Пешвои миллат дар вилояти Хатлон
Пешвои миллат дар вилояти Хатлон
Ба истифода додани ҶДММ «Шири Ҷайҳун»
25-уми декабр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ва боздид аз хоҷагиҳои кишоварзӣ ба минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Зимни сафар, дар маҷмуъ, наздики 60 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ба сохтмони 7 иншооти дигар оғоз бахшида мешавад. Танҳо дар соҳаи маориф 18 муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 13700 хонанда дар ду баст ва 10 муассисаи томактабӣ барои 1500 кӯдак ба истифода дода мешавад. Ҳамчунин, 8 корхонаи саноатӣ бо наздики 600 ҷойи корӣ ифтитоҳ меёбад. Ғайр аз ин, давоми соли равон бо саҳмгузории соҳибкорон ва мардуми саховатпеша дар вилоят 546 километр роҳ навсозӣ гардид.
Боздиди кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Ҷайҳун бо ифтитоҳи корхонаи «Шири Ҷайҳун» оғоз ёфт. Дар ин корхонаи нави саноатӣ, ки дар заминаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Комбинати шири Душанбе» бунёд ёфт, истеҳсоли зиёда аз 10 намуди маҳсулот, аз ҷумла қаймоқ, творог, кефир, ҷурғот, кефири мевагӣ, дуғоб ва маска, ба роҳ монда шудааст.
Корхонаи нави истеҳсолӣ дар ноҳияи Ҷайҳун дар заминаи дастуру ҳидоятҳои созандаи Роҳбари давлат аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Наврӯз Комилов бо мақсади таъмини аҳолии кишвар бо маҳсулоти табиӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тозаю безарар бунёд гашта, бо хатҳои муосири истеҳсолӣ таъмин аст.
Корҳои сохтмонӣ соли 2024 дар асоси нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ оғоз гардида, дар муҳлати пешбинигардида ба анҷом расиданд. Таҷҳизоту дастгоҳҳои истеҳсолии корхонаи саноатӣ аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ворид ва васлу насб гардидаанд. Корхона дорои ду сардхона барои нигоҳдории маҳсулот ва воситаи нақлиёти махсус барои ба нуқтаҳои фурӯш дастрас намудани маҳсулот мебошад. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ҶДММ «Шири Ҷайҳун» 35 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ, 15 каси дигар бо ҷамъоварии шир аз аҳолӣ ва дигар корҳои ёрирасон машғул буда, дар маҷмуъ, 50 кас бо кор ва маоши хуб таъмин шуд. Иқтидори истеҳсолии корхонаи «Шири Ҷайҳун» дар як шабонарӯз 10 тонна маҳсулоти ширии дорои сифати баландро ташкил медиҳад.
Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки маҳсулоти корхона таҳти номи «Шири Ҷайҳун» дар зарфҳои гуногун, асосан, дар бозорҳои дохилӣ ба фурӯш бароварда мешавад. Маҳсулоти хоми корхона аз аҳолӣ дастрас мегардад ва бо ин мақсад 3 воситаи нақлиёт ҷудо гардида, дар 4 деҳоти ноҳияи Ҷайҳун нуқтаҳо барои ҷамъоварии шир ташкил шудаанд. Маҳсулоти дастрасгардида ба корхона дар озмоишгоҳ, ки мувофиқ ба талаботу меъёрҳои ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз мебошад, қабл аз коркард мавриди санҷиш қарор дода мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо раванди истеҳсолот дар ҳамин ҷо аз гӯшаи намоиши маҳсулоти истеҳсолии корхона дидан карданд. Дар намоишгоҳ маҳсулоти ширии корхонаи нави саноатӣ, ки бо сифати баланд истеҳсол ва барои пешниҳод ба бозори истеъмолӣ омода мегардад, муаррифӣ шуд.
Роҳбари давлат зимни шиносоӣ бо маҳсулоти корхона ҷиҳати равона сохтани таваҷҷуҳи зиёд ба риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми коркарди шир ва бандубасти он дар асоси талаботи миллию байналмилалӣ ба масъулон дастуру тавсияҳо доданд.
Дар навбати худ, масъулони корхона омодагии худро барои дар оянда афзун намудани шумораи чунин корхонаҳои наву замонавӣ ва саҳмгузорӣ дар таъмини бозори дохилӣ баён доштанд.
Ифтитоҳи бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун
25-уми декабр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳунро ба истифода доданд.
Ифтитоҳи иншоот дар доираи тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ ва бо мақсади таҳкими заминаҳои моддиву техникии сохторҳои ҳизбӣ амалӣ гардид.
Сохтмони бино ҷиҳати амалӣ намудани ташаббуси наҷиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ роҳандозӣ шуд.
