ДИЛИ АҲЛИ ЗАҲМАТ ГАРМТАР ШУД
ДИЛИ АҲЛИ ЗАҲМАТ ГАРМТАР ШУД
Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ҳамчун санади муҳими ояндасоз ҳамасола арзёбии тамоми масоили сиёсию иқтисодӣ, фарҳангӣ, иҷтимоиро фаро гирифта, дастовардҳои як марҳалаи муайянро низ мавриди таҳлил қарор медиҳад. Ҳамзамон, баҳри амалишавии барномаҳои мушаххаси ояндаи наздик масъулони соҳаҳо вазифадор мешаванд, ки ин ба рушди ҳамаҷонибаи диёри азизамон такони ҷиддӣ мебахшад.
Имсол низ Паёми навбатӣ (16.12.2025) аз иқдомоти наҷиб ва вазифагузориҳои бамаврид иборат буд, ки ба мардум боз ҳам аз ояндаи дурахошону пур аз комёбиҳо дарак медиҳад. Аз ҷумла, масъалаҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ низ баррасӣ гардида, аз заҳмати деҳқонон ба некӣ ёдоварӣ шуд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: “Бо вуҷуди тағйирёбии иқлим, аз ҷумла ҳарорати баланди ҳаво, соли 2025 дар натиҷаи заҳмати софдилонаи кишоварзони мамлакат суръати рушди соҳаи кишоварзӣ ба 8,5 фоиз расида, фаровонии бозори истеъмолӣ таъмин карда шуд”. Пешвои миллат аз минбар дар ҳузури ҳамагон барои дастовардҳои назарраси соҳа ба кишоварзон арзи сипос карданд ва дили ҳазорон заҳматкашро шоду ба кори саҳро гармтар сохтанд. Ин, пеш аз ҳама, қадршиносии кишоварзон аст, ки боис ба ҳавасмандии онҳо ва равнақи кори эшон мегардад. Баробари ин, барои масъулони соҳаи кишоварзӣ баҳри таъмини амнияти ғизоӣ, аз ҷумла ривоҷ додани соҳаи пахтакорӣ, супоришҳои мушаххас дода шуданд. Ин тадбир олимону кормандони соҳа, аз ҷумла Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистонро водор месозад, ки корҳои илмию тадқиқотии худро бо сатҳу сифати баланд гузаронда, бо ин роҳ, барои расидан ба натиҷаҳои бештари истеҳсолоти кишоварзӣ мусоидат кунанд. Махсусан, мо – мутахассисони соҳаро зарур аст, ки дар доираи супоришҳои Сарвари давлат технологияи пешрафтаи парвариши зироатҳои кишоварзиро аз худ намоем. Ҳамчунин, зимни Паём масъулони соҳаи илму маориф низ дастурҳои саривақтӣ гирифтанд, ки дар тайёр намудани кадрҳои болаёқату дорои донишҳои замонавӣ чораандешӣ карда, зиёдтар дар ин ҷода масъулиятшинос бошанд.
Шуҳрат ҶУМАЕВ,
сардори шуъбаи илм,
таълим ва тайёр кардани кадрҳои илмии
Академияи илмҳои
кишоварзии Тоҷикистон
Санаи нашр: 25.12.2025 №: 247