НАФТ БА ИВАЗИ ОБ
НАФТ БА ИВАЗИ ОБ
Об бузургтарин неъматест, ки бе он ҳаёти инсонҳо, ҳайвонот ва наботот номумкин мегардад. Дар ҳоле ки муҳимтарин ва боарзиштарин манбаъҳои табиӣ, аз қабили нафт, газ ва ангиштсанг, ивазшавандаанд, об иваз надорад. Аз ин рӯ, имрӯз дар бисёр кишварҳо ҳифз ва сарфакорона истифода бурдани об масъалаи муҳим ба шумор меравад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028», ки 6-уми июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, чунин таъкид намуданд: «Ҳалли босамар ва мутақобилан судманди масоили марбут ба захираҳои обӣ дар маънои васеъ ва ҳатто глобалии он – таъмини сулҳ, рушд ва босуботи давлатҳо мебошад. Идораи дарёҳо ва кӯлҳои байналмилалӣ аз лиҳози сиёсӣ масъалаи муҳим ва хусусияти минтақавидошта ба ҳисоб меравад. Вале мо бояд онро на чун манбаи низоъ, балки ҳамчун муҳаррики ҳамкорӣ арзёбӣ намоем».
Тибқи иттилои нашрияи «Eurasia Today» чанде пеш миёни Ҷумҳурии Ироқ ва Туркия Созишнома дар хусуси содироти нафт ба ивази об имзо шуд. Тибқи он, ширкатҳои туркӣ дар Ироқ инфрасохтори таъмини об сохта, содироти обро ба роҳ мемонанд. Ба ивази ин, Ҷумҳурии Ироқ ба Туркия нафт содирот мекунад.
Мувофиқи маълумоти СММ, хушксолӣ боиси аз ҷойҳои муқимии худ кӯч бастани 168 ҳазор шаҳрванди Ироқ гардидааст. Аз ин рӯ, дар шароите, ки иқлим торафт гарму боришот кам мешавад, назорат ва таъмини об мисли нафту газ ба силоҳи стратегӣ табдил меёбад. Вазъият боз аз он ҷиҳат мушкил аст, ки қариб 80 дарсади об дар Ироқ, асосан, дар соҳаи кишоварзӣ истифода мешавад. Бинобар ин, норасоии об метавонад боиси камшавии истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ ва шиддати иҷтимоӣ гардад.
Аз ин рӯ, мо бояд ба қадри ҳар қатра об, ки қиматтар аз дурру гавҳар аст, бирасем ва онро исрофу ифлос насозем, зеро ин неъмати бузург барои мо на танҳо ҳамчун манбаи сиҳатию фаровонҳосилӣ ва ободӣ, балки маъхази нуру рӯшноӣ низ маҳсуб меёбад.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 29.12.2025 №: 249-250
