ИСТИҚЛОЛИЯТ ПОЯИ УСТУВОРИ МАОРИФ

31 декабр 2025, Чоршанбе
15

ИСТИҚЛОЛИЯТ

ПОЯИ УСТУВОРИ МАОРИФ

Ба шарофати истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони азизи мо барои илму донишомӯзии насли наврас ва ҷавонон тамоми шароиту имкониятҳои зарурӣ муҳайё карда шудаанд.

Эмомалӣ РАҲМОН

Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар соҳаи маориф муносибатҳои сифатан нав ба вуҷуд омаданд, ки онҳо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд. Сарфи назар аз мураккабиҳо ва мушкилоти замони гузариш, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маорифро ҳамчун соҳаи афзалиятноки кишвар зери назар ва пуштибонии худ қарор дод. Дар ин муддат барои ба танзим даровардани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ зиёда аз 400 санади меъёрии ҳуқуқӣ таҷдиди назар, таҳия ва тасдиқ гардид. Дар ин давра бори сеюм аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бо тағйироту иловаҳо аз нав таҳия мешавад. Дар баробари ин, барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот қонунҳои алоҳидаи соҳавӣ таҳия шудаанд.

Барномаҳои дастгирии олимони ҷавон ва стратегияҳои гуногун сазовори таҳсин мебошанд. Ҳукумати мамлакат барои таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ грантҳо ва субсидияҳо медиҳад ва ширкатҳои наверо, ки дар соҳаи технологияҳои баланд кор мекунанд, ҳавасманд менамояд. Бар замми ин, Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва дигар ҷоизаҳо таъсис дода шуданд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони соҳаи маориф, ки 30-юми августи соли 2025 дар Рӯзи дониш баргузор гашта буд, чунин изҳор намуданд: «Омӯзгор шаъну шарафи миллат аст ва имрӯзу фардои ҳар як кишвар ва ҷомеа аз сатҳи маърифат ва фаъолияти ӯ вобастагии калон дорад. Хиради омӯзгор ҷаҳлу хурофотро аз байн мебарад ва сарчашмаи комёбиҳо мегардад».

Ҳамин тавр, масъалаи рушди мактабу маориф, тарбияи насли наврас, ҷавонон самти афзалиятноки сиёсати маънавӣ ва созандаи Пешвои миллат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, барои рушди он ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир мегардад.

Файзиқул БОЕВ,

мудири кафедраи тибби оилавии МДТ

«Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд

ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ»

Санаи нашр: 31.12.2025 №: 251-252