ПЕШВОЕ ДАР ТАЛАБИ НАСЛИ ХИРАДСОЛОР

31 декабр 2025, Чоршанбе
12

ПЕШВОЕ ДАР ТАЛАБИ НАСЛИ ХИРАДСОЛОР

Хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми бахшу соҳаҳои ҳаёти халқу давлатро фаро мегиранд, вале ташаббусҳо дар роҳи хираду бедории миллӣ, донишманд гардондани наслҳои имрӯзу ояндаи миллат, эҳёи ҳофизаи таърихии миллат ва ба ин васила тарбияи насли худшиносу босавод, беназиру таърихианд.

Воқеан, тоҷикон аз бостон то имрӯз китобро маншаи ақлу хирад, донишу заковат, маърифату ҳикмат, ахлоқи ҳамида, беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, омӯзгори беминнат, аниси кунҷи танҳоӣ ва фурӯғи субҳи доноӣ медонистанд. Китоб таърих, ганҷинаҳои тамаддуни башарӣ ва хираду заковати инсониро бақо бахшида, ҳамчун нур роҳи мардумро равшан месозад. Бо дарназардошти ҳамин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои аниси мардум гардондани китоб, фурӯғи ҳаёти сокинон намудани илму дониш, ҳамнавою ҳамовоз гардондани ҷомеа бо санъату ҳунар иқдомҳои хуҷастае карданд.

Роҳандозии озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Илм – фурӯғи маърифат” аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мактаби бузурге дар роҳи тарғиби дониш, ҷалби доираҳои гуногун ба илму адабиёт, фарҳангу ҳунар ва маорифу санъат гардид. Ин иқдом аз хонандаи хурдсол то пиронсолону касони дорои имконияти маҳдуди ҷисмониро ба дари китобхона овард, миллатро дубора ба илму дониш ва китобхонӣ водор намуд. Инак, 7 сол аст, ки ҳамаи мову шумо самараи ин иқдоми наҷиби Роҳбари давлатро мебинем. Ҳамасола ҳазорҳо нафар аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ин озмунҳо иштирок намуда истодаанд. Дар рафти озмун истеъдодҳоеро мебинем, ки онҳо пайравони бузургони адабиёт, илмҳои дақиқу риёзиёт, ҳандасаю тиб ва дигар бахшҳо мебошанд.

«Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», пеш аз ҳама, фарҳанги китобхонӣ ва муҳаббат ба сухану арзиши онро эҳё намуд. Дар раванди омодагиҳо ба ин озмун хонандагон на танҳо ба мутолааи асарҳои классикӣ ва муосир рӯ меоранд, балки маҳорати суханварӣ, тафаккур ва ҷаҳонбинии худро рушд медиҳанд. Бо ин иқдоми Пешвои муаззами миллат китоб дар зиндагии наврасон аз нав ба ҷойгоҳи асосӣ баргашт.

Ҳадафи озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» бо 20-солаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ як буда, барои ҷалби таваҷҷуҳи хонандагон ба фанҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва ихтироъкорӣ нигаронида шудааст. Озмуни мазкур дар хонандагон ҳисси таҳқиқ, мантиқ, таҷрибаандӯзӣ ва навовариро бедор намуда, онҳоро ба интихоби касбҳои замонавӣ ва техникии муосир ҳидоят мекунад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ чунин савқбахшӣ барои рақобатпазир гардидани ҷавонони тоҷик бисёр муҳим аст. Садҳо наврасу ҷавон бо шавқ ихтироъ ва навовариҳои худро ҳамасола пешниҳод сохта истодаанд, ки умед дорем дар оянда дар пешрафти саноату иқтисодиёти Тоҷикистону ҷаҳон истифода мешаванд. Махсусан, ғолибони озмун дар соли 2025 аз ҳисоби он наврасону ҷавононе буданд, ки дар самти такмили барномавии зеҳни сунъӣ, барномасозӣ, ихтироъкориву навоварӣ, технологияи навин ва ғайра, пешниҳодҳои муассире доштанд.

Пешвои муаззами миллат бо хиради волои хеш доираи озмунҳоро ниҳоят ҷолиб муайян намудаанд, то ҳар як наврасу ҷавони боистеъдод дар самти барояш мувофиқ пеш равад. Барои ғолибон аз тарафи сарпарасти озмунҳо – Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маблағҳои калон низ муайян гардидаанд, ки бо ин роҳ наврасу ҷавони боистеъдод метавонад барои рушди малака маблағгузори ояндаи худ ҳам бошанд. Бинед, ки наврасу ҷавони имрӯз метавонад ҳам дониш аз бар намояд ва ҳам маблағ ба даст биорад. Ин ташаббусҳо ва ин гуна ҳимматро танҳо як нафар карда тавонистааст, ки ӯро ном Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Бо итминон метавон гуфт, ки чунин озмунҳо на танҳо чорабинии рақобатӣ, балки мактаби тарбияи зеҳнӣ, маънавӣ ва миллӣ мебошанд. Таъсири онҳо дар имрӯзу оянда ба ташаккули ҷомеаи донишбунёд, худшинос ва масъулиятшиноси Тоҷикистон эҳсос мегардад.

Барои ин ҳама ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён менамоем, зеро бо чунин ташаббусҳои хирадмандона кори мо – омӯзгоронро ниҳоят осон намуданд. Ба хондан дилгарм сохтани наврасону ҷавонон мушкили бисёре аз омӯзгорон буд, ки бо оммавӣ гардидани озмунҳо ин мушкил аз байн рафт.

Мирзомаҳмуд ҚУРБОНОВ,

омӯзгори МТМУ №3-и шаҳри Ваҳдат

Санаи нашр: 31.12.2025 №: 251-252