Ҷашни соли нави милодӣ тантана хоҳад дошт!
Душанбе
Ҷашни соли нави милодӣ тантана хоҳад дошт!

Дар арафаи Соли нави милодии 2026 пойтахти маҳбубамон шаҳри Душанбе бо симои нав ва ҷомаи пуршукӯҳи идона соли навро пешвоз мегирад. Имрӯзҳо шаҳр бо муҳити гарму дилнишин ва руҳияи болидаи сокинону меҳмонон ранги тоза гирифта, ба макони шодиву ҳамбастагӣ ва фараҳи умум табдил ёфтааст.
Имсол корҳои ороишию равшанидиҳии пойтахт бо истифода аз тарҳҳои замонавӣ ва усулҳои пешрафта анҷом ёфта, нисбат ба солҳои гузашта фарқияти назаррас доранд. Арчаи асосии солинавӣ, ки дар Майдони Истиқлол қомат афрохтааст, дар маркази таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони шаҳр қарор дорад. Он бо ситораҳои бузурги равшанидиҳанда, чароғҳои муосири барқӣ ва унсурҳои барфмонанди ороишӣ зинат дода шуда, симои идонаи пойтахтро боз ҳам зеботар мегардонад. Ин арчаи бошукӯҳ ба баландии 30 метр қомат афрохта, ҳамчун рамзи ҷашни солинавӣ ва нишонаи зебоипарастиву шукуфоии пойтахт ҷилвагар мебошад. Атрофи арчаи бошукӯҳ ба як шаҳраки воқеии солинавӣ табдил ёфтааст. Дар ин фазои идона дарвозаи рамзии шаҳраки солинавӣ, навиштаҷоти дурахшони 2026, аркаҳои ороишӣ, арчаҳо ва дарахтони зинатёфта, гӯшаҳои махсуси аксбардорӣ, фаввораҳои равшанидиҳандаи ороишӣ, хонаи Бобои Барфӣ, чархофалак ва дигар унсурҳои ҷашнӣ ҷойгиранд. Ҳамаи ин муҳитеро ба вуҷуд овардааст, ки ҳар қадамаш шодӣ ва ҳар лаҳзааш хотираҳои фаромӯшнопазир меофарад.
Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар майдони Муассисаи давлатии «Майдони Истиқлол», ки макони асосии баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ба шумор меравад, барномаи бошукӯҳи идона бахшида ба истиқболи Соли нави мелодии 2026 баргузор мегардад. Дар доираи ин чорабинӣ консерти идона бо иштироки ҳунармандони маъруфи кишвар ва мушакпарронии ҷашнӣ пешбинӣ шудааст, ки фазои пойтахтро бо рангу нур оро дода, шодию сурури мардумро дучанд хоҳад кард.
Душанбе Соли нави мелодии 2026-ро на танҳо бо ороиши идона, балки бо руҳияи созанда, умед ба фардои нек истиқбол мегирад. Шаҳри Душанбе бо эътимод ба ояндаи дурахшон ва итминон ба он ки соли пешорӯ марҳалаи нави рушд ва пешрафти устувори Тоҷикистони соҳибистиқлол хоҳад шуд, бо қадамҳои устувор ба соли нав ворид мегардад.
Руҳафзо МУРОДОВА,
"Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 29.12.2025 №: 249-250