Қобили зикр аст, ки бинои пешина ҳамагӣ аз 3 ҳуҷраи корӣ иборат буд ва барои фаъолияти самараноки кормандон шароити мусоиди корӣ надошт. Аз ин рӯ, баҳри беҳтар намудани шароити корӣ, тасмим гирифта шуд, ки бинои нав бо талаботи муосири меъморӣ ва шаҳрсозӣ бунёд гардад. Бинои нав аз 6 ҳуҷраи корӣ, китобхона, ҳуҷраи волонтёрон ва маҷлисгоҳ иборат буда, дар он барои қабули шаҳрвандон, баргузории чорабиниҳои сиёсиву маърифатӣ ва фаъолияти мунтазами ҳизбӣ тамоми шароити зарурӣ фароҳам мебошад.
Сарвари давлат ба сифати корҳои сохтмонӣ ва шароити фароҳамгардида баҳои баланд дода, таъкид сохтанд, ки таҳкими фаъолияти сохторҳои ҳизбӣ дар маҳал ба баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва татбиқи самараноки сиёсати давлатӣ мусоидат менамояд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53
25-уми декабр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷайҳун бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 53-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Муассиса ба истиқболи Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардид. Корҳои сохтмониро мутахассисон ва бинокорони Кооперативи тиҷоратии «Беҳбуд» бо истифода аз маҳсулоти хушсифати сохтмонӣ, риояи стандартҳои байналмилалӣ ва тарҳу унсурҳои зебои меъморӣ анҷом додаанд, то дар ин боргоҳи илму маърифат кӯдакону наврасон солиёни зиёд бо таълиму тарбияи хушсифат фаро гирифта шаванд. Муассисаи таълимӣ барои 1300 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, дорои 28 синфхонаи барҳаво, маҷлисгоҳ, толори фарҳангию варзишӣ, ошхона бо 50 ҷойи нишаст, китобхона, бунгоҳи тиббӣ ва хонаҳои методӣ мебошад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо омӯзгорону хонандагон изҳор доштанд, ки бо фароҳам гардидани шароити мусоиди таълиму тарбия дар тамоми муассисаҳои таълимии умумии кишвар бояд дар мадди аввал на миқдор, балки сифати таҳсилот ва дониш гузошта шавад.
Иттилоъ доданд, ки дар сию чор соли соҳибистиқлолӣ дар кишвар барои фаро гирифтани наврасону ҷавонон бо донишҳои муосири ба меъёрҳои стандарти байналмилалӣ ҷавобгӯ, омӯзиши фанҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ ва технология бунёди як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таълимии навъи нав дар сатҳи баланд роҳандозӣ гардид. Танҳо солҳои 2024 – 2025 дар назди 52 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Ҷайҳун 91 синфхонаи иловагӣ бо 2 ҳазору 275 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд.
Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 иншооти соҳаи маорифро дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Дӯстӣ, Панҷ, Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хусрав ва 3 корхонаи саноатиро дар ноҳияҳои Дӯстӣ ва Панҷ ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ба истифода додани Муассисаи давлатии томактабии “Маърифат” дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 барои 400 кӯдак, Муассисаи таҳсилоти томактабии “Донояк”, биноҳои нави таълимӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳраки Дӯстӣ, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и деҳоти Панҷ ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и деҳоти Қумсангири ноҳияи Ҷайҳун бо фарогирии 1440 хонанда, бинои маъмурии маорифи ноҳияи Дӯстӣ, биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии деҳоти Ҷиликӯл, деҳоти Хуррамдиёр ва деҳоти Навзамини ноҳияи Дӯстӣ, бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 бо 1280 ҷойи нишаст ва бинои иловагӣ бо 480 ҷойи нишаст дар деҳаи Ҳамдилони ноҳияи Панҷ, бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51 бо 1400 ҷойи нишаст ва Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ барои 375 кӯдак дар ноҳияи Қубодиён, бинои иловагии таълимӣ бо 800 ҷойи нишаст дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 дар ноҳияи Шаҳритус ва ду бинои иловагии таълимӣ бо 800 ҷойи нишаст дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 дар ноҳияи Носири Хусрав аз он шаҳодат медиҳад, ки дар кишвар маориф аз соҳаҳои афзалиятнок эътироф гардида, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вусъати тоза пайдо менамоянд.
