанӯз ҳам бештар мебошад. Вале, тибқи таҳлилҳо, дар кишвари мо соли 2030 нисбат ба соли 2025-ум истеҳсоли барқ 31 фоиз зиёд мегардад. Тавре дар Паём шарҳ ёфт, дар Тоҷикистон минбаъд аз манбаъҳои алтернативии истеҳсоли барқ фаровон истифода бурда хоҳад шуд. Дар давоми ду соли оянда бо ҷалби сармояи мустақим дар кишвар якчанд неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 1500 мегаватт ба истифода дода мешавад. Ҳоло корҳои лоиҳавии сохтмони ду неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт дар вилояти Суғд ва 250 мегаватт дар вилояти Хатлон оғоз гардида, то моҳи августи соли 2026 ба истифода супурда мешаванд.

Ба ҳукми таърих вогузор намудани маҳдудияти барқ натиҷаи заҳмати чандсола, муносибати дурбинона ва сиёсати амиқи энергетикии Пешвои миллат аст. Як худи талоши бунёди “Роғун” тадбирест, ки ба амалӣ шудани он ҳатто мутахассисони баландпояи соҳа низ бовар надоштанд. Ин муъҷиза, ҳамчун намунаи баландтарини ҷоннисории Пешвои миллат барои рушди кишвар ва сарбаландии миллат акнун натиҷа ба бор хоҳад овард. Ба истиқлолияти энергетикӣ расидан моро ба истиқлолияти миллӣ хеле наздик менамояд.

Нозир ЁДГОРӢ,

Нависанда

Санаи нашр: 25.12.2025 №: 247