Иҷлосияи XVI Хишти аввал дар бинои давлатдории миллӣ
Иҷлосияи XVI
Хишти аввал дар бинои давлатдории миллӣ
Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон, дар ҳақиқат, тақдирсоз номид, зеро он ҷараёни рӯйдодҳои фоҷиабори кишварро тағйир дода, ба сӯйи сулҳу субот, ризояти миллӣ ва созандагиву бунёдкорӣ равона сохт.
Расо 33 сол муқаддам, 16-уми ноябри соли 1992, дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Ин Иҷлосияи тақдирсоз миллатро аз парокандагӣ ва давлатро аз харобӣ наҷот дода, дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат дигаргунии куллиро ба миён овард. Аз қуллае, ки мо имрӯз ба он расидаем, роҳи пурпечутоби кишвар аз вартаи даҳшатнок ба сӯйи пешрафту тараққиёт ба таври возеҳ намоён аст. Бо ба даст овардани сулҳ ва ризояти миллӣ, кишвар дар сиёсат, дипломатия, иқтисод, амният ва муттаҳидии миллӣ пешрафтҳои назаррасро ба даст овард.
Қарорҳои дар Иҷлосия қабулшуда ба бесарусомонӣ хотима гузошта, заминаи бунёди Тоҷикистони муосирро фароҳам оварданд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи тасдиқи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз шумораи қонунҳое буданд, ки дар Иҷлосия қабул карда шуданд. Инчунин, оғози ислоҳоти конститутсионӣ як қадами муҳим ба сӯйи бунёди давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд гузошт. Ин санадҳо барои таҳкими сохтори ҳикимияти давлатӣ асос гузошта, кишварро ба сӯйи пойдорӣ ва устувор кардани истиқлоли давлатӣ равона сохт.
Бояд гуфт, ки дар Иҷлосияи мазкур қатъи назар аз вазъи душвори сиёсӣ, қарорҳои тақдирсоз қабул шуданд ва бо масъулияти бузург тақдири минбаъдаи халқи тоҷик ва давлати соҳибистиқлол бар дӯши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки якдилона аз ҷониби вакилони мардумӣ дар ин Иҷлосияи таърихӣ Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд, гузошта шуд. Хушбахтона, ба шарофати заҳмату талошҳо ва сиёсати созандаю хирадмандонаи роҳбарияти олии сиёсии кишвар, сулҳу суботи комилу пойдор ва фазои орому беғубор дар Тоҷикистони азизи мо ҳукмфармо гардида, аз файзу баракати он сатҳу сифати зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва худогоҳиву ифтихори миллии мардуми меҳнатдӯсту шарафманди кишвар бамаротиб боло рафт.
Воқеан, Иҷлосияи XVI на танҳо ибтидои эҳёи миллӣ, балки оғози марҳалаи нав дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон гардид. Таъмини волоияти қонун, таҳкими идоракунии давлатӣ ва эҳёи иқтисодӣ самтҳои муҳимтарини сиёсати давлатӣ гардиданд. Тавассути ислоҳоти иқтисодӣ ва дастгирии соҳибкорӣ, кишвар, тадриҷан, ба роҳи рушди устувор ворид гашт. Дар ин давра ҳамкориҳои байналмилалӣ ва густариши робитаҳои дипломатӣ аҳамияти махсус пайдо карданд. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ фаъолона иқдом мегирад ва иштирок мекунад. Ин муносибат ба ҷалби саромоягузориҳои хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва мубодилаи таҷрибаи пешқадам мусоидат менамояд.
Ҳамаи ин дастовардҳо самараи ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳнати содиқонаи мардуми шарафманди тоҷик мебошанд.
Иҷлосияи XVI дар таърихномаи халқи тоҷик ҳамчун санаи муҳими таърихӣ бо сабти вижа дарҷ шуда, дар ёдҳо ҳамчун тағйирдиҳандаи воқеаҳо боқӣ мемонад. Арзишҳое, ки дар ин Иҷлосия поягузорӣ шуданд, барои бунёди Тоҷикистони ободу пешрафта ва таъмини зиндагии шоиста барои насли имрӯзу оянда хизмат мекунанд. Ин Иҷлосия намунаи ибратбахши ваҳдату якдилӣ ва иродаи халқи тоҷик барои расидан ба ҳадафҳои олӣ ба ҳисоб меравад.
Шаҳноз ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 31.12.2025 №: 251-252