Иттилоъ доданд, ки ҳамаи иншооти соҳаи маориф бо шароити хуби таълимӣ ва компютеру синфхонаҳои фаннӣ таъмин мебошад. Дар доираи амалинамоии ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, корхонаи истеҳсоли шифер бо 45 ҷойи кор, корхонаи коркарди пахтаи ҶДММ “Сармояи Дӯстӣ” барои коркарди 10 ҳазор тонна пахта бо 35 ҷойи кор дар ноҳияи Дӯстӣ ва корхонаи коркарди пахтаро дар Парки технологӣ-инноватсионӣ бо 50 ҷойи кор дар ноҳияи Панҷ ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми бунёдкоронаи соҳибкоронро шоистаи таҳсин хонда, ба масъулони корхонаҳои саноатӣ дастур доданд, ки ба сифати маҳсулот ва коркарди пахта таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда, дар оянда доираи фаъолияти корхонаҳоро васеъ ва ҷойҳои корро зиёд намоянд.
Боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзони ноҳияи Ҷайҳун
25-уми декабр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷайҳун аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавот, анвои гуногуни меваи тару хушк, маҳсулоти консервшуда, полизӣ ва ғалладонагию лӯбиёиҳо, ки бо истифода аз обу ҳавои мусоид, замини ҳосилхез ва тухмиҳои хушсифат ба даст омадаанд, дидан карданд.
Соли равон кишоварзони ноҳия бо истифода аз имкониятҳои мавҷудаи табиӣ майдони кишти зироатҳои кишоварзиро ба 23 ҳазору 284 гектар расонданд.
Заҳмати пайвастаи хоҷагидорон ва риояи агротехникаи кишту парвариш имкон фароҳам овардааст, ки дар ноҳияи Ҷайҳун истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ биафзояд. Тавре иттилоъ доданд, ба ҳолати 1-уми декабр дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 11 ҳазору 728 тонна картошка, 48 ҳазору 890 тонна ғалла, 29 ҳазору 969 тонна меваҷот, 159 ҳазору 677 тонна сабзавот, 3 ҳазору 285 тонна ангур, 168 ҳазору 775 тонна полизӣ, 24 ҳазору 730 тонна шир, 5 ҳазору 255 тонна гӯшт, 23,9 тонна асал, 146,4 тонна моҳӣ ва 4 миллиону 146,9 ҳазор дона тухм истеҳсол шуд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар ноҳия ҷамъоварии ҳосили сабзӣ, ҷуворимаккаи дон ва полизиҳо аз кишти такрорӣ идома дорад. Намоишгоҳ, ки дар шакли хеле ҷолибу диданӣ пешниҳод гардид, баёнгари фаровонҳосилӣ ва таҷрибаи ғании деҳқонони заҳматқарини ноҳия дар самти оқилона истифода бурдани замин аст. Маҳсули ҳунари занону кадбонуҳои ноҳия, аз ҷумлаи анвои гуногуни нон ва таомҳои тоҷикӣ ҳам дар шакли густурда бозгӯи заҳмати аҳлона мебошад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ва кишоварзони ноҳия барои боз ҳам баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, истифодаи самараноки замин, захираи маҳсулот барои давраи зимистон, зиёд намудани масоҳати боғу токзор ва шудгори замин дастуру тавсияҳо доданд.
Муаррифии лоиҳаи бунёди Маркази агрологистикӣ
25-уми декабр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Хатлон аз ноҳияи Ҷайҳун ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ташриф оварданд.
Сафари кории Сарвари давлат дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди Маркази агрологистикӣ оғоз ёфт.
Марказ дар самти ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, коркард, андозабандӣ, бастабандӣ ва содироти намудҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ фаъолият хоҳад кард.
Маркази агрологистикӣ аз бинои асосӣ, анборҳо ва сардхонаҳои муосир, ошхона бо 48 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи июни соли ҷорӣ оғоз гардида, анҷоми пурраи он то моҳи ноябри соли 2026 дар назар аст.
Зимни муаррифии лоиҳаи ангоравии Маркази агрологистикӣ, ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар он се хатти муосири андозабандӣ ва бастабандӣ фаъол мегардад.
Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани Марказ 67 нафар бо кор таъмин мешавад, ки аз ин шумора 40 нафар кормандони мавсимӣ мебошанд.
Таъкид шуд, ки бунёди Марказ, пеш аз ҳама, ба такмили занҷираи таъминоти маҳсулоти кишоварзӣ, коҳиш додани талафот, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти агробизнес ва афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва ашёи хом мусоидат хоҳад кард.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни суҳбат бо масъулон ва бинокорон, ҷиҳати дар муҳлатҳои муайяншуда ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ, инчунин, ба маркази муосири ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, коркард, бастабандӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ табдил додани ин иншоот, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Корхонаи орд ба номи Маҷид Ҳафизов
25-уми декабр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ корхонаи орди ба номи Маҷид Ҳафизовро ифтитоҳ намуданд.
Ин корхона аз ҷониби Корпоратсияи «Тоҷвар» бунёд шуда, иқтидори истеҳсолии он дар як шабонарӯз то 200 тонна коркарди ғалларо ташкил медиҳад.
Ғалла аз Қазоқистон ворид гардида, қабл аз коркард, дар озмоишгоҳи махсуси корхона мавриди ташхиси сифат қарор дода мешавад.
Барои таъмини мустақими воридоти ғалла, корхона ба хатти роҳи оҳан пайваст буда, дорои ду анбори муосири нигоҳдории ашёи хом бо ғунҷоиши умумии 50 ҳазор тонна мебошад.
Дар корхонаи орд 150 мутахассиси маҳаллӣ дар ду баст бо кор таъмин гашта, барои онҳо шароити муносибу муосири кор ва маишат фароҳам аст.
Тавре иттилоъ доданд, таҷҳизоту дастгоҳҳои истеҳсолӣ ҷавобгӯ ба стандартҳои муосир буда, раванди истеҳсолот, аз коркарди ашёи хом то бастубанди маҳсулоти тайёр, тавассути се хатти автоматии бандубаст анҷом дода мешавад.
Маҳсулоти корхона таҳти бренди «Балхӣ» дар борхалтаҳои 50 ва 10-килограммӣ истеҳсол гардида, асосан, ба бозори дохилӣ пешниҳод мешавад.
Бо мақсади тақвияти занҷираи пурраи истеҳсолӣ, масъулон ният доранд, ки дар ояндаи наздик дар назди корхона коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти нонӣ ва хӯроки чорво таъсис диҳанд.
Ҳамчунин, дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи самараноки неруи барқ, бунёди неругоҳи барқи офтобӣ дар назар аст.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулон ва мутахассисон ташаббуси бунёди ин корхонаи истеҳсолиро шоистаи таҳсин арзёбӣ намуда, барои фаъолияти самаранок, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти босифати ивазкунандаи воридот ва таъмини бозор бо маводи аввалияи ғизоӣ дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.
Корхонаи истеҳсоли макарони «Руми Паста»
25-уми декабр зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ корхонаи макарони «Руми Паста»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхонаи нави саноатӣ пас аз таҷдиду навсозӣ давоми як сол мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Таҷҳизоти корхонаи нави саноатиро соҳибкорони ватанӣ аз Италия ворид намуда, барои фаъолияти минбаъда мутахассисони маҳаллиро ба кор ҷалб карданд. Ҳоло корхонаи навтаъсис дорои як хатти технологӣ буда, 20 нафар мутахассис дар ду баст фаъолият менамояд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ҳоло дар корхона се номгӯйи маҳсулот истеҳсол ва бастабандӣ мешавад.
Масъулон тасмим гирифтаанд, ки бо ворид намудани ду хатти нави технологӣ иқтидори истеҳсолии корхонаро боз ҳам зиёд намоянд. Аснои шиносоӣ Сарвари давлат ба кормандон ва мутахассисон вобаста ба истифодаи имкониятҳои мавҷуда ва истеҳсоли маҳсулоти босифати ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ дастур доданд. Оянда, баробари ба кор андохтани хатҳои нави технологӣ, шумораи кормандон дар корхонаи истеҳсоли макарони «Руми Паста» ба 50 нафар мерасад.
Муассисаи томактабии инноватсионӣ ва маркази инкишофи кӯдак дар шаҳри Бохтар
25-уми декабр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ ва маркази инкишофи кӯдакро ба истифода доданд.
Иншооти нави соҳаи маориф дар маркази вилояти Хатлон барои ба таълим фаро гирифтани 240 тарбиятгиранда дар 10 гурӯҳ пешбинӣ мегардад. Муассисаи нав аз ҷониби соҳибкор Ҷамшед Назризода бунёд гашта, дар он 20 кас ба кори доимӣ таъмин шуд. Дар посух ба дастгирию таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар саҳмгузории намояндагони бахши хусусӣ дар корҳои ободонӣ барои ба талабот мутобиқ шудани хизматрасониҳо дар соҳаи иҷтимоӣ ва беҳтар шудани сифати таълиму тарбия мусоидат намудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулони соҳаи маориф ва омӯзгоронро барои истифодаи босамар аз шароити фароҳамшуда, баланд бардоштани сифати таълим ва ба камол расондани насли донишманду хештаншинос вазифадор карданд.
Ёдовар бояд шуд, ки 27-уми октябри соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ ва маркази инкишофи кӯдак санги асос гузоштанд. Дар ин муддат иншооти соҳаи маориф дар асоси лоиҳа бо ҷалби коргарону мутахассисон мутобиқ ба талабот сохта шуд. Бунёди Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ ва маркази инкишофи кӯдак дар шаҳри Бохтар ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ фароҳам овардани шароит барои дӯстрӯякон намунаи хуби иҷрои супоришҳои Роҳбари давлат ба ҳисоб меравад.
Ифтитоҳи 7 иншооти соҳаи маориф
25-уми декабр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пас аз мавриди истифода қарор додани Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ ва маркази инкишофи кӯдак, 7 муассисаи соҳаи маорифро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуда, бо лоиҳаҳои бунёди 4 муассисаи соҳаи маориф ва як иншооти соҳаи варзиш шинос шуданд.
Зимни ифтитоҳи иншооти соҳаи маориф 6 маркази инкишофи кӯдак барои 390 кас ва бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72 бо 480 ҷойи нишаст дар ноҳияи Кӯшониён ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Иншооти зикргардида дар идомаи ташаббусҳои роҳнамунсози Роҳбари давлат дар самти беҳсозии заминаи таълиму тарбия ва рушди соҳаи илму маориф аз ҳисоби Барномаи инкишофи барвақтии кӯдак бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ бунёд гардид.
Аснои шиносоӣ бо лоиҳаҳои бунёди 4 муассисаи соҳаи маориф иттилоъ дода шуд, ки Муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 200 кӯдак дар маҳаллаи Ҳоҷишариф, Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ барои 300 кӯдак дар маҳаллаи Маданият ва ду муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар маҳаллаҳои Дӯстӣ ва Маданияти шаҳри Бохтар бо 4800 ҷойи нишаст бунёд мегарданд.
Зимни суҳбат бо масъулон ба тарҳи бунёди марказҳои инкишофи кӯдак дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Кӯшониён Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳиссагузории бештар дар пешрафти низоми маорифи Тоҷикистон, бахусус бобати рушди зинаи томактабии таълим, дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.
Инчунин, зимни шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди маҷмааи варзиш Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки корҳои сохтмонӣ ва ободонии атрофи маҷмаа бо сифати баланди ҷавобгӯ ба меъёрҳои меъмории муосир ва бо истифода аз масолеҳи хушсифати сохтмонӣ анҷом дода шаванд.
ҶДММ «Шифобахши Аср»
25-уми декабр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар маркази ташхису табобатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шифобахши Аср»-ро ба истифода доданд.
Иншооти нави тандурустӣ аз шуъбаи қабул, ташхис, таҳлил, ҷарроҳӣ ва эҳё иборат буда, дар он ташхису табобати бемориҳои дилу рагҳо, асаб, амрози даруна, амрози занона ва дигар намуди бемориҳо ба роҳ монда шуда, дар он 32 ҷойи нави кор таъсис ёфт. Ашхоси баландихтисоси дар дохил ва хориҷи кишвар таҳсилнамуда барои хидматрасонӣ ҷалб шудаанд.
Дар маҷмуъ, маркази ташхису табобатии «Шифобахши Аср» аз 14 ҳуҷраи кории ташхисӣ ва 5 ҳуҷра барои бистарикунонӣ иборат мебошад. Иншооти нави тиббӣ дар доираи дастгирию таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар нисбат ба фаъолияти намояндагони бахши хусусӣ аз ҷониби соҳибкор Насим Мирпочозода мутобиқ ба талаботи замони муосир эъмор гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табибону кормандони марказро барои истифодаи бамаврид аз технологияи муосир ва саривақту дар сатҳи баланд хидматрасонӣ кардан ба мардум вазифадор намуда, бештарсозии корҳои фаҳмондадиҳиро барои пешгирӣ аз гирифторшавӣ ба бемориҳои гуногун зарур донистанд. Дар иншооти нави тандурустӣ таҷҳизоти муосири тиббӣ аз Чин, Ҷопон, Олмон, Корея ва Нидерландия ворид гардида, ба муроҷиаткунандагон дар сатҳи баланд хидмат расонда мешавад.
Ҳоло намояндагиҳои ҶДММ «Шифобахши Аср» дар 10 шаҳру ноҳияи кишвар ба муроҷиаткунандагон хидмати тиббӣ мерасонанд. Дастгирию таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳаи иҷтимоӣ имкон медиҳад, ки беморон дар муассисаҳои тандурустӣ мутобиқ ба талаботи муосир ташхису табобат шаванд ва дар сатҳи баланд муолиҷа гиранд.
Ба истифода додани бинои баландошёна
25-уми декабр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар кӯчаи Садриддин Айнии шаҳри Бохтар бинои баландошёнаи истиқоматии хайриявии «Эҳсон»-ро бо маркази савдо ва хидматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бино аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Фатҳулло Соҳибов бунёд гардида, аз 12 ошёна ва 80 хона иборат мебошад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо ба маъюбону ниёзмандон, кормандони мақомоти қудратӣ, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, хидматчиён ва дигар сохторҳои гуногуни давлатӣ калиди хонаҳои истиқоматӣ тақдим намуданд. Дар хонаҳои истиқоматии барҳаво, ки мутобиқ ба талаботи муосир сохта шуданд, тамоми ҷиҳоз ва ашёи зарурӣ барои зист фароҳам мебошанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми ин соҳибкорро намунаи олии ватандӯстӣ ва шоистаи таҳсин маънидод карданд. Зимнан, онҳое, ки соҳиби манзилҳои истиқоматӣ шуданд, муҳаббату самимияти худро ба ин ғамхориву ташаббусҳои инсондӯстонаи Президенти кишвар баён намуданд. Ин бино дар давоми зиёда аз ду сол бо ҷалби 40 мутахассиси маҳаллӣ бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст. Ошёнаҳои 1 ва 2 барои маркази савдо ва хидматрасонӣ пешбинӣ шуда, дар онҳо 20 кас соҳиби кор мешавад.
Мулоқоти Пешвои миллат бо ятимон ва хонандагони болаёқат
25-уми декабр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун, дар шаҳри Бохтар бо 100 кас аз ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ, олимпиадаҳои фаннию байналмилалӣ ва ятимони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мулоқоти самимӣ ороста, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд.
Зимни суҳбат Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд, ки Ҳукумати мамлакат барои таъмини шароити арзандаи зиндагии ятимону бепарасторон ва беҳсозии таълиму парвариши онҳо пайваста таваҷҷуҳ зоҳир менамояд.
Тавре иттилоъ дода шуд, имсол аз озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” довталабони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 28 ҷойи ифтихорӣ ва 2 шоҳҷоиза, “Илм – фурӯғи маърифат” 20 ҷойи ифтихорӣ гирифта, ҳамчунин, дар олимпиадаҳои фаннии мактаббачагон 800 хонанда соҳиби медал гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фароварди вохӯрӣ онҳоро ба таҳсили хубу аъло, омӯхтани касбу ҳунар, илмҳои муосир ва иштироки фаъолона дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҳидоят намуданд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17
25-уми декабр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-ро ифтитоҳ бахшиданд.
Иншоот барои ба таҳсил фаро гирифтани 1240 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, дар он 68 омӯзгори соҳибтахассус бо кор таъмин гардид. Бо мақсади фарогирии кӯдакон ба таълими томактабӣ, дар назди Муассиса маркази инкишофи кӯдак таъсис ёфт. Бинои таълимӣ дорои 33 синфхонаи муҷаҳҳаз, ҳуҷраҳои кор, маҷлисгоҳ бо 104 ҷойи нишаст, китобхона, ошхона, толору майдончаи варзиш ва ҳуҷраҳои ёрирасон буда, мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ сохта шуд. Кабинетҳои фаннӣ, аз ҷумла физика, химия, биология, технологияи иттилоотӣ ва дигар шароити мусоиди таълиму тадрис ба баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон мусоидат менамоянд.
Раванди таълим дар асоси барномаҳои давлатии таълимии соҳавӣ ба забонҳои тоҷикию русӣ ба роҳ монда шудааст. Қабули хонандагон ба Муассиса тавассути санҷиш ва баҳогузории донишу малака сурат мегирад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулонро вазифадор намуданд, ки сатҳу сифати таълиму тарбияро мунтазам назорат ва таҳлил намуда, омӯзгоронро ба курсҳои такмили ихтисос ҷалб кунанд ва барои таҳияи дастурҳои таълимии мутобиқ ба талабот тадбирҳои амалӣ андешанд.
Ба истифода додани корхонаи саноатӣ
25-уми декабр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баъди ба истифода додани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17, дар ҳамин ҷо ба таври фосилавӣ як иншооти соҳаи маориф ва як корхонаи саноатиро дар минтақаи саноатии шаҳри Левакант ифтитоҳ намуданд.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хусрав сохтмон» бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Суннатулло Гадоев дар масоҳати 3 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардид.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки раванди истеҳсол пурра бо истифода аз технологияҳои муосир ба роҳ монда шуда, иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 60 ҳазор дона хиштро ташкил медиҳад ва ҳаҷми солонаи истеҳсолот ба зиёда аз 22 миллион дона мерасад. Ҳоло дар корхона 20 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ ва 20 каси дигар ба корҳои мавсимӣ ҷалб шудаанд.
Дар назар аст, ки то Ҷашни байналмилалии Наврӯз марҳалаи дуюми корхона ба истифода дода шуда, истеҳсоли хишти сабук (газоблок) ба роҳ монда шавад. Бо татбиқи ин марҳала, барои боз 20 нафар сокини маҳаллӣ ҷойи кори нав таъсис меёбад. Ҳамчунин, дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои иловагии таълимӣ барои 600 хонанда дар ду баст дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 мавриди истифода қарор гирифт. Иншооти мазкур бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, саҳми сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ёфт. Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ 20 сокини маҳаллӣ бо кори муносиб таъмин гардид.
Зимни боздид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои нави таълимиро қадами муҳим дар самти рушди соҳаи маориф арзёбӣ намуда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити муосири таҳсил ва баланд бардоштани сифати таълим ба масъулон дастуру тавсияҳои мушаххас доданд.
Ба истифода додани бинои хобгоҳи донишҷӯёни ДДБ
25-уми декабр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро ифтитоҳ намуданд.
Тибқи маълумот, корҳои сохтмонии хобгоҳ соли 2023 оғоз ёфта, дар муҳлати муайяншуда бо сифати баланд ба анҷом расид.
Бинои хобгоҳи донишҷӯён дорои 153 ҳуҷраи истиқоматӣ буда, барои 460 донишҷӯ пешбинӣ мегардад. Дар иншоот барои донишҷӯён тамоми шароити зарурии муосир, аз ҷумла ҳуҷраҳои барҳавои хоб, толорҳои мутолаа, китобхона, ошхона, нуқтаҳои хизматрасонӣ, тиббӣ ва иншооти ёрирасон, фароҳам аст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз шароити хобгоҳ ба сифати корҳои сохтмонӣ, сатҳи таҷҳизот ва омодагии иншоот баҳои баланд дода, таъкид сохтанд, ки Ҳукумати кишвар ба рушди соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити арзандаи таҳсилу зиндагӣ барои ҷавонон таваҷҷуҳи хос медиҳад.
Сарвари давлат бо донишҷӯён суҳбати самимӣ анҷом дода, бо назардошти зиёд будани ниёз ба кадрҳои баландихтисос, онҳоро ба омӯзиши амиқи илму технологияи муосир, риояи интизом, пайваста такмил додани малакаи касбӣ ва дар оянда хизмат намудан ба нафъи ҷомеа ҳидоят карданд.
Роҳбарият, устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав барои таваҷҷуҳ ва дастгирии пайвастаи Пешвои миллат изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, хобгоҳи навро туҳфаи арзанда ва заминаи мусоид барои таҳсилу зиндагии ҷавонон арзёбӣ карданд.
Дар ин рӯз, ҳамчунин, бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сохтмони бинои нави хобгоҳ барои донишҷӯён, ки дорои 125 ҳуҷра бо 375 кат хоҳад буд, санги асос гузошта шуд.
Бинои иловагӣ барои Коллеҷи тиббии инноватсионӣ
25-уми декабр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои иловагии таълимии Коллеҷи тиббии инноватсиониро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти нави таълимӣ бо мақсади беҳтар намудани сатҳи омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва фароҳам овардани шароити муосири таҳсил аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Қурбоналӣ Қаҳҳоров бунёд ёфт.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои таълимӣ, ба соҳибкори ватанӣ барои саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи тандурустӣ ва бунёди чунин иншооти замонавӣ изҳори сипос намуданд.
Муассиса дорои 53 синфхона, аз ҷумла 16 синфхонаи лексионӣ ва 4 синфхонаи омӯзиши малакаҳои амалӣ, мебошад. Омӯзиш аз рӯйи 7 самт ва 9 ихтисос, аз ҷумла момодоягӣ, ҳамширагӣ, фарматсевтӣ, дандонсозӣ, табобати дандон ва тиббию ташхисӣ, ба роҳ монда шудааст.
Иттилоъ доданд, ки қабули донишҷӯён пас аз хатми синфҳои 9 ва 11 тавассути Маркази миллии тестӣ сурат мегирад. Иншоот дорои хобгоҳ барои 120 нафар, ошхона бо 250 ҷойи нишаст, китобхонаи электронӣ бо зиёда аз 15 ҳазор маводи таълимӣ ва китобхона бо 12 ҳазор нусха китоб мебошад. Дар муассиса 215 кас бо кор таъмин шуд, ки аз ин шумора 48 мутахассиси соҳаи тиб, 35 корманди техникӣ ва 132 омӯзгори соҳибтаҷрибаанд. Ҳоло дар Коллеҷи тиббии инноватсионӣ 3500 (2410 нафараш духтар) донишҷӯ таҳсил менамояд.
Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Қурбоналӣ Қаҳҳоров дар шаҳри Бохтар боз як қатор корҳои дигари ободонию созандагӣ амалӣ гардидаанд. Аз ҷумла, ӯ дар чароғон кардани 5 кӯчаву хиёбонҳои марказии шаҳри Бохтар дар масофаи зиёда аз 15 километр ва рангубори зебои биноҳои он иштироки фаъол доштааст.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки аз ҷониби соҳибкор, бо ҳадафи фароҳам овардани шароити мусоиди истироҳат ва рушди ҷисмонии кӯдакону наврасон, дар шаҳри Бохтар 8 майдончаи бозии кӯдакон ва 2 майдончаи варзиш мавриди истифода қарор гирифт. Ин тадбирҳо ба беҳтар гардидани инфрасохтори шаҳр, таъмини шароити зиндагии шоистаи сокинон ва боз ҳам зеботар шудани шаҳри Бохтар мусоидат менамоянд.
Пас аз ба истифода додани бинои иловагии таълимии Коллеҷи тиббии инноватсионӣ, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо бинои иловагии таълимӣ ва хобгоҳи Коллеҷи тиббии хусусии «Даво»-ро ба таври фосилавӣ ба истифода супурданд. Иншооти мазкур дорои шароиту имкониятҳои зарурии таълимӣ буда, бо таҷҳизот ва воситаҳои аёнияти таълимӣ муҷаҳҳаз аст.
Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2021 оғоз ёфта, аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рушди Хатлон» бунёд гашт.
Шумораи кормандони Коллеҷи тиббӣ 166 касро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 138 омӯзгор ва 28 корманди техникӣ мебошанд. Хобгоҳи муассиса 160 ҷойи хоб дорад. Дар муассиса 2500 (1500 касаш духтар) донишҷӯ дар ду баст таҳсил мекунад.
Бунёди ду муассисаи муосири таълимии тиббӣ дар шаҳри Бохтар барои ҷалби бештари духтарон аз шаҳру ноҳияҳои дурдасти кишвар ба таҳсил заминаи мусоид фароҳам меорад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки соҳаи тандурустӣ аз ҷумлаи соҳаҳои нозук ва пурмасъулият ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, ба омӯзгорон дастур дода шуд, ки донишҷӯёнро ба омӯзиши донишҳои муосир ҳидоят намуда, онҳоро дар роҳи хидмати софдилона ба Ватан раҳнамо бошанд, то дар оянда ҳамчун мутахассисони баландихтисос содиқона хидмат намоянд.
Ба истифода додани бинои маъмурӣ ва хобгоҳ
25-уми декабр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бинои нави маъмурӣ ва хобгоҳро дар қисми ҳарбии Н-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, мавриди истифода қарор доданд.
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, бо шароити фароҳамгардида дар бинои маъмурии қисми ҳарбии мазкур шинос шуда, бо дастаи ҳайати шахсии он суҳбат намуданд.
Бинои навбунёд бо назардошти меъёрҳои муосири меъморӣ ва талаботи махсуси соҳа бунёд гардидааст. Ҳамчунин, дар бинои қисми ҳарбӣ ҳуҷраҳои кории афсарон бо мизу курсӣ, таҷҳизоти зарурӣ ва воситаҳои алоқаи дохилӣ муҷаҳҳаз аст. Барои нигоҳ доштани солимии ҳайати шахсӣ ва обутоби бадан дар масоҳати 350 метри мураббаъ толори муосири варзиш низ бунёд ёфт. Дар қисми низомӣ анбори нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ ва полизӣ бо ғунҷоиши 100 тонна мавҷуд буда, дар он хӯроквории сарбозон захира ва нигаҳдорӣ мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ ва суҳбат бо ҳайати шахсии дастаи мазкур, таъкид карданд, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро ҳаргиз аз даст надиҳанд ва донишу малакаи касбиро баланд бардошта, барои рафъи ҳолатҳои ногувору фавқулодаву ғайричашмдошт ҳамеша омода бошанд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз вазъи мураккабу пешгӯинашаванда, ки дар минтақа ва ҷаҳон ба назар мерасад, аз роҳбарияти сохторҳои қудратию ҳифзи ҳуқуқ ва ҳар як хидматчии низомию воҳидҳои таъиноти махсус талаб намуданд, ки барои ҳифзи дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол ва амну суботи ин сарзамини аҷдодӣ доимо омода бошанд.
Фаъолияти босамари мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот дар ҷомеа ҳаётан муҳим буда, муваффақияти кормандони ин сохтор ба кордонӣ, донишҳои мукаммали зарурӣ, аз ҷумла сиёсӣ, оперативӣ ва фарҳанги баланди муносибат бо мардум, вобастагии амиқ дорад.
Роҳравҳо ва гирду атрофи бинову иншооти қисми низомӣ мумфарш шуда, бо гулу буттаҳои ҳамешасабз оро ёфтааст.
Дар қисми ҳарбӣ, ҳамчунин, хонаи дидорбинӣ бо пайвандон ва манзили истиқоматии алоҳида барои сарбозони оиладор мавҷуд буда, тамоми шароити зист дар онҳо муҳайёст.
Санаи нашр: 26.12.2025 №: 248